Интихоботи президентӣ дар Афғонистон ғолиби хешро ошкор карда натавонист, агарчи даври дувуми он бо ширкати ду номзад баргузор гардида бошад ҳам. Натанҳо барандаи интихобот маълум нашуд, балки низоъи дарунӣ дар ин кишвар дар асари зоҳиран тақсимбандӣ шудани ҷомеъа шиддат пайдо кард ва кор ба ҷое расид, ки котиби давлатии ИМА, Ҷон Каррӣ ба ин раванд дахолат кард, ҳатто ду маротиба.
Ҳоло вақте миёни ду тими рақиби интихоботӣ иттиҳомпароканиҳо аз нав шиддат мегиранд ва Атомуҳаммади Нур, собиқ волии Балх зимни пахши баёнияе ҳушдор медиҳад, ки мардум ҳиҷ гуна президент ва давлати тақалубиро қабул надоранд, боз ҳам дари баҳс барои расидан ба мақоми президентӣ боз мемонад.
Фикр мекунам, Ҳомид Карзай, президенти амалкунандаи Афғонистон оқибати ногувореро баъд аз бозшумории раъйи мардум эҳсос карда истодааст ва аз қабл аз ҳар ду номзад ба мақоми президентӣ дархост карда, ки ба раванди тафтиши раъй ва эълони ҳарчӣ зудтари натиҷаи ниҳоии интихобот ҷиддан мусоидат кунанд.
Аммо дидгоҳҳои ҷиддан фарқунандаи ду тими интихоботӣ, бахусус тими Абуллоҳ Абдуллоҳ имкон намедиҳад, ки даъвати Ҳ. Карзай сидқан қабул гардад. Ҳамин аст, ки рӯзи якшанбеи 24-уми май ду номзад дар мулоқот бо президенти амалкунанда дар мавриди эълони таърихи ниҳоии маросими савгандёдкунӣ ба тавофуқ нарасиданд. Доктор Абдуллоҳ масъаларо ба раванди тафтиши раъй ва пешрафти кор вобаста медонад ва чунин ишораҳое дар баёнияи Атомуҳаммади Нур ҳам садо доданд, яъне тамоми масоил ба вазъияти тафтиш кафолат дода мешавад.
Ба ҳар ҳол, президенти Афғонистон зимни мулоқот бо Ян Кубиш, намояндаи хоси СММ дар умури Афғонистон, ки як рӯз қабл аз вохурӣ бо ду даъвогар ба мақоми президентӣ доир гардид, 2 –уми сентябрро мӯҳлати ниҳоии маросими савгандёдкунӣ арзёбӣ карда гуфтааст: Ин вақти муайяншуда қобили тамдид нест ва тӯлонӣ шудани раванди интихобот ба вазъи амниятӣ ва иқтисодии кишвар таъсири манфӣ гузоштааст.
Тими «Тадовум ва Таҳаввул» бо роҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳам тулонӣ шудани раванди тафтиши раъй ва созишҳои сиёсии ду ҷониби баҳсро боиси мураккаб шудани зиндагии мардум медонад. Яъне Комиссияи мустақили интихобот замони мушаххаси эълони натиҷаи ниҳоии интихоботро таъйин карда наметавонад.
Аммо комиссияи мазкур гуфта, ки поён додани раванди тафтиш ва ботил кардани равъйи тақаллубиро ба шиддат бахшидааст, яъне анҷоми кор гӯё даҳ рӯзи дигарро тақоз дорад. Бубинед, маросими савгандёдкунӣ тибқи қонун бояд рӯзи 2 август доир мегардид, вале бъди вонуши тими доктор Абдуллоҳ ва ба тавофуқӣ усулӣ расидани ду ҷониб ҷиҳати бозшумории раъйҳо, маросими савганёдкунӣ барои як моҳ таъхир пайдо кард, вале маълум нест, ки то 2-уми сентябр ин кор анҷом мегирад ё хайр?
Ҳоло ду вазири собиқ дар давлати Ҳомиди Карзай интизории онро доранд, ки кадоме аз онҳоро натиҷагии ниҳоӣ ба курсии даъват менамояд?!
Ба ҳар ҳол, вақте даври ниҳоии интихобот бо дарёфти 56,44% раъй барои Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва 43,56% барои Абдуллоҳ Абдуллоҳ эълон гашт ва ин рақамҳо аз ҷониби тими доктор Абдуллоҳ «тақаллубӣ» унвон шуданд, эълон шудани рақами нав ба ҳар тарзе ҳам бошад, ҷонибдорони нафари дувумро ҳиҷ гоҳ ба қаноъат намебарад.
Вале боз ҳам ниҳояти кор бо иродаи доираҳое бастагӣ дорад, ки Афғонистонро бо чӣ тарзе дидан мехоҳанд.