Categories БА СУИ НУР

Панду андарз

Нӯҳ нуҳсад сол даъват менамуд,
Дам ба дам инкори қавмаш мефузуд.
Лек, даъват воридаст аз Кирдугор,
Бо қабулу ноқабул, ӯро чӣ кор.
(Мавлонои Румӣ)

Аз каломи ҳақ

Дар ҳақиқат, онҳое, ки кофир шудаанд, молҳо ва фарзандонашон чизе аз азоби Худоро аз онҳо дур намесозанд ва онҳо, воқеан ҳам, сӯзишвории оташ ҳастанд (сураи «Оли Имрон», ояти 10).
Ҳоли онҳо монанди ҳоли одамони Фиръавн аст ва онҳое, ки пеш аз Фиръавниён буданд, ки такзиб намуданд оёти Моро, пас азоб кард онҳоро Худо ба сабаби гуноҳашон, (ки куфру такзиб буда) ва Худо сахтуқубат аст (сураи «Оли Имрон», ояти 11).
Барои мардум муҳаббат ва дилбастагии шаҳватҳо(ва хостаҳои нафс), ки аз занон,фарзандон, зару сими ба қинторҳо (ва бо фаровонӣ) андӯхташуда, аспони парваришшуда,чаҳорпоён ва зироат иборат мебошанд, ороста ва дилангез нишон дода шудаанд. Инҳо баҳраи зиндагонии ин дунё ҳастанд ва саранҷоми нек дар назди Худо мебошад (сураи «Оли Имрон», ояти 14).
15. Бигӯ: Оё шуморо ба беҳтар аз ин (хостаҳои дилангез, ки ҳама баҳраи гузарои зиндагонии ин дунё мебошанд) хабар намоям? Барои онҳое, ки тарс (ва тақвои Худоро) доштаанд,боғҳое дар назди Парвардигорашон дар интизор аст, ки аз зери дарахтони он наҳрҳои об равон мебошанд (ва онҳо) ҷовидона дар онанд ва (низ) ҳамсарони покиза ва (болотар аз ин ҳама) хушнудие аз ҷониби Худо насиби онҳо бошад. Ва Худо ба (аҳволи) бандагонаш биност (сураи «Оли Имрон», ояти 15).

Аз аҳодиси шариф

Аз Аби Маъбад Миқдод ибни Асвад (р) ривоят шудааст, ки гуфт: ба Паёмбар (с) гуфтам: агар бо марде аз кофирон бархурд кунам ва дар байни мо ҷанг воқеъ шавад ва ӯ як дасти маро бо шамшер қатъ кунад ва сипас аз тарси ман ба дарахте паноҳ бибарад ва бигӯяд: ба Худо таслим шудам ва Ислом овардам, оё баъд аз ин ки инро гуфт, ӯро бикушам? Фармуданд: на, ӯро накуш. Гуфтам: эй Расули Худо! Як дасти маро қатъ кард ва баъд аз қатъ ин калимаро гуфтааст! Фармуданд: ӯро накуш, ки агар ӯро бикушӣ, ӯ ба манзалаи ту дар қабл аз вақтест, ки ӯро бикушӣ (мусалмон аст) ва ту ба манзалаи ӯ ҳастӣ дар пеш аз замоне, ки он ҳарфашро бизанад (ҳадиси Муттафақун-алайҳ).
Аз Абӯабдуллоҳ ан-Нуъмон ибни Башир(р) ривоят аст, ки гуфт: аз Пайғамбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки мегуфт: «Ба дурустӣ ҳалол ошкору равшан аст ва ба дурустӣ ҳаром ошкору равшан аст ва дар миёни ҳалолу ҳаром чизҳои шубҳаноке вуҷуд доранд, ки онҳоро бисёре аз мардум намедонанд. Пас ҳар кӣ аз чизҳои шубҳанок парҳез кунад, барои дину шарафи худ аз гуноҳ пок шавад. Ва ҳар кӣ дар шубҳаҳо афтад, монанди чӯпонест, ки шутурони худро дар гирди ҳарими дигарон мечаронад ва дур нест, ки дар он ҳарим дохил шуда бошад. Огоҳ бошед, ки ҳар подшоҳеро ҳаримест; огоҳ бошед, ки ҳарими Худо дар замин чизҳои ҳаромкардаи Ӯст; огоҳ бошед, ки дар бадан пораи гӯште ҳаст, ки агар он дуруст шавад, тамоми бадан дуруст мешавад; ва агар он вайрон шавад, тамоми бадан вайрон мешавад; огоҳ бошед, ки он гӯштпора дил аст» (ҳадисро Имом Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд).
Аз Абӯҳурайра Абдураҳмон ибни Сахр(р) ривоят аст, ки гуфт: аз Пайғамбари Худо(с) шунидам, ки мегуфт: «Он чӣ шуморо аз он наҳй кардаам, пас аз он дурӣ биҷӯед ва он чӣ шуморо бар он амр кардаам, пас аз он ҳар қадар, ки тавонистед, иҷро бикунед. Ба дурустӣ, он умматонеро, ки пеш аз шумо буданд, саволҳои бисёрашон ва ихтилофашон бар пайғамбарон ҳалок кардааст». (ҳадисро Имом Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд).

Қавли ёрони расулуллоҳ (с)
Гуноҳро агар ҷавон ҳам кунад, бадаст, аммо бадтар он ки пир кунад.
Ҳар касе адл кунад, хуб аст, аммо амир ва подшоҳ кунад, беҳтар аст (ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р)).
Агар байни даҳ хислати инсон нуҳи он дуруст ва яки он нодуруст бошад, он як хислати нодуруст тамоми хислатҳои некро ғарқ мекунад (ҳазрати Умари Форуқ (р)).
Зарбаи шамшер баданро захмӣ мекунад ва зарбаи сухани бад рӯҳро маҷрӯҳ месозад (ҳазрати Усмон (р)).
Худро ба кор ва кӯшиш ошно кунед, ҳаргиз ба сустӣ тан надиҳед, то ин ки ба зӯри кору кӯшиш рӯҳатон бонишот ва сабук мешавад (ҳазрати Алӣ (р)).

Қавли бузургон

Сарсахттарин душмани Ислом мусалмони нодон аст. Аз ҷиҳати нодонияш зиёдаравӣ карда бо амалҳои ноҷояш Исломи саҳеҳро зишту бадрӯ нишон дода аз байн мебарад ва гумон мекунад, ки ин аст Исломи воқеъӣ дар дунё (Доктор Аҳмад Дидот (р)).
Лозим аст, ки мо табиати асри худ ва табиат ва сиришти мардумонеро, ки дар ин аср зиндагӣ мекунанд, бишиносем ва шак ва васвасаро аз синаҳояшон, ба василаи баёни ҳикмати Худованд дар ташриъот (корҳои шаръӣ) бизудоем (берун кунем), ки бо ин шева, мардум бо ризоят ва осудахотирӣ аҳкоми шаръиро мепазиранд, ки дар натиҷа тардидҳои шаккокон аз байн меравад ва имони муъминон афзун мегардад (Доктор Юсуф Қарзовӣ)
Бо аҳли ҳавову ҳавас ва худпарастон, ҷуз барои даъвати онҳо ба сӯи дин ва бо роҳи рост, (рафтуомад ва ҳамнишинӣ) накун! (аз «Панднома»-и Имоми Аъзам (р)).
Ислом дини муъомала, сулҳ ва инсондӯстӣ аст, хушунат таҷовуз ва зулмро дӯст намедорад. Ва душмани Худо ва Расулаш касонеанд, ки бар алайҳи дин ва пайравонаш ҷанг эълон мекунанд ва таъаҳҳуд менамоянд, ки мусаломононро аз ватанашон берун кунанд (устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ).
Кӣ метавонад сарашро дар санг бизанад ва ё оби баҳрро фурӯ барад? Ҳар кӣ Исломро нодида мегирад ва ё мекӯшад муқаддасоти онро аз байн бибарад ва мардумро аз дини Худои худ боздорад, монанд ба касест, ки мехоҳад сарашро дар санг бизанад ва сангро бишканад ва ё оби баҳрро ба пуррагӣ фурӯ бурда, онро хушк кунад. Кӣ ин корро карда метавонад? (Устод М.Ҳимматзода).
Ай бародар, чун ба ҳоли касоне, ки хона ва кошона надошта, дар паноҳгоҳҳо, канораи роҳҳо ва хаймаҳо умри худро сипарӣ менамоянд, таваҷҷуҳ ва тааммул намоӣ ва аз рӯи инсоф ҳоли худро ба ҳоли онон муқоиса намуда, дар тарозуи адл баркашӣ, онгоҳ ба қадри маскан ва хонаи худ мерасӣ ва қимати ин неъмати гаронқадрро мешиносӣ (Муҳаммадсолеҳ Ал- Мунҷид аз китоби «Чиҳил насиҳат).
Синфхонае, ки муаллим бо як чизи ҷузъӣ нороҳат шавад ва худхӯрӣ кунад ва ҳам рангаш тағйир намояд, шогирди мардуд (маҳрум аз тарбия) дар охири сол фаровон хоҳад дошт ва ё агар падар тасаллут бар аъсоб надошта бошад, дар ҳамон моҳҳои аввал дар хона ихтилоф пайдо мешавад ва ҳамчунин агар модар тасаллут бар аъсоб надошта бошад, қатъан нахоҳад тавонист бачаи солеҳ тақдими ҷомеъа кард.
Агар ба тиҷорат ё саноъат пардохтед ё даст ба кору вазифаатон шудед ва ба камоли амонату ростӣ, ба манзури ҷалби ризои Худо анҷоми вазифа кардед, сипас саъй кардед ризқи ҳалол ба даст оваред ва аз ҳосил кардани моли ҳаром парҳез кардед, ин касбу кӯшиши шумо дар ин роҳ ибодати Худои мутаъол шинохта хоҳад шуд. Бо ин ки ин корҳоро ба манзури ҳосил кардани ризқу рӯзии худатон анҷом додаед (Абулаъло Мавдудӣ).
(Илоҳо) Ба он касе, ки ақл додӣ, чӣ надодӣ? Ва ба он ки ақл надодӣ, чӣ додӣ? (Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ).

Фароҳамсоз Муҳиддин Асозода

More From Author

You May Also Like