colorstart:#000000Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имзои оташбаси дарозмуддат байни Ҳамос ва Исроилро ҷонибдорӣ намуда, онро пирузии мардуми муборизи Фаластин дар ин набарди нобаробар алайҳи артиши ишғолгар медонад.
Ин пирӯзӣ натиҷаи мубориза ва муқовимат ва устувории фаластиниҳо барои расидан ба истиқлолият ва ташкили давлати миллиашон дар сарзамини аҷдодии хеш мебошад.
Кобили зикр аст, ки дар муборизаи муқаддас тамоми миллатҳо, созмонҳо ва ҳукуматҳои озодихоҳу адолатпешаи ҷаҳон мардуми Фаластинро пуштибонӣ намуда, ҷиноятҳои Исроилро маҳкум намуданд.
Боиси фахр аст, ки мардуми Тоҷикистони азизи мо ҳам дар ин набарди ҳақ бар ботил, адолат бо зулм ва озодӣ алайҳи истеъмор бетараф набуд ва бо дуъову мавқеъгириҳои худ дар паҳлуи бародарони фаластинии худ буданд.
Бинобар ин, Шурои сиёсии ҲНИТ миннатдории худро ба Ҳукумати ҶТ, созмонҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ва рузноманигорон, уламо ва хатибони муҳтарам, ба хусус, ба мардуми муъмину инсондӯсти кишварамон барои чунин мавқеъгирии шарафмандона изҳор менамояд.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ/colorend