Ҳафтае қабл намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ бо мақсади ҳамкорӣ дар самти ба кор таъмин кардани муҳоҷирон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиъатҳои онҳо бо Арсен Худодов, роҳбари диаспораи тоҷикон дар Осетияи Шимолӣ, ки ба Бадахшон омада буд, мулоқот кард.
Тавре Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи ин ниҳод иттилоъ дод, дар рафти вохӯрӣ байни намояндаи хадамоти мазкур ва диаспораи тоҷикон бо номи «Помир» шартномаи ҳамкорӣ оид ба сафарбаркунӣ ва бо кор таъмин кардани муҳоҷирон ба имзо расонида шуд.
Мутобиқи ин созишнома, аллакай 22 нафар ҷавонони бешуғл дар шаҳри Хоруғ, ки соҳиби касбҳои ронандагӣ, бинокор, хиштрез мебошанд, таҳти роҳбарии намояндаи ин ташкилот Давлатхон Одилбеков ба Осетияи Шимолӣ сафарбар карда шуданд.
Айни ҳол муҳоҷирон бо ҷойи хоб таъмин буда, ба кор шурӯъ намуданд.
Арсен Худододов тариқи телефон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҳамчунин гуфтааст, ки минбаъд ҳам ҳамкориро бо намояндагии ҳадамоти муҳоҷират дар ВМКБ идома медиҳад.
Categories
Ахбори рӯз