Categories ҶОМЕА

Руҳонӣ фаъолияти комили Сангтуда-2-ро оғоз бахшид

Раисиҷумҳури Ирон, ҷаноби оқои Ҳасани Руҳонӣ дар баробари ташриф оварданаш ба Тоҷикистон ва баъд аз дидору мулоқот Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои оғози кори чархаи дувум «Сангтӯда 2» дуъо кард, вале ин амр аз толори Қасри Миллат дар пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт.
Тавре сомонаи расмии Президент хабар медиҳад, «Сангтуда-2» самараи ҳамкории энергетикии ду кишвари дӯсту бародар мебошад, ки пурра ин неругоҳ фаъол гардид.
Расман ба таври пурра ба кор даромадани «Сангтӯда- 2» тавлиди солонаи неруи барқро ба ҳисоби миёна то 500 миллион киловатт-соъат афзоиш бахшида, ҳаҷми камбуди барқ дар мавсими сармо то ба 15% кам менамояд.
Сангтӯда-2 бо сармоягузории ҶИИ бунёд гардид, ки баъди 12,5 соли истифодабарии он аз сӯи ин кишвар комилан дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад.

More From Author

You May Also Like