Categories ТАҲЛИЛ

Даст доштани КДАМ дар хориҷ сохтани аъзои ҲНИТ

Даст доштани КДАМ дар хориҷ сохтани аъзои ҲНИТ

Дар тули як ҳафта тавассути фишори мақомоти амниятӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ 4 нафар ҳизбро тарк кардаанд, вале зимни суҳбат мақомоти болоии КДАМ аз мавҷудияти ин гуна иқдомҳо беиттилоӣ зоҳир менамоянд.
Тавре Шодӣ Зиёев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи мазкур мегӯяд, мақомоти амниятӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ аъзои ҳизбро бо вуҷуди масъулияти давлатӣ набудан ва дар кадом ниҳоде фаъолият надоштан маҷбур месозанд, ки ҳар аъзои нафареро дар роҳ медоранд ва ё ба ҷои корӣ даъват карда, маҷбур месозанд, ки аз ҳизб берун бираванд.
Ба гуфтаи ин масъули маҳалии ҲНИТ, ҳатто аз номи аъзои ҳизб нафари дигаре ариза навишта, ба онҳо медиҳад, ки онро ба раёсати бахши ҳизб оварда, худро аз ҳизб берун бисозанд.
Аз сӯҳбат бо Шодӣ Зитёев бар меояд, ки мақомоти амниятӣ зимни рӯбарӯ шудан бо ӯ дар мавриди кадом мушкиле ҳарф намезананд, вале дар берун бурдани аъзо аз сафи ҳизб саҳм мегиранд, ки далилаш норушан мемонад.
Фақат ҳаминро метавон хулоса кард, ки мақомот заминаҳои муборизаи интихоботиро аз ҷониби ҲНИТ бо канор бурдани аъзои он коҳиш доданианд, вале онҳо ҳеҷ фаҳмидан намехоҳанд, ки бо берун кардани 2 нафар, 4 нафар довталабона ба ҳизб мепайванданд.

More From Author

You May Also Like