– Гоҳо нусрату пирӯзии мазлумоне, ки аз ватан барои гуноҳе ҷуз ин ки мегӯянд: «Парвардигори мо Аллоҳ аст”, хориҷ шуданд, ба таъхир афтад, дар он ҳикматҳое нуҳуфта, ки Худованд онро мехоҳад. Шояд гоҳе нусрату пирӯзӣ ба таъхир афтад, зеро пойгоҳу ҷойгоҳи уммати мусалмон то ҳанӯз хому нопухта ва ба рушду қуввати худ нарасидааст, шояд агар дар ин ҳолат Наср ба суроғашон ояд, натавонанд аз он муҳофизат кунанд.
– Гоҳо нусрату пирӯзӣ ба таъхир меафтад, то уммати мусалмон тамоми қувваташро сарф кунад ва охирин чизе, ки дар даст дорад, фидо кунад ва ҳар чизи қимату гаронбаҳое, ки дорад дар роҳи Аллоҳ қурбон созад.
– Гоҳи дигар нусрату пирӯзӣ ба таъхир меафтад, то уммати мусалмон тамоми нерӯяшро сарф кунаду ба яқин бирасад, ки қуввату нерӯи танҳо, бидуни ёриву мадади Аллоҳ кафили нусрату пирӯзӣ намегардад, балки нусрату пирӯзӣ аз ҷониби Аллоҳ аст, ҳар гоҳ инсон тамоми нерӯяшро сарф кунад ва оқибати корро ба Аллоҳ ҳавола кунад, нусрату пирӯзи аз ӯст.
– Гоҳо нусрату пирӯзӣ ба таъхир меафтад, то уммат робитаи худ бо Аллоҳро мустаҳкамтар кунад. Тамоми машақатҳоро таҳаммул намуд ва озору азият мебинад ва тамоми дороияшро харҷ сохта, ҷуз Аллоҳ касеро санаду мададгор намебинад.
– Гоҳо нусрату пирӯзӣ ба таъхир меафтад, зеро уммат то ҳол аъмоли худро холис барои Аллоҳ анҷом надодааст. Шояд барои ғанимате ҷаҳду кӯшиш мекунад ва ё барои худнамоиву далерӣ бо душмандон меҷангад. Худованд мехоҳад, то тамоми кушишу пайкори шахс ба хотири Ӯ ва аз тамоми ниятҳои ғайри Аллоҳ поку мубарро бошад.
Ва гоҳо нусрату пирӯзӣ ба таъхир меафтад, зеро бо шаре, ки уммати ислом бо он мубориза мебарад, то ҳол дар он хайре нест. Худованд мехоҳад то шарро аз хайр ҷудо созад ва онро несту нобуд гардонавд, вале зарраи хайре бо он аз байн наравад.
– Гоҳо нусрату пирӯзӣ ба таъхир меафтад, зеро ботиле, ки уммати мусалмон бо он мубориза мебарад, то ҳол бадию залолати он ба мардум ошкор нашудааст. Агар дар ин ҳолат мусалмонон бар он пирӯз гарданд, ансору пайравони фиребхурдае пайдо мекунад, ки аз он дифо мекунанд ва дар бари он қарор мегиранд. Худованд мехоҳад, ботил боқӣ монад, то ҳақиқати он бар мардум ошкор шавад.
– Гоҳо нусрату пирӯзӣ ба таъхир меафтад, зеро муҳит созгор нест, то ҳаққу ҳақиқат ва адлу инсофро қабул кунад. Агар дар ин ҷо уммати мусалмон пирӯз гарданд, бо нафароне мувоҷеҳ мешаванд, ки бо он мухолифат мекунад ва пойдории он дар ин муҷтамаъ номумкин хоҳад буд.
Муқобилаву таниш байни ҳаққу ботил идома дорад, то нафсҳои мардум барои қабули ҳақ омода гардад.
Ба хотири ин ва дигар асбобе, ки Худованд ба он доност, нусрату пирӯзӣ ба таъхир меафтаду қурбонӣ дучанд мегардад, дарду алам зиёд мешаванд, то замоне, ки Худованд аз ин уммат дифоъ намуда, нусрату пирӯзиро насибашон гардонад.
Истифода аз торнамои «Суннинюз»
Categories
ФАРЗОНАГОН