Ахиран раҳбари ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон мулоқоте дошт дар шаҳри Кӯлоб ва Фархор бо интихобкунандагон.
Дар шаҳри Кӯлоб дар ҷараёни мулоқот аксаран аз иштироки ҷавонон дар ҷангҳои Сурия ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон изҳори нигаронӣ карда, аз М. Кабирӣ пурсидаанд, ки оё ҲНИТ барои ҷилавгирӣ аз ин раванд кумак карда метавонад?
Раҳбари ҲНИТ зимни шарҳи ин масъалаи доғи рӯз дар сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфтааст: Мо дар навбати худ омодагиямонро барои пешгирӣ аз сафари ҷавонон ба саҳнаҳои ҷанг изҳор доштем. Инчунин гуфтем, ҳоло дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва аврупоӣ аз Тоҷикистон афроди камтар дар ин минтақаҳо меҷанганд ва илоҷи пешгирӣ вуҷуд дорад, имконпазир ҳам ҳаст.
Мулоқоти М. Кабирӣ дар ҳоле баргузор мегардад, ки чор моҳ қабл гуруҳи созмонёфтае дар шаҳри Кӯлоб бо тухму помидор ба ӯ ҳамлавар шуданд. Сафари феълӣ дар чаҳорчубаи мулоқоти вакилон ба интихобкунандагон сурат гирифта бошад ҳам, мардум дар суҳбатҳо аз ҳодисаи чор моҳи қабл ёддовар шудаанд. Онҳо изҳори нороҳатӣ карда, раҳбари ҲНИТ-ро бо самимият ва эҳтиром пазируфтаанд. Ва тавре М.Кабирӣ гуфтааст: Ниҳоятан маълум шуд, ки мардуми Кӯлоб бо мо мушкиле надоранд, ҳама тарафдори ҳамкорӣ бо нерӯҳои сиёсианд.
Ба ҳар ҳол, тавре дар боло ишора рафт, аксари онҳое, ки дар мулоқот бо вакили Масҷлиси намояндагон иштирок доштанд, аз ҳодисаҳои Ироқу Сурия ва Украинаву Афғонистон изҳори ташвиш кардаанд. Вале ба ихтилофангезиву туҳматпароканиҳои дохилӣ кадом таваҷҷуҳе зоҳир накарданд, хоҳиши онҳо танҳо барқарории сулҳу оромӣ будааст.
Тавре М. Кабирӣ дар сӯҳбат бо «Озодӣ» иқрор кардааст: Мардуми Кӯлоб дар бораи фаъолияти шахсии ӯ низ суол кардаанд.
Раҳбари ҲНИТ ва вакили парлумон ҳамчунин бо сокинони ноҳияи Фархор ҳам дидору мулоқот доштааст. Ин охирин марҳалаи мулоқотҳои вакилони парлумон буд, ки онҳо қабл аз интихоботи парлумонии қарибулвуқуъ бо мардум анҷом доданд.
Categories
ТАҲЛИЛ