Categories ҶОМЕА

Оё пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди наҷоти пиряхҳо имконпазир аст?

Умед Бобохонов, раиси медиаи иттилоотии «Азия Плюс»:
Фикр мекунам, ташаббус хуб ва ба маврид аст, бахусус аз ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеъа дар сатҳи ҷаҳон нисбат ба Тоҷикистон.
Аслан ин ташаббус аз вазири нави умури хориҷа, ҷаноби Аслов аст ва ишон мутахассиси ин соҳа мебошад.
Ба ҳар ҳол, ин пешниҳод кори хуб аст, агарчи маблағи калон барои анҷоми ин барнома шояд пайдо нашавад, чунки мушкилот дар ҷаҳони имрӯз хеле зиёданд.

Султони Ҳамад, хабарнигор ва таҳлилгари мустаъқил
Пешниҳоди Қоҳир Расулзода дар масъалаи таъсиси як бунёди байналмилалӣ ба хотири наҷоти пиряхҳои Осиёи Марказӣ, албатта, хеле муҳим ва муфид аст. Агар ин кор ҳарчи тезтар сурат бигирад, на танҳо ба манфиъати Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон ҳам, ки ба мушкили тағйири иқлим рӯ ба рӯст, ба манфиъат мебошад.
Пажуҳишгарону муҳитшиносон аз шиддат гирифтани мушкили об дар ҷаҳон барои дар чанд соли оянда ҳарф мезананд. Пас пиряхҳо манбаъи асосӣ ва муҳимтарини обҳои истеъмолӣ мебошанд. Агар суръати обшавии онҳо ба ҳамин тарзе, ки ҳоло ҳаст, идома ёбад, бешубҳа мушкили об дар даҳсолаҳои наздик ҷаҳонро, аз ҷумла минтақаи моро ба як фоҷиъа рӯ ба ӯ месозад.
Аз ин рӯ, агар бунёди мавриди назар таъсис ёбаду ба он аз ҷиҳати моли ҷомеъаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намод, шояд дар ростои ҳалли ин мушкилот каме ҳам бошад, тағйироти мусбате ба вуҷуд ояд.
Вале боз ҳам баъид аст, ки мушкили обшавии сареъи пиряхҳо ба пуррагӣ ҳалли худро ёбад. Табиъат посухи аъмоли инсонҳоро дода истодааст.

Неъматуллоҳ Бадахшӣ, коршинос:
Мутаасифона, гарм шудани ҳаво дар солҳои охир мушкилоти зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба бор овардааст, ки то ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам расид. Ҳадди ақал аз охирин мароҳили асри пор шоҳиди он будаем, ки яке аз сарватҳои табиъии кишвари мо, пиряхҳо дар маърази обшавии босураъат қарор гирифтанд. Ин масъала ба муҳити наботот ва ҳайвоноти куҳӣниз таъсири манфӣ расонда, ба несташавии онҳо овардааст.
Ба андешаи ман, дар ҳоли ҳозир ниҳодҳои марбута дар нисбати ин мушкилии қарн ҳанӯз ягон барномаи мушаххас надоранд ва агар барномаҳое ҳам тартиб додаанд, зидду нақизанд. Масалан, ҳукумат барои истифода аз тамоми захираҳои тавлиди энержӣ, мисли ангиштсанг, нефт, газ барномаҳои мушаххас дорад, дар ҳоле ки аз ҳад зиёди истихроҷи ин маъдан таъсири амиқи манфӣ ба шароити муҳити зист мерасонад.
Фирк мекунам, ниҳодҳои давлатӣ бо як барномаи хос барои пешгирии обшавии суръатноки пиряхҳо дар ҳамооҳангӣ бо созмонҳои байналмиллалӣ, ки дар ин авохир ин масъаларо ҷидди пайгирӣ мекунанд, муроҷиъат намоянд. Ҳамчунин руйи барномаи ҷалб кардани сармояи ватанӣ ва хориҷӣ барои бештар кардани тавлиди неруйи алтернативӣ бояд кор кард, то ин сарвати бисёр муҳими кишвар аз мушкили пешомада, яъне гармшавии ҳавои сайёра осеби камтар бинад.

Воҳидхон Қосиддинов, раиси шуъбаи интихоботи ҲНИТ
Дар умум пешниҳоди Қоҳир Расулзода дар бораи ташкили як фонди байналмиллалӣ оид ба наҷоти прияхҳо қобили дастгирист.
Аммо ба назари банда, ин пешниҳод ҷонибдории кулро аз ҷониби дигар кишварҳо пайдо карда наметавонад. Чун пушида нест, ки барои сохтмони «Роғун» Тоҷикистон бо Узбекистон то ба имрӯз мушкил доранд ва роҳи ҳалли масъала пайдо нашудааст.
Аз ин рӯ, комилан ба ин боварам, ки Узбакистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳои мавқегирифта алайҳи чунин пешниҳод хоҳад буд. Дигар ҳамаи кишварҳое ҳам, ки бо кишвари Узбекистон муносибати ҳасана доранд, пешниҳоди Тоҷикистон ҳамовозӣ пайдо намекунад.
Аммо Худо кунад, ки пешгуии банда, хато бошаду пешниҳоди кишвари мо аз ҷониби тамоми кишварҳо мавриди қабул қарор бигирад. Чун дар воқеъ, обшавии бо суръати пиряхҳои Тоҷикистон нигаронкунанда аст.

More From Author

You May Also Like