“Паёмбаронашон ба онҳо гуфтанд: “(дуруст аст, ки) Мо башаре ҳамонанди шумоем, вале Худо ба ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад, миннат мениҳад (ва мақоми рисолат медиҳад) ва мо наметавонем ҷуз ба фармони Худо муъҷизае барои шумо биёрем ва мӯъминон бояд фақат бар Худо таваккул кунанд”. (Сураи Иброҳим, ояти 11).
Чунончи дар ояти қаблӣ хондем, мункирони рисолат аз паёмбарон чанд эрод гирифтанд ва ба муъҷизаҳои эшон эътибор надода, бо мақсади мағлуб кардани онон муъҷизаи дигар талаб намуданд. Дар ин оят посухи паёмбарон ба эродҳои онҳо баён ёфтааст. Аз ҷумла дар ҷавоб ба эроди аввали мункирон, башар будани худро инкор накарданд, балки иқрор намуда, дар заминаи ин иқрор таваҷҷуҳи онҳоро ба ин ҳақиқати собит, ки башар будан монеъи расидан ба мақоми нубувват нест, ҷалб карданд: “Паёмбаронашон ба онҳо гуфтанд: “ (дуруст аст, ки) мо башаре ҳамонанди шумоем, вале Худованд ба ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад, миннат мениҳад (ва мақоми рисолат мебахшад)”.
Ҳамонандии зоҳирӣ дар ҷинси башар маънои ҳамгунӣ дар тамоми камолоти зоҳирию ботинӣ ва маънавии инсониро надорад. Худованд ба баъзе аз афроди башар таваҷҷуҳи хоссе зоҳир карда, аз фазли Хеш ба эшон мақоми нубувват ва ваҳй медиҳад. Мақоми нубувват бахшидан олитарин эҳсони Худованд ва миннати бузург на танҳо бар шахси паёмбар, балки бар тамоми башарият аст, ки паёмбар имони фитрии зангорбастаи онҳоро сайқал дода, аз торикиҳои куфру залолат ба сӯи равшании имону тавҳид, аз бандагии бандаҳо ба сӯи бандагии Худои ягонаи бешарик берун меорад ва каромати аз даст додаи онҳоро бармегардонад.
Қуръон дар ин оят посухи паёмбаронро ба эроди дигари мункирони баҳонаҷӯ, ки гуфтанд: “мехоҳед моро аз он чи ниёгонамон мепарастиданд, боздоред”, зикр накард, зеро дар чандин оёти дигар ба ин мавзӯъ посухи сареҳи паёмбарон баён ёфтааст. Аз ҷумла дар ояти 54 сураи Анбиё аз забони ҳазрати Иброҳим (а) чунин омадааст: “Гуфт: Дар ҳақиқат шумо ва ниёгонатон дар гумроҳии ошкоре будед”.
Дар заминаи тасдиқ ва эътироф ба башар будани худ ва баёни ҳақиқати мавзӯъ барои ҷавоб ба дархости онҳо роҳ кушода, акси он матлаберо, ки мункирон мехостанд ба даст оранд, пешкаши онҳо намуданд ва изҳор доштанд, ки дархости онҳоро ҷуз ба фармони Худованд наметавонанд анҷом диҳанд: “ва мо наметавонем ҷуз ба фармони Худо муъҷизае барои шумо биёрем”.
Паёмбарон бо ин посухи хеш ба андешаи торики мункирон, ки миёни сифати илоҳӣ ва сифати башарӣ тафовут намегузоштанд, равшанӣ андохтанд. Эшон дар ҷавоби хеш муъҷиза оварданро амри барояшон маҳол қаламдод накарданд, балки исбот намуданд, ки овардани муъҷиза дар ихтиёри эшон нест, ки бо ҳар дархосте мувофиқи табъи дили дархосткунанда ва дар вақти хостаи ҳар кас аз пеши худашон мустақилона муъҷизае биёранд, балки вобастагӣ ба изни Худованд дорад. Зеро тамоми тавону неру аз Худованд аст, ҳеҷ мавҷуде бидуни фармон ва инояти Ӯ наметавонад соҳиби тавону неруе гардад.
Оят бо мавқеи собиту устувори худро эълон кардани паёмбарон поён меёбад: “ва мӯъминон бояд фақат бар Худо таваккул кунанд”.
Табиист, ки қалби мӯъминони воқеӣ дар баробари иноду душманӣ ва таҳдидҳои мункирони сарсахт ба сӯи ғайр Худо моил намешавад ва ба ғайри Худо такя намекунад, балки таваккул танҳо ба Худо доранд ва фақат аз Ӯ ёрӣ мехоҳанд.
Ояти баъдӣ дар мавриди таваккули хеш далели равшан оварда, сари ин мафҳум таъкиди бештар намудани паёмбаронро чунин тасвир намудааст: “Ва чаро мо бар Худо таваккул накунем ва ҳол он ки моро ба роҳи рост ҳидоят фармудааст? Ва ба озорҳое, ки ба мо расондед, албатта сабр хоҳем кард ва аҳли таваккул бояд танҳо бар Худо таваккул кунанд”.
Инсон вақте дасти ӯро гирифта, ба роҳи рост ҳидоят кардани Худовандро эҳсос намояд, вуҷуду ваҳдоният ва улуҳияту рубубияти Ӯ таъолоро дарк хоҳад кард. Дар тай намудани роҳи бандагӣ гомҳои устувор ниҳодани инсон аз ин гуна фаҳму идрок сарчашма мегирад. Соҳиби ин фаҳму идрокро ҳангоми паймудани роҳи ҳақ на монеае аз роҳ бозмедорад ва на ягон тоғуте бо таҳдид ва расондани ранҷу аламҳои маънавию ҷисмонӣ сусту заиф месозад. Ӯ на танҳо зери бори таҳдид намеравад ва дар баробари ранҷу озор хору заъиф намегардад, балки бо қалби саршор аз эътимод ба қудрати беинтиҳои Худованди шикастнопазир таваккул мекунад.
Худованд дар ин оёт саргузашти паёмбаронро, ки дарси омӯзандаи садоқату матонат дар роҳи пайравӣ аз ҳидояти илоҳист, ба унвони намуна зикр кардааст, то инсонҳои боимоне, ки дар ҳар асру замон бо мақсади идома додани роҳи паёмбарон ба ислоҳи зиндагии нобасомони ҷомеаи башарӣ мепардозанд ва мехоҳанд зиндагии ҷомеаро болои арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳое, ки ба Худо, ҳақиқат ва ахлоқ алоқа доранд, бисозанд, аз он дарс бигиранд. Зеро ин шоҳмардони хайрхоҳи ҷомеаи инсонӣ низ дар анҷоми рисолати ба дӯшгирифтаашон бо монеаҳои шадид ва тоғутҳои замони хеш мувоҷеҳ хоҳанд гашт. Дар ин масир намунаи зикршуда барои онҳо дарси омӯзанда хоҳад шуд.
Зубайдуллоҳи Розиқ
Categories
ДИН ВА ФАРҲАНГ