Раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, яке аз шунавандагони даври чаҳоруми омӯзишӣ, ҳамроҳ бо бародарон аз минтақаи Кӯлоб дар дафтари марказии ҳизб ҳузур доштанд. Аз фурсат истифода бурда, хабарнигори мо бо чанд суоле ба ӯ муроҷиат мекунад, аз ҷумла: баъд аз ин ҳама фишорҳо болои масъулин аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар минтақаи Кӯлоб бархе ба ин фикранд, ки фаъолияти ҳизб дар минтақа коста шудааст. Оё ин дуруст аст?
– Албатта, фишорҳои пайваста таври маълум, дар тамоми кишвар болои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ба назар мерасанд ва минтақаи Кӯлоб ҳам аз ин фишорҳо истисно нест. Вале бояд иқрор кард, ки агар болои як ниҳод ё гурӯҳе фишорҳо зиёд шаванд, ин табдил мешавад ба тақвияти фаъолияти он, агар чунин фишорҳо набошанд, шояд ин ниҳод фикр кунад, ки кораш хуб аст. Дар ҳоле ки он гурӯҳ ё сохтор бояд пешрафту тараққӣ дошта бошад, ба пеш ҳаракат намояд. Вақте фишорҳо болои ҳам омадан мегиранд аъзои ин ниҳод талош мекунанд, то дар муқобили рақиб қавӣ бошанд, ки ин заҳмати бештар мехоҳад.
Аз ин рӯ, фикр мекунам, фишорҳои маълум барои кори моро пеш бурдан мусоидат карданд, балки онро тақвият бахшиданд. Зеро акнун аъзо ва ҷонибдорони мо барои худсозӣ кӯшиш мекунанд, ба ҳар камбуд ҷавоб ва дар муқобили рақиб истодагарӣ нишон дода тавонанд.
Аслан ин фишорҳо моро водор кард, ки фаъолиятро ба таври комил дар чаҳорчӯбаи барномаҳои ҳизбӣ ва қонунҳои мавҷудаи кишвар роҳандозӣ намоем. Ҳамзамон ҳамарӯза кӯшиш намоем, ки дар баробари амалкарди мақомот алайҳи ҳизб барномаи худро дошта бошем, ҳадди ақал тибқи қонун раддияи бодалелеро пахш намоем. Барномаи мо, агар барномаи ҳуҷумӣ ҳам зарурат надошта бошад, вале барномаи дифоъӣ лозим аст. Дар воқеъ, асли зиндагӣ дар дунё комил сохтани инсон аст. Ӯ бояд барои комил шуданаш пайваста заҳмат кашад, чунки ҳеҷ оҳан худ аз худ олоти корӣ нашудааст, дар натиҷаи гудохтану кӯбидан қобили истифода мегардад.
Иддае фишорҳоро ба марҳалаи интихоботӣ рабт медиҳанд, гӯё бо паси сар шудани интихобот, фишорҳо ҳам аз байн меравад ё кам мешаванд. Бояд қайд кард, ки фишору рақобатҳо ва ҳар гуна навъи мубориза аз қабл вуҷуд доштаанд ва хоҳанд дошт. Мардум бесабаб намегӯяд: «Ҳар давру замон Мусову Фиръавни худро дорад». Яъне дунё ҳамавақт Мусову Фиръавни худро доштааст ва ҳамин тавр мемонад. Ҳар ҷое зулми фиръавнист, дар муқобилаш амалҳои мусомонанд пайдо мешаванд, ки ба ҳақиқату адолат даъват мекунад.
ҲНИТ ҳизби сиёсии моҳияти динидошта аст ва барномаҳои он аз чаҳорчӯбаи Қуръону суннат берун нестанд, пас даъвати мо ҳам ба адолату ҳақиқат аст. Нуктаи муҳим ин аст, ки даъвати мо, агар мисли Мусо аз имону адолат ва шуҷоъат бошад, фаъолиятамон монанди фаъолияти мусоӣ ва дигар паёмбарони илоҳӣ ба хотири ризогии Аллоҳ аст. Магар дар замони даъват паёмбарони илоҳӣ мавриди шиканҷа қарор намегирифтанд, оё Мусоро фишор наоварда буданд ё Нӯҳу Иброҳим ва ё ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари охири замонро мавриди фишору шиканҷа қарор надода буданд? Пас вақте дар роҳи Аллоҳ мубориза мебарем, оё бояд фишор наоранд? Нафаре, ки пойбанд ба шариъати муҳаммадист, ӯ дигар набояд фақат дунболи таҷриба бигардад, балки зиндагии пешрафт дошта бошад. Зеро гузаштагони мо таҷрибаи зиндагиро ҳазорон маротиба нишон додаанд ва бояд бо ибрат ва ишора аз таҷоруби ишон зиндагӣ кунем, дар ихтироъи навгониҳо бошем, тавре дар Аврупо ва дигаре аз кишварҳои мутараққӣ вуҷуд дорад.
Бубинед, ҳабиби Худо(с) аз Макка ба Мадина ҳиҷрат ва он ҷо ҳукумату ҷомеъаи исломиро ташкил кард, албатта, бо мушкилоти зиёд, Тавре медонем, устод Кабириро, агар дар шаҳри Кӯлоб бо помидору тухм «пешвоз» гирифтанд, вале Расули гиромии Ислом (с)-ро дар шаҳри Тоиф бо сангу кулух пешвоз гирифта буданд. Пас ин фишорҳо суннати ин роҳ аст, яъне дар ин роҳ ба дӯстони Худо сангу маломат мерасад.
Бубинед, Бушри Ҳофӣ, яке азизони Худо бемор буду иддае аёдаташ рафтанд. Ӯ пурсид, ки шумо кистед? Онҳо гуфтанд, дӯстони туем. Бушри Ҳофӣ сангеро бардошту ба онҳо ҳуҷум кард ва дид, ки дӯстонаш гурехтанд. Пас дар ҷояш биистоду гуфт, шумо чигуна дӯстед, ки аз санги маломати дӯсти худ фирор мекунед?
Хуб, фаъолияти мо мисли қабл идома дорад ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди густариши фишорҳо дар минтақа онро қатъ накардаем. Бо барномаи ҳизбӣ фаъолият дорем ва бовар аст, ки бо лутфи Худованд боз ҳам хубтару замонавитар мегардад.
– Шумо фикр мекунед, ин ҳама фишорҳо дар минтақаи Кӯлоб танҳо алайҳи Наҳзат аст ё…?
– Аслан чунин фикре дар мо нест. Дилхоҳ шахсияти соҳибақл мефаҳмад, ки ин барномаҳо алайҳи дини исломанд ва албатта, таъсири худро ба мардуми авомуннос мерасонанд, агарчи пайваста ба аъзо ва ҳаводорони ҳизб таъкид мекунем, ки аз нозукиҳои фишору амалкарди мақомот бохабар бошанд. Ба ҳар ҳол, бар ин андешаем, ки ҳақ бар ботил пирӯз аст, ки тавре дар боло ишора рафт, ин ҳама амалкарду фишорҳо фаъолиятҳои моро қавитар карданд.
– Ҷойгоҳу фаъолияти бонуҳо дар шуъбаи минтақавӣ чӣ гуна аст ва оё барои тақвияти сатҳи илмии онҳо омӯзишҳо мегузаронед?
– Бонуҳои ҳизбӣ, алҳамдулиллоҳ, фаъолияти хуб доранд. Дар баъзе маворид кору фаъолияти онҳо ҳатто аз бародарони худ бештару қавитар аст. Барои мисол, дар моҳи шарифи Рамазон бародарон, агар як хатми Қуръон анҷом дода бошанд, хоҳарон ду хатми Қуръон доштанд ва ширкаташон ҳам хубтар буд.
Дар масъалаи омӯзишҳои ахлоқиву хонаводагӣ ва фарҳангиву иҷтимоъӣ низ хоҳарон фаъоланд. Албатта, омӯзишҳоро бояд бештар кунем, зеро модарону хоҳарон аз ҳуқуқҳои худ огоҳии хуб надоранд. Дар мадди аввал кӯшиш мекунем, ки онҳо аз ҳуқуқҳои худ бохабар гарданд ва дар ин замина онҳо метавонанд боз ҳам ҷанбаҳои фаъолияти хешро густариш бахшанд.
Таври маълум, дастуроти зиёде аз Қуръону ҳадис мавҷуданд, ки агар ҳар мусалмоне онҳоро ба арзиши воқеъӣ табдил бидиҳад, ҳиҷ хоҳару модаре мавриди шиканҷаи ҳамсари хеш қарор намегирад.
– Оё кадом таҳқиқоте дар мавриди ҳамла болои Муҳиддин Кабирӣ зимни сафари корӣ ба Кӯлоб анҷом гирифт ё хайр?
– Қазияи мазкур, дар воқеъ мардуми Кӯлобро хиҷолатзада кард. Як замоне ҳам душманони миллат бо истифода ғайюрӣ ва ноогоҳии мардум аз Ислом онҳоро ба шиъорҳои зиддидинӣ муаррифӣ карда тавонистанд. Тарроҳи барномаи ҳамла ба раҳбари ҲНИТ баъдан маълум шуд, ки яке аз ниҳодҳои қудратӣ онро аз марказ идора мекардааст ва чор нафаре, ки расмҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳам пайдо гардид, далолат ба ин мекунад.
Дар суҳбатҳои худ далел оварда будем, ки нафаре аз муътодон гуфта буд, «барои ман лозим нест, ки ин помидорро бар сари чи касе мезанам, илоҷ надорам, вақте маро маҷбур мекунанд. Агарчи шароб менӯшам, вале алҳамдулиллоҳ, мусалмонам ва намехоҳам ба касе зиён расонам…»
Ҳатто дар ҷараёни мурофиаи судӣ, ки ахиран чанд нафар барои як ҳафта пушти панҷара фиристода шуданд, дар куҷо сурат гирифтани ҳодисаро надонистанд.
Вале кӣ будани тарроҳони ин амал баъдан ба мо маълум шуд, ки барномаи хосе будааст барои амал, яъне кор махсус ташкил шуда. Қасд аз ин амал мардумро зимни вохӯрии устод Кабирӣ ба шӯр овардан ва чанд нафареро боздошту барои чанд рӯзе равонаи зиндон кардан.
Шукри Худо, ки ин барномаи тарҳрезишудаи хос то ба охир анҷом наёфт.
– Бигӯед, ки фишорҳо дар навоҳӣ чигуна ба роҳ монда мешаванд ва қазияи Шӯроободу Восеъ, ки он расонаӣ ҳам шуд, чигуна аст?
– Тавре ҳама медонанд, фишорҳо тибқи «Протоколи 32-20» роҳандозӣ мешаванд, вале боз ҳам мувофиқ ба вазъу афкори минтақаи алоҳида.
Масалан, дар ноҳияи Восеъ муаллимон, масъулони ҷамоъатҳо, ҳатто иддае аз имомхатибон муваззаф гардидаанд, ки бояд ҳадди ақал як нафарро аз ҲНИТ хориҷ созанд. Тавре раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Восеъ гуфт, «аз берун кардан»-и як нафар се маротиба гузориш додаанд. Яъне вақте «ариза»-и хориҷшавандаро мебинанд, ӯро соли гузашта ҳам бо ҳамин тарз аз ҳизб берун кардаанд. Пас ин амали мақомот аз он дарак медиҳад, ки онҳоро аз кадом ҷонибе дар ин маврид вазифадор мекунанд.
Як ҳодисаи аҷибе ҳаст, ки қаблан ҳам расонаӣ шуд. Масъули як ташкилоти ибтидоии моро барои қибларо тағйир додан ба идораи ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) даъват карданд. Яъне бо «баҳона»-и тағйири қибла ба ӯ гуфтанд, чанд нафарро маҷбуран ба ҳизб дохил кардаӣ ва дигару дигар, ки боиси нороҳат шудани масъули ҳизбӣ гардидааст. Вале зоҳири масъала баҳси тағйири қибла, ки намозгузорон ҳамроҳ бо имоми масҷид бо қутбнамо дидаанд, ки гӯё саҷдаи намозгузорон ба самти қибла нест.
Дар ноҳияи Шӯрообод бо баҳонаи вуҷуд надоштани қароргоҳи ҳизб баҳсеро ба вуҷуд оварданд, ки ин мушкил дар аксари навоҳии минтақаи мо вуҷуд дорад, яъне ҳар баҳонаи кучакеро ҳамчун фишор истифода мекунанд.
– Яъне мақомот бидуни қонун чунин амал мекунанд?
– Ин ҷо бояд таваҷҷуҳро ба як нукта равона сохт, қонунҳо бо ҳамдигар мухолифат доранд ва як танзими хосе дар мавриди масоил вуҷуд надорад, печидагиву зидди якдигаранд. Барои мисол, қонуни ҶТ дар бораи аҳзоби сиёсӣ, модаи 7 банди 7 мегӯяд, як ҳизби сиёсиро танҳо Вазорати адлия ҳуқуқи ҳуҷҷаташро тафтиш намудан дорад. Вале кумитаи андоз бо истифода аз дигар қонун тафтиши худро ба роҳ мемонад, дар ҳоле ки ҳизб андозсупор нест, на истеҳсолгарасту на тоҷир.
Аз ин сабаб, мо сари ин мушкил пайваста рӯбарӯ мешавем ва бахши ҳизб дар ноҳияи Шӯроободро ҳам масъулони Кумитаи андоз 14 ҳазор сомонӣ ҷарима намуданд. Аҷиб ин аст, аз бахши ҳизб масъулин чизеро гирифтанианд, ки вуҷуд надорад. Барои кори хешро анҷом бахшидан, онҳо хонаи раиси бахшро ҳисобу китоб намуда, хасу хошокашро ҳам ба пул табдил додаанд. Бигузор бахши ҳизб андозсупор бошад, вале чаро хонаи масъули бахши ҳизбро ҳисобу китоб мекунанд. Агар ҷарима қонунист, бояд ҳизб ҷарима шавад, на масъули маҳаллии он.
Бале, бахши ҳизб ҳаққулузвият ҷамъоварӣ менамояд ва аз ҳаққулузвият андоз ситонида намешавад. Ин корҳо танҳо як мушкил буд, вале дар қонунгузории мавҷуда қонунҳои ба ҳам зид зиёданд. Аз ин рӯ, роҳбарияти кишвар, мисли дигар корҳое, ки тибқи дастур анҷоми хешро меёбанд, дар ин маврид ҳам бояд лабораторияеро таъсис бидиҳад, то қонунҳои кишварро ташхис намоянд.
Дар хусуси Кодекси андоз ҳарф намезанем, вале печидатарин қонун ин қонуни андоз аст, ки шояд баъзе кормандони андоз ҳам сарфаҳми онро нараванд. Дар ҳоле ки мушкилоти ин ҳама беназмиҳоро танҳо мардум мебинад, на кадом мансабдоре.
– Оё метавонед бигӯед, ки баҳои мардум ба фаъолияти ҳизб чигуна аст?
– Афкори мардум, мисли авохири солҳои 80 ва аввалҳои солҳои 90 –ум нест, ки манбаъҳои иттилоъотӣ маҳдуд бошанд. Ҳоло манбаъи хабар даҳҳо маротиба афзоиш ёфтааст ва дилхоҳ хабари навро аз он гӯшаи дунё, ҳатто тавассути телефон мутолиъа кардан мумкин аст. Мардум дар сурати иттилоъ гирифтан тасмим мегирад ё интихоб мекунад. Яъне замоне шуда, ки дигар сафедро сиёҳ ё баръакс гуфта намешавад.
Худованд барои инсон табиати мушаххаскуниро додааст, ки ҳақро аз ноҳақ фарқ кунад. Пештар хабаре пахш шуд, ки нисфи аҳолии кишвари Тоҷикистон дастрасӣ ба интернет дорад. Агар ин тавр ҳаст, пас тамоми хабарҳои ҳаққу ноҳақ дар расонаҳо пахш мешаванд. Аз ин рӯ, роҳбарони кишвар дар фаъолияти худ ҳушёриро аз даст надиҳанд, то дар маломати дигарон наафтанд, ки пушаймонӣ дигар суде надорад.
– Дар ҷараёни фишоровариҳо кадоме аз қишрҳои ҷомеъа ба ҳизб мепайванданд?
– Наҳзати Ислом ба як паноҳгоҳи мардумӣ табдил ёфтааст, яъне ҳамон паноҳгоҳе, ки аз ноадолатиҳо мардум ба Наҳзат меоянд, яъне дигар роҳеро ҷуз Наҳзат намебинанд. Устод Кабирӣ ҳам дар як суҳбаташ гуфт, дари ҳизб барои ҳама боз аст, ҳатто барои онҳое, ки аз ноадолатиҳо садо баланд мекунанд.
Аз ин рӯ, ҳар нафаре по ба даргоҳи ҳизб мегузорад, нахуст бо ойинномаи он шинос мешавад.
Аслан дар ҳизб касеро навмед намекунем, агар пайваст шуданаш холисона бошад. Бубинед, ҳатто командири Фронти халқӣ ҳам эълон кардааст, ки аъзои ҲНИТ мешавад. Вале афроде, ки ба ҳизб мепайванданду аъзо будани худро пинҳон медоранд, зиёд аст. Дар ин роҳ барои мо камият муҳим нест, балки кайфият муҳим аст. Агарчи дар раванди ин гуна фишорҳо ҳам аъзошавӣ қатъ нагашта, ҷаласаҳо сари вақт гузаронида мешаванд.
– Омодагиро ба интихоботи қарибулвуқуъи парлумонӣ чигуна шарҳ медиҳед?
Шукри Худованди тавоно, дар ин самт ҳам корҳои ҷиддӣ идома доранд. Як гурӯҳе аз масъулини шуъба ва бахшҳои ҳизбро барои омӯзиш додани онҳое, ки ба ҳар тарзе дар интихобот ширкат мекунанд, сафарбар кардаем. Комилан ба ин боварам, ки фаъолияти ҳизб ба манфиъати ҷомеъа хоҳад буд. Мо масъули амалему талабгори нусрати Худованд.
Бо ҳамин равиш ба интихоботи парлумонӣ омодагӣ гирифта истодаем.
– Дар интиҳои суҳбат чӣ ҳарфи дигаре доред, ки бояд гуфта шавад?
– Вақте худро аъзои ҳизб мегӯем, бояд ифтихор дошта бошем, ки аъзои як ҳизби исломием, ҳизбе, ки дар пояи фармудаҳои Қуръону суннат роҳандозӣ шудааст. Аз ин ру, аз тамоми дӯстону бародарон хоҳишам ин аст, нахуст бояд худро омода сохту дар хидмати мардум буд. Камоли ҷавонмардӣ ин нест, ки рақиби худро санг бизаниву худро болотар нишон бидиҳӣ. Бигузор мардум баҳо диҳанд, ки ҳар гуруҳи сиёси бо чи тарзе ва кадом ҳадафе дар саҳнаи сиёсӣ хешро матраҳ сохтан мехоҳад.
Аммо барои наҳзатӣ будан, бо табассум дар муносибати мардум қарор доштан ва аз худ ахлоқи хуб зоҳир кардан мебошад, ҳар коре агар анҷом гирифт, ҷомеъаи манфиаташро эҳсос намояд.
Ишораи нуктаеро низ муҳим медонам, ҳукумат пайваста талош мекунад, ки дар ҷомеъа хароҷоти зиёдатиро барҳам занад ва дар ин кор маблағҳоеро низ сарф мекунад. Вале агар каме дар самти маърифатнокии ҷомеъа кушиш мекард, мардум дарк мекарданд, ки хароҷоти зиёдатӣ кадом мафоде надорад. Мардум бояд маблағро дар беҳтар сохтани зиндагӣ, аз ҷумла таҳсили фарзанд сарф намоянд.
Ҳукумат лофзаниҳое дорад дар мавриди ғоя ё идеяи миллитарошиҳо. Агар идея сохтан мехоҳем, чаро сатҳи маърифатнокиро боло набарем?
Ба ҳар ҳол, фаъолияти ҲНИТ бояд бо ҳукумат муштарак бошад, то дар ҷомеъа коре анҷоми нек пайдо намояд.
Мусоҳиб А. Сиддиқшоҳ