Categories ҶОМЕА

Фарзанд – ҳадяи Худо

Фарзанд - ҳадяи Худо

Фарзанд ҳадияест аз ҷониби Худованд ба бандагонаш, чунончи фармуд: «Замину осмонҳо ҳама мулки Худоянд ба иродаи Худ ба ҳар касе хоҳад духтар ва бар ҳар касе хоҳад писар мебахшад, ё онҳоро ҷуфт мегардонад ва ё ҳар касеро бихоҳад безурёт месозад» (сураи «Шуаро», ояи 49).
Бо ҳамин гуна алфоз оғоз гардид семинар машварате, ки дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми сентябр баргузор гардид. Баранда ва ташкилкунандаи он Бахши кор бо бонувони ҳизб дар ҷамъомад атрофи ҳасосиятҳои зеҳнӣ, равонӣ ва тарбиявии фарзанд суханронии пурмӯҳтаво намуда, аксран атрофи ҳуқуқҳои фарзанд болои волидонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар семинар корманди ин бахш Ҳоҷара Розиқова бо маърӯзаи «Риояи ҳуқуқи кӯдак» баромад намуд. Дар маърӯза зермавзӯъҳои таъсири тарбияи модар дар таҳкими тарбияи фарзандон матраҳ гардида буданд, ки қобили қабули шунавандагони семинар гардиданд. Бахусус, ҳангоми мушаххас ироа намудани фавоиди азону қомат дар гӯши навзод, тарошидани мӯи сари навзод, аҳамияти ақиқа ва ҳикмати он, хатна ва тарбияи имонии тифл дар байни хоҳарону бародарони гирдомада ҷунбише ба вуҷуд омад. Дар ҳар тарафи толор иштирокчиён даст боло мекарданд ва қисмати суолу ҷавоби семинарро интизор нашуда, дархости сухан кардан менамуданд.
Аз ҷумла, хоҳар Бунафша яке аз иштирокдорон атрофи мавзӯи матраҳшуда изҳор дошт, ки то ин андоза бо далелҳои қонеъкунанда ҳадису оятҳо дар бораи аҳкоми фарзанд нашунида буд. Чунончӣ мегӯяд: «Чун аҳли оилаам аҳкоми шаръиро хуб медонему риоя мекунем, дар фарзанди аввал кам-кам аз ин аҳкомҳоро иҷро намудем. Аммо ончиро, ки ҳоло шунидам ва аз маводи дастрасшуда бо худ гирифтам, воқеан чизи дигар аст. Иншоаллоҳ, ин ҳамаро ба гӯши ҳамаи аҳли оила мерасонам ва кӯшиш мекунем, то дар фарзандони дигар аҳкоми таъинкардаи шариатро беҳтар ба ҷо биёрем».
Қобили тазаккур аст, ки на ҳамаи аҳкоми шаръӣ ба хубӣ барои мардуми мо ошнову равшан аст. Аксарият ҳатто дар ин ақидаанд, ки ақиқаи тифл хоси домуллоҳо асту барои ҳама иҷрои ҳатмӣ нест. Ҳамчунон бародар Муҳиддин Асозода, ки дар ин семинар ширкат дошт мегӯяд: «Ҳуқуқи муайянкардаи шариат танҳо иборат аз кӯштани гӯсфанд ва худнамои набуда, асос ҳаққи фарзандро баҷо овардан аст. Баъзе дар такшил кардани маъракаву хароҷот зиёдаравӣ менамоянд, аммо бояд аз худ суол кард, ки барои баҷо овардани ҳаққи фарзандамон чӣ корро кардем?!».
Дар умум семинаре, ки ҳудуди се соат барономарезӣ шуда буд, дар тӯли 4-5 соат идома ёф ва иштирокчиён дархост намуданд, то ин мавзӯъ бори дигар ба такрор мавриди баррасӣ қарор гирад.
Ашкона Нозил

More From Author

You May Also Like