Бояд гуфт, ахиран Шўрои уламо фатвое содир кард, ки дар он аз ҷумла омадааст: Гуноҳ аст ҳамкорӣ кардан бо ВАО-е, ки мақсадашон шикаст додани амнияту суботи кишвар мебошад.
Таври маълум, ин фатво вокунишҳоеро ба бор овард ва ҷомеъаро ба ҳар тарзе нигарон ҳам сохт, ки ҳадаф аз ин фатво чӣ бошад? Ҳоло тасмим гирифтем, ки назари баъзе аз коршиносонро манзури хонандаи азиз бигардонем.
Домулло Исломиддин, сокини шаҳри Душанбе
– Ҳар коре бо матбуъот ва ВАО вобаста ҳаст, албатта, дар низоми давлатдории мо дар салоҳияти Вазорати фарҳангу ниҳодҳои дигарест, ки ба матбуъот рабт доранд. ВАО дар асоси қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон амал мекунанд ва кадом вобастагие аз фатвои уламо ва диду назари олими дигаре надоранд.
Дар қонунгузорӣ ба ин маънӣ омадааст, ки ниҳодҳои динӣ, аз ҷумла Шўрои уламо аз шумори ниҳодҳои давлатӣ ба ҳисоб намераванд. Мақсад аз ниҳоди давлатӣ нестанд, ба ин маънист, ки ин гуна ташкилотҳо салоҳияти дахолат кардан дар коргузорӣ ва масоили ҳуқуқиву сиёсии ВАО-ро надоранд. Ин чиз мусаллам аст ва ҳама инро медонанд.
Аммо дар мавриди амнияти кишвар, ки барои осудагии мардум чизи муҳим ҳам ҳаст, ҳама метавонанд як тавсия ё насиҳате дошта бошанд, ягон роҳнамоиҳоеро ироъа бидоранд. Яъне суботу амнияти кишвар масъулияти ҳамаи мост ва барои он талош дошта бошем. Дар матбуъот ё ҷомеъа ҳар шахсе алайҳи амнияти мо чизе мегўяду менависад, ҳама бояд мухолифи он бошем.
Вале ироъаи чунин як фатво ва зарурати онро нафаҳмидем ва аз ин бештар нигаронем. Шояд чунин зарурате пайдо шуда бошад, ки ниҳодҳои динӣ дахолат мекунанд дар корҳои амниятии кишвар.
Аслан, судури фатво дар Ислом вобаста ба мушкилот ва гирифториҳои ҷомеъа аз тарафи муфтӣ, ки салоҳияти фатво доданро дорад, содир мешавад. Фатвои ниҳоди динӣ дар масоили амниятӣ дар сурате, ки хориҷ аз салоҳияташ ҳаст, боиси эҷоди нигаронӣ дар миёни мардум мегардад.
Аз нигоҳ мо ба ҳар чизе ки дар ҷомеъа нигарониҳоеро эҷод мекунад, мувофиқ нестем.
Меҳмоншоҳ Шарифов, ҷомеъашинос:
– Воқеъият ва руйдодҳои Тоҷикистон ба он шаҳодат медиҳанд, ки фатвои мазкур ба ҳамаи сарчашмаҳо мухолифат дорад. Дар дунёи мураккаби имрўз фатво додан кори ҳар гуна шўрои хом нест. Зеро содир кардани фатво, аз як тараф, дониш ва таҷрибаи комил доштан аз бунёдҳои мустаҳками фатво: Қуръон, суннати Пайғамбари акрам (с) ва фарҳанги иттиҳоди олимони исломӣ, аз тарафи дигар, донишу таҷрибаи саҳеҳи ҷаҳониро низ, ки дар он зист дорем, талаб мекунад. Ин ҷо фақат ҷаҳони афкори шикаставу парокандаи Тоҷикистонро дар назар надорам, балки ҷаҳонеро, ки имрўз дар ҳолати ба шиддат дар таҳаввулот қарордоштааст, ки таъсири онро дар зиндагии худ ҳама, аз ҷумла тоҷикон ҳам ҳис карда истодаанд.
Ба ҳар ҳол, фатвои Шўрои уламо ботил ҳам бошад, амалашро метавон дуруст гуфт, яъне ин ниҳоди динӣ нишон дод, ки ба мушкилотҳои ҷомеъа бетараф нест ва дар як ҷониби баҳс қарор дорад. Бояд чунин ҳам бошад, вале танҳо дар тарафи ҳақ ва ростӣ будан лозим аст. Мутассифона, ин ниҳод дар тарафи ҳақ ва ростӣ истода наметавонад, чунки аз Ислом фақат ҳарфу рамз ва саллаву риш дорад, дигар ҳеҷ. Шўрои уламо бо ин фатво бори дигар нишон дод, ки дар он ҷо мардуме гирдиҳам омадаанд дур аз таҳлилу шинохти воқеъияти худ ва дигарон, ки дар фарҳанги исломӣ яке аз арзишҳои бунёдии имонӣ ва ақлонист.
Дар ин баҳс ва ин фатво маънии калидӣ амният ва суботи кишвар қарор дорад, ки уламои муҳтарам фаросату зарфияти шинохти ин маъниро надоранд, агар медоштанд дигаргуна фатво медоданд. Он чӣ ба суботу амнияти мо хатар дорад, фасод, маризиву маҳдудиятҳои фарҳангӣ ва маҳалливу авлодии дар сатҳи давлат реша давонда ҳастанд, ки имкони роҳбарӣ ва мудирияти дурустро намедиҳанд. Шахсияту ниҳодҳои роҳбарикунанда, таҳлилкунанда ва қудратӣ бояд аз ин маризиҳо тоза бошанд, то мардумро ба як сатҳи болотар ва сифатан беҳтари инсонї бурда тавонанд. Мардуми тоҷик ин сатҳ ва чунин як ҷомеъаро ҳанӯз аз рўзҳое, ки Шуравӣ аз байн рафт, интизоранд. Куҷост роҳбарии дуруст ва куҷост он ҷомеъае, ки интизораш ҳастанд? Ақалан нишонаҳои ба сӯйи он ҷомеъа рафтанро эҳсос намекунанд.
Суботу амният ҳамон вақте собит мегардад, ки масъалаи меҳнат ва ҷойи кори бо арзиш дар ин сарзамин ҳал шавад, муҳоҷират маҷбурї набошад ва мардум дар тамоми гушаву канори Тоҷикистон, аз президенту академикҳо сар карда, то зањматкаши оддӣ ба ҳақиқат ва қонунҳои ин кишвар эҳтиром ва имон дошта бошанд
Ҷаннатуллоњи Комил, ҷавони соҳибирода ва соҳибмаълумоти динӣ
Фикр мекунам, ин фатво ё қароре, ки аз ҷониби Шўрои уламо содир шудааст, оҳанги сиёсӣ дошта, ба воқеъияти кишвар созгор ҳам нест, ҳатто ба Сарқонун ва қонунҳои дигари кишвар оид ба ВАО мухолифат мекунад. Зеро ҳар як рӯзноманигор ва ВАО-и алоҳида, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аз доираи қонунҳои марбута берун амал намекунанд.
Пас метавон ин қарори Шўрои уламоро ба чанд далел ғайри воқеъӣ арзёбӣ кард:
Аввал, ин қарор ё фатво аз ҳар ҷиҳат мухолифат ба озодии баён дорад, ки Сарқонуни кишвар онро замонат додааст.
Дуввум, ҳар шахс озодона метавонад бо ҳар нашрия ва хабаргузориҳое ҳамкорӣ намояд. Агар рафту кори он нашрия ё хабаргузорӣ аз маҳдудаи қонун берун бошад ё тибқи гуфтаи Шўрои уламо «иғвоангез» бошанд, дар ин ҳолат мақомоти зирабт метавонад ба фаъолияти он баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.
Сеюм: Агар рафту Шўрои уламо баъзе аз ВАО-ро иғвоангез хонду ҳукми ҳамкориро бо онњо аз назари шариъат баён кард, ки гўё вазифаи шаръиро анҷом дод, дар ҷавоб метавон гуфт, ки хело хуб мешуд, агар Шўрои уламо нисбати наворҳои фаҳши пахш шуда аз тариқи шабакањои телевизионӣ фатво медод, ки то чӣ андоза дар онҳо ахлоқи исломӣ ё рукнҳои шариъатӣ риъоя нашудаанд. Агар ин корҳоро аз назари шариъат баён ва бо содир кардани фатво ин амалкардҳоро маҳкум мекард, кори хубе мебуд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ:
Шўрои уламо ҳақ дорад андешаи худро аз тариқи фатво ё қароре манзури сокинони мусалмони кишвар гардонад, он ҳам танҳо дар масоили Ислом ва шариъати он. Чун дар Тоҷикистон низоми давлатдорӣ дунявист ва иттиҳодияҳои динӣ кадом ҳуқуқе дар мавриди дахолат дар умури давлатдориро надоранд.
Аммо ҷаноби Абдуқодирзода ҳамчун роҳбари Шўрои уламо, салоҳияти ин ниҳоди ҷамъиятиро аз маҳдудаи он берун бурда, бо содир кардани чунин як фатво, ҳатто ба корҳои матбуъотӣ ҳам дахолат кардааст, ки хеле аҷиб ба назар мерасад.
Дуруст аст, ки масоили ахлоқӣ дар матлабу коргузориҳои ВАО бояд риъоя шаванд ва дар ин маврид нињоди масъул вуљуд дорад, он ҳам Шўрои ВАО аст, ки маҳз масоили ахлоқиро дунбол карда, андеша ва назари хешро дар ҳолатҳои лозим ироъа медорад.
Аммо вақте Шўрои уламо ба ҷазо кашидани онҳоеро талаб мекунад, гўё ба «сиёҳ кардан»-и раҳбари давлат даст мезананд, ин ҷо ҷуз манфиъатхоҳӣ чизи дигареро дидан мумкин нест. Чунки ин ҳама бофтаҳоеанд аз сўи доираҳои алоҳида, ки аз тариқи Шўрои уламо, ҳамчун ниҳоди вобаста ба Кумитаи дин бо ин ҳарфҳои бофтаи хеш ҳушдор додан мехоҳанд.
Ба ин хотир, фатвои мазкур кўшишест ҷиҳати истифодаи ходимони дин барои омода сохтани замина ба интихоботи парлумонии соли 2015, то ҳеҷ нафаре ҷуръати изҳори назари интиқодиро дар марҳалаи интихоботӣ надошта бошад.
Агар кадом интиқодгирие нисбати сарвари давлат дар ВАО-и электронӣ ба мушоҳида мерасад, фикр мекунам, он ҳам аз хориҷ аст, ки гуяндаи он дигар умеди бозгашт ба ватанро аз даст додааст.
nahzat.tj