Ба номи ман не!

Мусалмонони Аврупо дар рӯзҳои гузашта флешмоберо таҳти унвони “ба номи ман не” баргузор намудаанд, ки ҳадафаш мухолифат бо амалҳои “Давлати исломӣ” ё ҳамон ДИИШ аст. Ин кор аз тарафи як созмони ғайри давлатӣ мавсум ба “актив ченҷ фондешн”дар кишвари Британия пас аз он оғоз шуд, ки хабарнигори бритониёӣ аз тарафи неруҳои ДИИШ ба қатл расонда шуд. Бисёри ҷавонони мусалмоне, ки дар шарқи Лондон зиндагӣ мекунанд дар ин флешмоб ширкат намудаанд. Ин барнома дар шабакаи иҷтимоии твитер ба шакли густардае паҳн шуд ва аз марзҳои Бритонё ҳам берун рафт ва дар Фаронса низ ҷавонони мусалмон ин амалро пайгирӣ намуданд. Ба ақидаи ин ҷавонон ДИИШ намояндаи Ислом нест ва ончӣ онҳо ба номи ислом анҷом медиҳанд ба Ислом ҳеҷ рабте надорад.

Ба гузориши шабакаи “Евронюз”Ташкилкунандагони ин флешмоб бар ин бовар ҳастанд, ки мусалмонон метавонанд бо пайвастан ба ин ҳаракат мавқеъи худро дар баробари ин гурӯҳ мушаххас кунанд.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи ДИИШ дар чанд соли охир дар кишварҳои Сурия ва Ироқ пайдо шуд ва дар як муддати кӯтоҳ ба як неруи муназзам ва муҷаҳҳаз табдил ёфт. Неруе, ки ҳатто ба силоҳҳои пешрафта низ дастрасӣ дорад.  

Каме баъд ин гурӯҳ аз ДИИШ ба Давлати Исломӣ тағйири ном дод ва бо гардан задани хабарнигорони амрикоӣ ва бритониёӣ амалан худашро дар муқобили ҷаҳон қарор дод. Мусалмонони аксари дунё амалҳои хушунатбори ин гурӯҳро маҳкум кардаанд ва бар ин бовар ҳастанд, ки ин гурӯҳ сохтаи дасти абарқудратҳо барои расидан ба аҳдофи пинҳонашон аст. Пайдоиш ва тақвияти сареъи ин гурӯҳ саволҳои бепосухи зиёдеро дар зеҳнҳо эҷод кардааст.

More From Author

You May Also Like