Муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ

Муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Ҳамдиёрони азиз!

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи ғайринавбатии худ, ки 8-уми октябр баргузор гардид, вазъи ҷории кишварро баррасӣ намуда, қарор қабул кард, ки бо Муроҷиатномаи зерин ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аъзо ва тарафдорони ҳизб, инчунин ҳама касоне, ки суботу оромиши кишвари азизамон аз онҳо вобастааст, паёми худро бирасонад.

Кишвар  ва миллати мо бист сол пеш гирифтори фитна гардида дар вартаи парокандашавӣ ва аз байн рафтан қарор дошт. Сабабҳои асосии  ин фитна, ҳамдигарро нафаҳмидан, эътироф ва эҳтиром накардан, яккатозӣ ва ғурур аз қудрат ва тавонмандии хеш, инчунин ноогоҳӣ аз барномаҳову тарҳҳои бегонагон барои барангехтани ҳисси нобоварӣ ва эътироз байни мардум ва мақомоти давлатӣ буд. Маҳз бемасъулиятӣ ва кутоҳандешии мақомоти давлатии давр ва баъзе  афроду гуруҳҳои ҳангомаҷӯ миллату давлатро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашид, ки баҳои он ҷони бештар аз 150  ҳазор инсон ва ятиму бесаробон мондани садҳо ҳазори дигар гашт. Барои наҷоти миллат аз ин варта заҳмату талошҳои зиёд харҷ гашт, ки меҳвари асосии он ҳамдигарфаҳмӣ, эхтирому эътирофи якдигар ва интихоб кардани роҳи гуфтугӯ (муколама) ҳамчун ягона василаи ҳалли мушкилот будаанд. Миллати тоҷик тасмим гирифт, ки дигар ҳеҷгоҳ алайҳи якдигар силоҳ намебардорад ва нерӯ танҳо барои дифоъ аз ватан, миллат ва нангу номуси милливу динӣ ва он ҳам дар чорчуби қонун истифода хоҳад шуд. Миллат ба хулоса омад, ки Тоҷикистон бояд як кишвари озоду демократӣ, дунявӣ ва ягона бошад, ки ҳама андешаву афкор, ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳову ташкилотҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, тиҷоратӣ дар доираи қонун озодона, баробар ва бе ягон маҳдудияту фишор фаолият намоянд. Миллат ба ин тасмимҳо, аҳду паймонҳо ва қавлу қасамҳо бовар кард ва имруз ҳам боварӣ пурра коста нагаштааст. Маҳз ҳамин умед ва боварҳо як фазои солиму боварибахшро дар ҷомеъаи мо ба вуҷуд овард, ки ҳама қишрҳои миллатро  новобаста аз ҳизбияту ҷаҳонбинӣ, минтақаву маҳалаш атрофи Роҳбари кишвар, ҳукумати марказӣ ва ниходҳои давлатӣ ҷамъ овард ва  Тоҷикистон аз соли 2000 то 2010 як марҳалаи рушди босуботи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро дошт. Ин ҳама натиҷаи сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ,  эҳтироми ҳама қишрҳои ҷомеъа ва рушди бемайлон ба самти мардумсолорӣ, таҳкими ҷомеъаи шаҳрвандии қонунмеҳвар ва ҳуқуқбунёд буд. Талошҳои бегонагон барои бесубот кардани фазои дохилии кившар камтарин таъсир надошт, зеро мардум, гуруҳҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии гуногун  аз сиёсатҳои мақомомти давлатӣ дар маҷмуъ розӣ буданд.

Боиси таъассуф аст, ки панҷ соли ахир дар муносибати макомоти давлатӣ бо гуурҳҳои алоҳидаи сиёсӣ, динӣ ва иқтисодӣ тағйироти манфӣ ба вуҷуд омад, ки сабабҳову омилони ин тағйирот барои мардум равшан нест. Иштибоҳҳои пай дар пайи баъзе мақомот боиси халалдор гаштани ин фазои пур аз эътимоди тарафайн гашт, ки аз он баъзе доираҳои хориҷиву дохилӣ метавонанд суистифода кунанд. Он доираҳо чанд сол пеш ҳеҷ имконяти таъсир расонидан ба зеҳни мардум, ба хусус  ҷавононро надоштанд. Мутаъассифона  сиёсатҳои иштибоҳии баъзе мақомоти давлатӣ, ки барои роҳбарияти кишвар ҷуз хидмати хирсона чизи дигаре нестанд,  ин фурсатро барои баъзе кишварҳо ва доираҳои манфиатҷу фароҳам месозад, то бо истифода аз руҳияи эътирозии қишрҳои алоҳида сиёсатҳои худро амалӣ намоянд. Ҷои таъассуф аст, ки баъзе аз шаҳровандони ноогоҳ, вале осебдида аз амалҳои иштибоҳии қисме аз кормандони давлатӣ дар самти сиёсат, иқтисод, дину мазҳаб ва тиҷорат ба доми чунин доираҳо афтида, қурбонии дасисаҳо мегарданд. Аксари онҳо танҳо осебдидаанду фиребхурда ва ягона хоҳиши онҳо зистан дар як ҷомеъаи озоду пешрафта ва холӣ аз фасоду фишору таъқиб мебошад.  То битавонанд бидуни пардохти ришва  тичорату таҳсил кунанд, дар интихоби худ барои  тарзи зист, либос ва намуди зоҳирӣ озод бошанд, дар овозу раъйи онҳо тақаллуб сурат нагирад, боварӣ дошта бошанд, ки фардо тиҷорату моликияти онҳоро кассе бо баҳонаҳои сохтаву бофта намегирад. Аксарияти мардуми кишвар, аз ҷумла, бисере аз онҳое, ки метавонанд ба фитнаҳо дода шаванд, ҷуз ин чизи дигареро талаб надоранд, ки  ҳақи конституционӣ ва табиии онҳост. Бетафовутии тӯлонӣ ва нодида гирифтани ин хоҳишоти мардум аз тарафи мақомот ва  истифода аз василаҳои фишору таҳдид, зурнамоӣ ва туҳмату таҳқир нисбати дигарандешон, ҳизбу ҳаркатҳо ва гуруҳҳои қонунии кишвар, об рехтан ба осиёби ҳамон доираҳост, ки мунтазири фурсат барои эҷоди беэътимодӣ ва бесуботӣ дар кившар мебошанд.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Имрузҳо дар ҷомеъа, шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дар бораи роҳандозии гирдиҳамоии эътирозӣ аз тарафи баъзе созмонҳо ва афрод  овозаҳо ва хабарҳои гуногун паҳн мегардад. Ин масъала аъзо ва тарафдорони ҲНИТ-ро, ҳамчун як ҳизби сиёсии кившар, ки барои расидан ба сулҳу оштӣ ва суботи ҷомеъа заҳмати зиёд кашидааст, бетараф гузошта наметавонад. Ҳаргуна иқдом, амал ва даъвате, ки ба сулҳу ваҳдат, оромиш ва суботи кишвар зарба мезанад, мухолафат ба қонунгузорӣ дорад, новобаста аз аҳдоф ва нияти баргузоркунандагонаш, мавриди маҳкумият ва инкори ҲНИТ қарор хоҳад гирифт. Баъзе доираҳо ва афрод, бо назардошти  фишорҳо ва маҳдудиятҳои ахири мақомот болои ҲНИТ эҳтимоли ҷонибдории қисме аз аъзо ва тарафдорони моро аз ин иқдомҳо пешбинӣ кардаанд, ки ин шинохт комилан мухолифи сиёсатҳо ва мавқеъгириҳои ҲНИТ мебошад.  ҲНИТ бештарин осебро аз ин сиёсатҳои иштибоҳии мақомот дидааст ва ҳақи эътирозу нороҳатиро бештар аз гуруҳи дигар дорад. Аз тарафи дигар, бештарин интиқодро барои сабру таҳаммул дар муқобили ин фишорҳо боз ҳам ҲНИТ шунидааст, ки ба касе пушида нест. Бо вуҷуди ин ҳама, мо ба ин бовар ҳастем, ки ҳамагуна эътирозот ва пешниҳодҳоро барои ислоҳи вазъият ва иштибоҳот метавон бо истифода аз василаҳои мусолиматомез ва қонунӣ ба мақомот расонд. Аз чумла, эътирозу гирдиҳамоӣ низ яке аз василаҳои қонунӣ мебошанд, ки қонунгузории кишвар онро иҷозат додаст ва тибқи қонун бояд аввал  ба мақомоти давлатӣ аз тарафи созмондиҳандагон расман муроҷиат шавад. Нодида гирифтани талаботи қонун ва истифода набурдан аз он маънии кашонидани қазия ба фазои берун аз чорчуби қонунро дорад, ки метавонад оқибати ногувор барои кишвар ва миллат дошта бошад. Мо мутмаин ҳастем, ки дар байни роҳбарон ва созмондиҳандагони ин гирдиҳамоӣ афроди масъулиятшинос ва ватандустони воқеъӣ кам нестанд ва ба хотири ояндаи миллату давлати азизамон тасмими дуруст хоҳанд гирифт. 

Бинобар ин, Шӯрои сиёсии ҳизб  созмондиҳандагони  ин гирдаҳамоиро даъват менамояд, ки  аз тасмими худ даст кашида, бо расонаӣ кардани он пеши роҳи ҳамагуна бесуботӣ ва нооромиро бигиранд. Дар баробари ин мо аз аъзо, ҷонибдорон ва ҳама касоне, ки мавқеъи ҲНИТ-ро эҳтиром мегузоранд  даъват менамоем, ки дар ҳеҷгуна чорабиниҳои ғайриқонунӣ ширкат накунанд ва аз ҳолатҳои фитнаангез парҳез намоянд. Ширкат дар  чорабиниҳое, ки қонунӣ нестанд ё қонунӣ ҳастанду роҳбарияти ҳизб бо он розӣ нест, мухолафат ба сиёсатҳо ва санадҳои дохилии ҳизб шинохта мешавад ва  метавонад боиси ихроҷи чунин аъзо аз сафи ҳизб бигардад.

Инчунин  Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо изҳори пуштибонӣ аз ҳамагуна иқдомоти қонунӣ, мусолиматомез ва масъулиятшиносонаи мақомоти давлатӣ барои таъмини амнияту субот ва ҳифзи ҳуқуқи мардум, даъват менамояд, ки бештар аз василаҳои фаҳмондадиҳӣ, муколама ва пешгирӣ истифода намоянд. Ислоҳи камбудиҳо, додани озодиҳо ва имкониятҳои бештар ба қишрҳои гуногуни ҷомеъа, эҷоди умедҳои мусбат дар  зеҳни мардум дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва динӣ бояд яке аз роҳкорҳои аслии мақомоти давлатӣ бошад. Танҳо бо ҳамин роҳ метавон руҳияи эътирозии мардумро коста ва эътимод ба мақомотро аз нав барқарор кард ва пеши роҳи таъсири ҳамагуна дасисаву иғворо гирифт.

Худованд миллату кишвари азизи моро дар паноҳи исмати хеш ҳифз намояд ва ваҳдату бародарӣ, сулҳу суботро то абад насиби мо бигардонад!

Шӯрои сиёсии ҲНИТ

08 октябр 2014

More From Author

You May Also Like