Categories ҶОМЕА

Барои як ҷинояткор ҳукми қатл хуб аст ё ҳабси абад?

Барои як ҷинояткор ҳукми қатл хуб аст ё ҳабси абад?
Дирӯз дар бинои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) мизи мудаввар дар робита ба рӯзи ҷаҳонӣ алайҳи ҳукми қатл баргузор гардид. Ва дар ин мизи мудаввар кормандони ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, намояндагони ташкилотҳои байналхалқии Тоҷикистон ва сохторҳои қудратии кишвар иштирок доштанд.
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон, ки дар ин нишаст иштирок дошт мегӯяд, “давлати Тоҷикистон якчанд ташаббусҳоро дар ин самт пеш гирифтааст, аз ҷумла соли 2012 дар Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон дар СММ Тоҷикистон тавсифи ин Шӯроро қабул кард. Ва барои барҳам додани ҷазои қатл дар назди президент аз ҳисоби роҳбарони вазоратҳои қудратӣ, судҳо ва прокуратура як гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст, ки вазифаи ин гурӯҳи корӣ омӯхтани асосҳои ҳуқуқӣ-иҷтимоии аз байн бурдани ҷазои қатл мебошад”.
Ба гуфтаи ҷаноби Ализода ҳоло аз ҷониби мутахасиссон ва ин гурӯҳи корӣ якчанд пешниҳодҳо ҳастанд, ки бо кадом роҳҳо мо метавонем ҷазои қатлро аз қонунгузорӣ берун кунем.
Барои пурра аз байн бурдани ҳукми қатл дар Тоҷикистон бояд дар миёни мардум райъпурсӣ гузаронида шавад, ки ин ҳам ё бо ташаббуси президент ва ё бо ташаббуси парлумони кишвар амалӣ мегардад, мегӯяд Зариф Ализода.
Тибқи гуфтаҳои иштирокчиёни ин нишаст аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти кишвар миёни мардум райъпурсӣ гузаронида шудааст ва дар он маълум гаштааст, ки 80 дарсади мардум зидди ҳукми қатл мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки Низом Абдулоев, як сокини пойтахт мегӯяд бигзор ҳукми қатл бошад, зеро нафаре, ки як кӯдакро таҷовуз мекунад ва ё як оиларо ба қатл мерасонад, пас чигуна бояд ӯро қатл накард? Ҳамчунин ин сокини пойтахт мегӯяд ҳукми қатл дар кишваре чун Тоҷикистон бояд нисбати гирифтани пора бошад! Бубинед, Хитой бо он, ки аз ҳама аҳолиаш зиёд асту бо аҳолиаш ҷаҳонро тасхир мекунад, барои гирифтани пора дар ин кишвар мансабдорон ба қатл маҳкум мешаванд. Агар Хитой бо ин роҳ кишвари зиёда аз 1 миллиарду 300 милион нафараашро аз гурӯснагиву бараҳнагӣ раҳонидааст, пас мо чаро натавонем, ки 8 миллион аҳолиро ба зиндагии шоиста таъмин кунем. Бовар дорам, ки ҳадди ақал дар муддати як сол ҷорӣ кардани ҳукми қатл нисбати порагирии мансабдорон ин камбудӣ ба тамом нест мешавад. Агар қатл ҳам нашаванд маратория шаванду 30 сол ҳабс шудани порахӯрон олиҷаноб мешавад.

Шуҳрат Латипов, коршиноси тоҷик бар ин ақидааст, ки ҳеҷ кас ҳуқуқи касеро беҷон кардан надорад. Лек ҷиноятҳое ҳастанд, ки ҷинояткор сазовори ҳукми қатл аст. Бо бекор кардани ҳукми қатл ҷиноятро пешгирӣ карда намешавад. Ҳамчунин барои ба умрбод маҳкум кардани ҷинояткор давлат бояд якуминдараҷа реформаи системаи нигаҳдории маҳбусонро ба роҳ монад. Ҳоло Тоҷикистон дар маҳбасҳо шароите, ки дар мамлакатҳои Аврупо ҳаст, надорад. Дар маҳбас бояд ҷинояткор ислоҳ шавад. Лек мебинем, ки баръакс аксаран боз даст ба ҷиноят мезананд. Бо пурзӯр намудани ҷазо низ пешгирии ҷиноят номункин аст. Аз ҳамин лиҳоз ин мавзӯъ хело баҳсангез аст. Назари ман дар он аст, ки агар Суд мустақилияти пурраро гирифт баъд метавон гуфт, ки ин мавзӯро баррасӣ кард. Читавре аз матбуот огаҳ ҳастем ҳоло Судҳо мустақилияти пурра надоранд, ришвагирӣ ва дигар омилҳо сабаб шуданашон мункин аст, ки шаҳрванд нодуруст ҳукм карда шавад.
Вале Зайнаб муаллимаи яке аз Донишгоҳҳои кишвар мегӯяд ҳукми қатл бояд нисбати педофилон бошад. Ҳамаи мо бо шунидани хабаре, ки калонсоле кӯдакеро таҷовуз карда куштаст, дар даҳшат меафтем. Ва баъдан худро гуманист вонамуд карда, ҳар ҷо аз барҳам додани ҳукми қатл даъво пеш меорем. Вале тассавур кунед, Худои накарда, ҳамин амал дар наздикони мо рӯх диҳад, ҳатто худамон тайёр мешавем, ки он нафарро ба дасти худ бикушем!

Ин дар ҳолест, ки 3 сол қабл Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо изҳороти кушод ба сарвари давлат муроҷиат карда буданд, ки дар он роҷеъ ба пурра бекор сохтани ҳукми қатл дар кишвар далелҳо оварда шуда буд. Дар изҳороти мазкур гуфта мешуд, ки 30-юми ноябри соли 2011 ҳудуди 1,5 ҳазор шаҳр, 87 кишвар ва 66 пойтахти кишвари ҷаҳон дар аксия таҳти унвони «Шаҳрҳо барои ҳаёт, шаҳрҳо муқобили ҳукми қатл» иштирок карда, бо ин амал арзиши ҳаётро эътироф месозанд ва муқобили ҳукми қатл будани худро нишон медиҳанд.

Дар таърихи 11-уми ноябри соли 2010 Кумитаи сеюми СММ қатънома дар бораи эълони моратория ба истифодаи ҳукми қатлро қабул кард. Кумита аз кишварҳои иштирокчӣ даъват ба амал овард, ки «ба истифодаи ҳукми қатл моратория ҷорӣ намоянд». Қатъномаи мазкур бо 107 раъйи «ҷонибдор», 38 раъйи «муқобил» ва 36 раъйи «бетараф» қабул шуд.

Ҳуқуқшиносон бар ин ақидаанд, ки дар шароите, ки маҳбасҳои Тоҷикистон доранд, аз ҳукми қатл дида, ҳукми абад мушкилтар аст. Бояд қайд намуд, ки бори нахуст дар дунё ҳукми қатл соли 1786 бекор карда шудааст. Ва то имрӯз 139 кишвари олам аз ҳукми қатл қисман ё ба куллӣ даст кашидаанд. Ва айни замон ҳукми қатл дар 70 кишвари дунё ба назар мерасад, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтае ба монанди Амрикову, Ҷопону Чин ва ғайраҳо.

Гуфта мешавад ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз соли 2004 инҷониб маратория эълон шуда, ба ҷои он ҳукми ҳабси абад амал мекунад.

More From Author

You May Also Like