Яке аз кормандони СММ, ки дар Либерия ба вируси “Эбола” мубтало шуда буд, дар бемористоне дар Олмон даргузашт. Ба гузориши хабаргузории “euronews”, ин фарди 56 сола, ки ҳафтаи гузашта ба Олмон мунтақил шуд, яке аз се фардми мубтало ба “Эбола” дар ин кишвар буд.
Бар асоси гузоришҳо яке дигар аз мубталоёни ба ин вирус дар Олмон пас аз 5 ҳафтаи дармон беҳбуд ёфта ва аз бемористон ҷавоб дода шуд, аммо фарди саввум ҳамчунон бистарӣ ва таҳти муолиҷа қарор дорад.
Вируси “Эбола” илова бар куштани беш аз 4 ҳазор нафар дар Африқо, акнун дар Олмон, Испания ва Амрико низ қурбонӣ гирифтааст. Тибқи хабаргузории мазкур, то кунун беш аз 8 ҳазору 300 нафар мавриди ибтило ба ин вирус сабт шудааст.