Илм ва донишварӣ аз замони қадим ва пайдоиши Одам (а) сарчашма гирифта ва дар ҳама давру замон миллатҳои гуногун дар кашф ва пешравии он саъю талошҳое анҷом додаанд. Аз ҷумла дар ин росто саъю кӯшиши мардуми мусалмон низ то ҷое назаррас буда, ҳатто дар такмил ва сайқали бахше аз самтҳои илм дастовардҳо ва кашфиётеро ба мерос гузоштаанд. Дар ин росто метавон гуфт, ки мардуми мусалмон ва хусусан донишмандони он дар ҳама асру замон дар баробари дигар қавму миллатҳо заҳмату талошҳои илмии худро дареғ надошта, барои пешрафти илм ва ҷомеаи мусалмонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Пас метавон гуфт, ки дар ҳама бахшу қисматҳои илм бузургон ва донишмандони исломӣ мақоми худро дошта ва ҳатто номи худро ҳамчун кошиф боқӣ мондаанд. Барои мисол, тайи чандин қарн, донишмандони мусалмоне, ки ҳар як дар риштаи марбутаи худ саромади даврон буданд, илмро фаъолона дар бисёре аз сарзаминҳои ҷаҳони Ислом пайрезӣ карданд. Пеш аз ҳама дастовардҳои Ҷаҳони Исломро дар бахши тарҷума метавон ёдовар шуд. Ҷунбиши тарҷума, ки дар давраи Бани Умая, ба хусус тавассути Холид писари Язид (вафот 704 м), Шомӣ ва Ибни Муқаффаъ (вафот 759) оғоз гардида буд, дар давраи Аббосиён ба вижа дар замони Маъмун (786 – 833), ки ҳомии бузурги улум ва фунун буд, ба авҷи худ расида.
Маъмун дар Бағдод китобхонаи бузург бо номи “Байтулҳикма” доир кард ва таҳти назорати Ҳунайн писари Исҳоқ (вафот 873 м) мактаби махсуси тарҷума таъсис кард. Дар ин мактаб ва ё донишгоҳ, матнҳои гуногун ба забонҳои гуногуни он давр тарҷума мешуданд. Аз ҷумла, матнҳои юнонӣ ё мустақиман аз юнонӣ ё ба воситаи сирёнӣ ба арабӣ тарҷума мешуд. Пас аз тарҷума ва чопи ин дастовардҳо, бузургон ва мусалмонон аз ин ганҷинаҳо истифода мекарданд. Ҳамзамон пас аз мутолиа ва таълими китобҳои тарҷумашуда, онҳо дар муқоиса бо улуми исломӣ ба кори асили худ мепардохтанд. Ҳамин тариқ бузургон ва донишмандон бо тарҷумаи китобҳои гуногуни дунё тавонистанд, ки фарҳанг ва маданияти исломиро тараққӣ бахшанд. Лозим ба ёдоварист, ки уламо ва бузургони Ислом дар чор бахши илм, риёзиёт, нуҷум, кимиё ва физик бузургтарин саҳми худро гузошта ва дар он кашфиётеро барои бозмондагон ба мерос мондаанд. Вобаста ба ин метавон чанд мисолеро аз корнамоиҳо ва дастовардҳои онҳо ҳамчун намуна баён дошт.
Риёзиёт
Аксар андешамандони исломӣ ҳама шохаҳои риёзиёти имрӯзро ба талошҳо ва кашфиёти донишмандони мусалмон нисбат додаанд. Ба гуфтаи онҳо донишмандони мусалмон дар ин росто саҳми бузурге гузоштаанд. Ҳамзамон арзишмандтарин саҳми мусалмонҳо дар риёзиёт ба кор бастани адади арабӣ ва системаи ададҳои “даҳ, даҳӣ” аст. Пеш аз қарни нуҳум (қарни 3 ҳ, қ) адади рӯмӣ маъмул буд, ки дар он “сифр” вуҷуд надошт. Мусалмонон “сифр” – ро маъмул карданд, ки кори риёзатро содатар мекард. Аврупоиҳо дар ин самт равиши наверо “Алгоризм” номиданд, ки аз номи Муҳаммад писари Мусои Хоразмӣ (вафот 85м) гирифта шудааст. Хоразмӣ, риёзидони бузурге буда, ки илова бар кашфиёти илмии худ дар соҳаҳои гуногуни илм, дар ҷабр “Алгебра” ва риёзиёт низ осори муҳиме таълиф кард. Китоби ҳисоби “Алҷабр ва муқобала” – и ӯ то қарни 16 аз матнҳои аслии дарси риёзиёт дар донишгоҳҳои аврупоӣ ба шумор мерафт.
Ҷабр, ки кашфиёт ва талоши Хоразмӣ буд, ба ақидаи коршиносон, баъдан тавассути Умар Хайём (вафот 1121 м) такмил гардид. Умар Хайём, ки бештар дар Тоҷикистон бо эҷоди рубоъиёташ шуҳрати беандоза дорад, аммо дар асл вай яке аз донишмандони бузург дар кашфи фанҳои дақиқ дар дунё маъруф аст. Хайём ҳандасаи таҳлилиро такмил бахшидааст. Абуалӣ Ҳасан писари Ҳайсам (вафот 1039 м) ва Собит писари Қурра (вафот 901 м) пештозон ин риштаҳо буданд. Синус ва косинус, ки як риштаи ин соҳа ба шумор мераванд, тавассути риёзидонони мусалмон ташаккул гирифта. Муҳаммад писари Баттонӣ (вафот 929 м) бунёнгузори ин ришта ба шумор меравад. Дар ҷамъбандии дастовардҳои риёзидонони мусалмон мушоҳида мешавад, ки онҳо мафҳуми ададро такмил доданд ва илми ҷабрро сайқал бахшиданд. Ҳамчунин онро ба сурати низомдор дароварданд ва робитаи онро бо ҳандаса ҳифз намуданд.
Нуҷум
Илми нуҷум назди мусалмонон аз улуми дақиқае буд, ки таҳти унвони риёзиёт табақабандӣ мешуд. Мавқеъият, ҳаракот ва фосилаи ситораҳову баёни онҳо ба забони риёзӣ, ҳамчунин таъйини авқот ва фаслҳо аз ҷумлаи мавзуъҳои нуҷум буд. Нуҷум дар дарёнавардӣ ва сафар дар биёбонҳо низ коромад дошт. Мунаҷҷимони мусалмон дар ҷараёни фаъолиятҳои худ расадхонаҳое (обсерватория) сохтанд ва ибзору васоили расад карданро кашф ва такмил карданд. Истирлоб (астролябия), соат, сӯзанҳои магнитӣ (барои дарёнавардӣ), қутбнамо ин ҳама абзору васоили гуногуне мебошанд, ки барои таҳқиқ ва амалӣ намудани ин илм аз тарафи мусалмонҳо пешбинӣ шуда буданд. Бо ин тартиб дастовардҳои умдаи онҳо дар заминаҳои расад, ибзорсозӣ, ва такмили мусалласоти куравӣ (тригонометрия) барои ҳалли масоили риёзиёти нуҷумӣ будааст.
Дар ин ҷо машҳуртарин мунаҷҷимони мусалмон фақат номи чанд тан, аз ҷумла, Баттонӣ, Фарғонӣ, Ибни Юнус (вафот 1009 м), Берунӣ (вафот 1048 м), Абумаъшар (вафот 886 м) ва Ибни Қурраро метавон ёдовар шуд. Ҳамаи онҳо дар рушди илми нуҷум саҳм доштаанд. Ба гуфтаи коршиносон, саҳми ин бузургон дар ҳоле буд, ки Аврупо ҳанӯз дар ришта ҳарфе барои гуфтан надошт ва таъсири ин осори нуҷумӣ бисёр васеъ буд. Барои мисол номи бисёре аз ситораҳо дар замонҳои аврупоӣ маншаъи арабӣ дорад, аз ҷумла Deneb (занб, дум), Pherkad (фурқад, гӯсола), Acrob (ақраб), Altair (Аттайр, парранда) ва вожаҳое чун Zenith (самтурраъс), Nadir (назир) ва Azimuth (Ассамт), ки ҳамагӣ ёдовари осори муҳаққиқони мусалмон аст.
Кимиё (химия)
Шимӣ ё кимиё яке аз нахустин улуме буд, ки дар дунёи Ислом густариш пайдо кард. Ҳамзамон ба ақидаи соҳибназарон калимаҳои “Chemistry”, “Alchemy” низ тарҷумаи вожаи арабии (кимиё) аст. Ба ақидаи донишмандон илми кимиё тавассути Ҷобир писари Ҳайён (вафот 765 м) ва Розӣ (вафот 929 м) ба як илми таҷрибавӣ мубаддал гардид. Илова бар кашфҳои муҳиме, ки дар ин соҳа аз тариқи мусалмонон сурат гирифт, саҳми асосии кимёдонони мусалмон беназир аст. Ҷобир писари Ҳайён падари илми кимиё шинохта шудааст. нақши ӯ дар ин ҷода назири нақши Арасту дар фалсафа аст. Вай равишҳои теклис, таблур (кристал), маҳлулсозӣ, тасфия ва эҳё ё истиҳоларо такмил кард. Ӯ озмоишгоҳи бузургеро дар Куфа дошт, ки ду қарн пас аз вафоташ кашф гардид. Кашфиёти ӯ дар дувоздаҳ қарн пеш, ҳанӯз ҳам дар илму таҳқиқи кимиёи имрӯз ҳам муътабар аст. Аз ҷумла тасфияи фулузот (филтр кардани метал), ранг кардани либос ва чарм, зидди об кардани либос аз тариқи навъе равғани ҷило ва пешгирӣ аз ранг задани оҳан.
Шайх Розӣ, ки дониши пизишкии вай шӯҳрати бештаре дорад, дар илми кимиё низ нақши бузурге доштааст. Вай озмоишгоҳе дошт ва таҳқиқоти илмӣ, мушоҳидаҳои худро амалӣ мекард. Розӣ аввалин касе буд, ки фаровардаҳои кимиёиро ба се даста, маъданӣ, наботӣ ва ҳайвонӣ тақсим кард. Розӣ нахустин нафаре буд, ки пас таҳқиқоти худ эълом кард, ҳар мавҷуди зинда бар вокунишҳои печидаи кимиёӣ мубтанӣ аст. Аммо дар баробари Розӣ ва Ҷобир, олимон ва донишмандони зиёде буданд, ки дар ин ҷода саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва таҳқиқоти худро дар ин илм ба мерос мондаанд. Барои мисол, метавон чанде аз он бузургон номгӯ кард: Муҷритӣ (вафот 1007 м), Муқаддасӣ (қарни 10 м), Ибни Ҷазла (вафот 1080 м), Ироқӣ (қарни 13 м) ва ғайра …
Физика
Дар таҳқиқ ва кашфиёти илми физика низ саҳми бузургони динро метавон мушоҳида кард. Онҳо дар ин росто низ тавонистаанд, ки аз худ корнамоӣ ва дастовардеро рӯи кор биёранд. Аз ҷумла Қутбуддини Шерозӣ, Ибни Ҳайсам, Берунӣ, Абдурраҳмони Хозанӣ касоне ҳастанд, ки дар илми табиат меросе гузоштаанд. Кори Ибни Ҳайсам дар нуршиносӣ (Optics) бисёр пураҳамият буд ва аз ин сабаб ӯро бунёнгузори нуршиноси мудерн медонанд. Китоби “Алманозир” – и вай ба лотинӣ тарҷума шуда ва то имрӯз мавриди таҳқиқ қарор дорад. Ӯ дар китоби худ қонуни шикасти нурро дар ҳангоми убур аз ду воситаи гуногун таъйин кард.
Берунӣ нобиғаи дигаре буд, ки ҷуғрофидон, риёзидон, мунаҷҷим ва физикдон буд. Китоби “Аттафҳим лиавоили танҷим” – и вай тайи чанд қарн матни дарсӣ буд ва “Қонуни масъудӣ” – и ӯ асари классикии нуҷуми исломӣ маҳсуб мешавад. Дар умӯм, агар ба таърихи илм ва кашфиёт дар олами Ислом назарпардозӣ шавад, маълум мегардад, ки аксар илмҳои муосир, ки имрӯз мардуми Ғарб бо он ифтихор доранд, дар онҳо кӯшиш ва талоши мардуми мусалмон беназир аст. Аммо ҷои таассуф аст, ки дар дунёи имрӯз мардуми мусалмон дастовардҳои гузаштагони худро аз даст дода ва онро бегона кардаанд, ки бегонагон бо истифода аз мероси гузаштаи мусалмонон истифода карда ва онро моли худ шуморидаанд. Аммо дар асл беҳтарин талош ва таҳқиқ дар илмҳои гуногун саҳми мусалмонҳо низ бисёр аст.
Ҳувайдои Абдуллоҳ