Categories ҶОМЕА

Парвандаи Фирӯз Холиқзода ҳамоно норӯшан аст!

Парвандаи Фирӯз Холиқзода ҳамоно норӯшан аст!

Фирӯз Холиқзода, ки дар марги Зеварбону Пироваи 53-сола муттаҳам мешуд Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаиӯ шурӯъ кардааст.

Фирӯз Холиқзода, ёрдамчии додситони Исмоили Сомонии пойтахт субҳи 28 сентябри соли ҷорӣ бо мошини худ, тамғаи “Мерседес” Зеварбону, як зани роҳрӯби 53-соларо дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, рӯбарӯи меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” ба таври “даҳшатовар” пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Баъд аз пахши мошин ҷасади ин зан ба ду қисм ҷудо шуда, ду роҳрӯби дигар, ки ин манзараро медиданд, аз ҳуш рафта, дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ шуда буданд.

Ба гуфтаи ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ин ҳодиса будаанд, мошин баъди пахш кардарни зани роҳрӯб, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вале баъд аз чанде Фирӯз Холиқзода дастгир шуда, то ҳол дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад.

Ҳарчанд аз ин қазия ду ҳафта гузашта бошад ҳам, вале ба гуфтаи шавҳари ин зан Мирзо Муродов то ҳол аз мақомоти тафтишотӣ ягон нафар онҳоро нисбати ин ҳодиса пурсон ҳам нашудааст.

Бояд гуфт, ки Зеварбону Пирова соҳиби чаҳор фарзанд буда, шавҳару писари калониаш ҳангоми фавтиданаш дар Русия дар мардикорӣ буданд. Аз ин рӯ онҳо натавонистанд ҷасади ин занро бубинанд. Аз оне, ки Холиқзода бо суръати баланд ҳаракат мекард ва ин боиси марги як зан шуд, хонаводаи Зеварбону мехоҳанд Холиқзода муҷозот шаваду ин корбарои дигарон дарси ибрат шавад.

Ба иттилои Мақомоти Бозрасии Давлатии Автомобилии кишвар аз 1 ҳазору ҳаштод садамаи нақлиётӣ, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ рӯх додааст, 300 нафари онҳо ҷони худро аз даст додаанд. Ва дар баробари фавтидаҳо 1 ҳазору 265 нафар низ захмӣ шудаанд. Ин теъдод дар соли гузашта ба 1 ҳазору 230 ва теъдоди фавтидагон ба 400 нафар баробар буд.

Сабаби зиёд шудани садамаҳои нақлиётиро Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик дар зиёд шудани аҳолӣ дида мегӯяд, шаҳр ва роҳҳои Душанбе тақрибан барои 500-600 ҳазор аҳолӣ ҳисоб карда шудааст. Илова бар ин ин коршинос иброз медорад, ки имрӯз ба таври ғайрирасмӣ зиёда аз як миллион зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин хориҷиҳову дигар меҳмонҳо низ зиёд аз пойтахт дидан мекунанд.

Ин коршинос пешниҳод мекунад, ки бо сохтани биноҳои баландошёна масъалаи роҳҳо баррасӣ карда шаванд ва роҳҳои алтернативӣ низ бояд бошад. Дар замони шӯравӣ барои харидани нақлиёт, бахусус барои шаҳрвандон бидуни мувофиқа бо мақомоти амниятӣ ва иҷозати мақомоти давлатии Иттифоқи касаба ва баъзе дигар созмонҳои иҷтимоӣ имконият набуд. Вале имрӯз аз сабаби муносибати бозоргонӣ шаҳрвандон дарҳол кушиш мекунанд, ки аввал нақлиёти сабукрав дошта бошанд ва он ба як ниёзи аслии инсонҳо табдил шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар моҳҳои охир садамаи нақлиётӣ ва бархе амалҳои мақомоти қудратӣ ва фарзандони масъулони баландпоя сарусадои зиёде ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла тирпаронии Рустам Ҳукумов ва садамаи Расул Ҳукумов аз доғтарин хабарҳои расонаҳо дар чанд моҳи охир будаанд. Ҳоло маълум нест, ки Фируз Холиқзодаро чӣ ҳукме интизор аст ва оё ин қазия ҳам мисли қазияи Расул пурбаҳс боқӣ мемонад ва ё ҳалли худро меёбаду хомӯш мешавад.

More From Author

You May Also Like