Тибқи гузориши хабаргузории “Персик”, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҳамоиши сармоягузории Созмони ҳамкориҳои исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 27 – 28 октябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе навишта, ки ин ҳамоиш ба мақсади баррасии масоили бештар кардани сармоягузорӣ дар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯби барномаи Созмони конфронси исломӣ анҷом хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, барномаи ин анҷуман шомили баррасӣ ва табодули назар дар робита ба санъати кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва коҳиши фақр буда ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши омӯзиш ва таълим, фановарӣ ва ғайра мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.
Вазорати мазкур тасреҳ карда, ки ҳамоиши Душанбе бо ҳузури намояндагон ва ҳайатҳое аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон баргузор мешавад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, бо таваҷҷуҳи ниёз ба афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ ва тақвияти ҳамгироии иқтисодӣ, Афғонистон ва Озарбойҷон низ ба ин ҳамоиш даъват шуда ва ҳайатҳои ин ду кишвар, ки дар радифи кишварҳои Осиёи Марказӣ узви Созмони конфронси исломӣ ҳастанд, дар баҳсу баррасиҳои масъалаҳо ширкат мекунанд.