Меҳан,дон,ки фарзанди зорат манам,
Зи пайванди хешу таборат манам!
Ба ҳар зарра хокат дилам доғ-доғ,
Ғарибам,вале дар канорат манам!
Агарчӣ зи қисмат шудам аз ту дур,
Вале дон ки андар суроғат манам!
Ҳама бо ту лофи муҳаббат зананд,
Бидон ошиқи сарбадорат манам!
Агар нокасе қасди ҷонат кунад,
Чу шер аз паи интиқомат манам!
Касе марзу бумат хиёнат кунад,
Бидон душмани он хиёнат манам!
Меҳан, ҷони ман, зиндаам бо ту ман,
Фидои чу шаккар забонат манам!
Шабу руз беғам шав, осуда зи,
Сипоҳи шабу рӯзи дорат манам!
Агар тоҷикӣ будан армони туст,
Бидон тоҷики тоҷдорат манам!
Ба дил парварад Шаҳриёр Орзу,
Дуогӯи панҷ вақт намозат манам!
Шахриёри Орзу