Варзишгари ҳаваскори Қазоқ, Дулат Имангалӣ, сарфи назар аз ҳама мушкилот ва сахтии роҳ то Маккаи мукаррама давидааст. Пас аз анҷоми маросими ҳаҷ Дулат ба шаҳри Атирау парвоз кардааст, хабар медиҳад нашрияи «Постсовет.ру».
Ба гуфтаи Дулат дар ҷараёни ин масофаи тайкардааш бисёр вохӯриҳо ва ҳодисаҳои хотирмон рӯх додааст.
Дар тамоми ин сафар Дулат кӯшиш ба харҷ додааст то бо телефони мобилиаш рафти сафари худро наворбадорӣ намояд. Дар ҳоле, ки чандин маротиба телефонашро гум кардааст. Ҳанӯз дар теппаҳои наздики шаҳри Актау ӯ дарк мекунад , ки панҷ соат қабл телефони мобилиашро гум кардааст,варзишгар пас мегардад ва телефони худро бидуни ягон осеб пайдо мекунад.
“Дар Озарбойҷон, Ирон, ҳатто дар Маккаи мукаррама, ки миллионҳо нафар зоирони хонаи Худо ҳузур пайдо мекунанд, телеофони гумшудаи манро бароям бармегардониданд”, қайд мекунад, Дулат Имангалӣ.
Дулат бо шавқ таъкид мекунад, ки: “ҳар мавқеъ афроди ношинос аз ҳоли ман ва зодгоҳам огоҳ мешуданд, ангушти сабобаи худро баланд мекарданд ва бо меҳр даст бар шонаи ман мезаданду бо садои баланд Қазоқистон-Қазоқистон мегуфтанд. Вақте дигарон номи ватанамро зикр мекарданд ман эҳсоси ғурур ва ифтихор мекардам”.
Дар шаҳри Маккаи мукаррама ман на танҳо барои худ намоз гузоридаму дуо кардам, балки барои пайвандону наздикон ва шахсоне, ки барои ин сафари муборак ва тулонӣ маро кӯмак карданд, инчунин барои рушду тарақӣ ва сулҳу субот дар кишварам дуо кардам, мегуяд Ҳоҷӣ Дулат Имангалӣ.
М. Асозода