Муҳтарам раисикунанда, ъзоёни раёсат, вакилон, ва меҳмонони гиромӣ
Имрӯз мо дар муҳокимаи парлумоние ҳузур дорем, ки дар он иҷроиши нуҳмоҳаи буҷети кишвар дар соли 2014 баҳсу баррасӣ ва таҳлил мегардад. Мо дар ин муҳокима шоҳиди ироаи ҳисоботи Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, вазорати молияи кишвар ва дигар ниҳодҳои марбута оиди ин иҷроиши буҷет гардидем. Воқеъан метавон гуфт, ки ҳисоботҳо дарбаргирандаи фаъолияти тамоми соҳаҳои муҳими кишвар буданд, ки ё дар қисми даромадҳо ва ё дар қисми хароҷотҳои буҷети кишвар саҳим мебошанд.Аз гузориш бармеояд, ки иҷроиши буҷет ҳам дар бахши доромадҳои он ва ҳам дар бахши хароҷотҳояш дар нуҳ моҳи сипаришуда чи дар сатҳи ҷумҳурӣ ва чи дар сатҳи маҳаллӣ барзиёд иҷро гардидаанд ва дар ин ҷодда мушкилоти ҷиддие вуҷуд надорад. Ниҳодҳои марбута дар якҷоягӣ масъулияти хешро ҷиҳати иҷроиши буҷети кишвар метавон гуфт, ки қисман хуб анҷом додаанд. Вале мутаассифона боз ҳам соҳаҳо ва ё ширкатҳою корхонаҳое ҳастанд, ки дурнамои фаъолияти хешро ба таври аҳсан барномарезӣ накардаанд ва дар натиҷа маблағҳои камтаре ба буҷети кишвар ворид намудаанду дар иҷроиши буҷет костагӣ ба вуҷуд овардаанд. Барои мисол андоз аз фуруши нахи пахта, ки танҳо (51,9%) иҷро гардидааст ва андоз аз фуруши алюминий, ки танҳо (6,8%) иҷро гардидаасту халос. Дар ҳоле, ки инҳо бузургтарин андозсупорандагони кишвар маҳсуб мешаванд.
Ҳамчунин иҷро нагардидани нақшаи андоз аз фоида ва аз арзиши иловашудаи дохилӣ низ аз ҷониби корхонаҳо ва ширкатҳои бузурги кишвар ба назар мерасад, мисли КВД «Роҳи Оҳани Тоҷик», ки маблағи 61,4 млн.сомонӣ ва ШСХК «Барқи Тоҷик» ба маблағи 91,1 млн. сомонӣ ва КВД «Ширкати Алюмини Тоҷик» ҳудуди 100 млн. сомонӣ андозро кам ворид кардаанд, ки ин иҷроиши буҷетро дар баъзе кисматҳояш ба мушкил мувоҷеҳ намудааст Ин ҳолат бошад дар нисбати баъзе ширкатҳо маддати солҳост, ки беҳбуд пайдо накардаас. Бинобарин ҳукумати кишварро лозим аст, ки ҷиҳати ислоҳи вазъияти мавҷуда дар ин ширкатҳои азими кишвар таҷдиди назар намояд.
Аз ҳисобот низ бармеояд, ки кишвари мо ҳоло ҳам барои кишварҳои хориҷӣ ҳамчун бозори истеъмолӣ боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки Маҷлиси намояндагон ворид намудани тамоми таҷҳизоту технологияҳои истеҳсолиро аз боҷи гумрукӣ ва аз тамоми андозҳо озод намудааст ва аз кушода шудани садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ дар ВАО ахборот дода мешавад.
Аз маблағи зиёда аз чаҳор млрд доллари амрикоӣ, ки гардиши солонаи ба расмият даровардашудаи савдои хориҷии кишварро ташкил медиҳад, маблағи 3,526 млн. доллораш ба воридот рост меояд, ки нисбати соли гузашта зиёда аз 20% боло рафтааст инҷо атрофи воридоти қочоқӣ, ки шояд зиёдтар аз ин маблағ бошад ҳарфе намезанем, вале мутаассифона аз ин маблағ танҳо 776,9 млн –аш ба содирот рост меояд, ки аз соли гузашта ба маблағи 103,2 млн ва ё 11,7 % камтар аст. Ин миқдори ночизи содирот ҳам мутаасифона боз шомили алюмин ва нахи пахта мебошад, ки ҳамчун ашёи хом содир мегардад.Яъне наметавон гуфт, ки аз кишвари Тоҷикистон мол ва ё маҳсулоти саноъатие ба хориҷ аз кишвар содир гардидааст. Воқеъан ин ҳолат барои иқтисодиёти ҳар кишваре нигаронкунанда мебошад.
Инҷо бо баҳсу баррасии ин мавзӯъ аз масъулини дахлдор ва аз истеҳсолкунандагони ватанӣ талаб карда намешавад, ки молҳои истеҳсолкардаи хешро ба хориҷи кишвар содир намоянд, балки танҳо аз онон умед ва хоҳиш мешавад, ки ақалан талаботи бозори дохилии кишварро қисман таъмин намоянд, то қадам ба қадам воридоти молҳои наёзи мардум аз хориҷ камтар гардад ва онҳо аз молу ашёи дар саноати ватанӣ истеҳсолшуда истифода намоянд ва бадин васила ҳам мардуми кишвар ва буҷети он ғанитар гардида наёзмандии миллат ба молу ашёи хориҷӣ коста гардад. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки саноати ватанӣ рушди лозим ва заруриро надорад. Ҳатман ин рушд накардани саноати ватанӣ ва ақалан дар бозор оҳиста оҳиста ҷои молҳои хориҷиро нагирифтани молҳои ватанӣ сабаб ва омилҳои худро дорад ва масъулини ҳукумати кишварро зарур аст то он сабаб ва омилҳоро пайдо намоянд ва баҳри илоҷи онҳо барномаи ҷиддиеро руи даст бигиранд ва ба ҳамин васила ҳам саноати кишварро рушд бибахшанд ва ҳам бозори дохилии кишварро аз монопалияи молҳои хориҷӣ наҷот бахшида онро ба маҳсулоти ватанӣ таъмин намоянд.
Инҷо мехоҳам атрофи тахсис додани буҷети кишвар ба ниҳодҳои ҳукумати кишвар низ андешаеро пешниҳоди шумо вакилони муҳтарам намоям Ҳама медонем, ки вазорати Тандурустӣ дуввумин вазорати масрафкунандаи буҷети кишвар маҳсуб мегардад бинобар ин расонидани ёрии тиббиро конститутсия барои шаҳрвандони кишвар дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ ройгон кафолат додаст, вале имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ёрии тибби комилан пулакӣ гардонида шудаанд ҳатто ворид гаштан ба чунин муассисаҳо низ пулакӣ шудааст ҳарчанд, ки амал ба назму низом дароварда нашудааст ва маълум нест, ки пули додаи мариз ба кадом ҳисоб меравад. Пас ман пешниҳод дорам, ки ё расонидани ёрии тиббӣ барои щаҳрвандони кишвар дар ин муассисаҳо комилан ройгон гардонида шавад ва ё маблағҳои барои табобат аз аҳолӣ мегирифта ба танзим дароварда шуда вазорат оҳиста оҳиста ба худкафоӣ бирасад ва буҷети кишвар ба ин вазорат сол ба сол кам карда шавад.