Categories ҶОМЕА

Н. Ғолибов: баъди Гул Шералӣ касе дастгирӣ намекунад

Ғолибов Нозим санаи 18.08.1995 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ҷавони мутадайин дорои андешаи солиму фаросати комил. Аз модар маҳрум аз неъмати биноӣ зода шудааст. Танҳо дар рӯзи равшан андаке аҳсоси биноӣ мекунаду бас. Ӯ хатмкардаи «Мактабинтернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ҳисор» мебошад. Ҳанӯз оиладор нашуда, вале дар фасли зебои баҳори имсола тасмими издивоҷ дорад. Сӯҳбате бо эшон доштем, ки фишурдаашро пешкаши хонандагони гиромӣ менамоем.

Лутфан бигӯед,оё дар зиндагӣ кадом шуғле доред?

Баноми Худванди бахшандаи меҳрубон. Албатта, банда чун хатмкардаи мактаби дар боло зикргардида мебошам, Худоро шукргузорам аз ин ки маро аз истеъдоду малакаи хубе бархурдор гардонидааст. Инро ба назар гирифта роҳбарии ташкилоти нобиноёни Данғараро ба ӯҳдаи банда гузоштанд. Имрӯз 150 нафар шомили ин ташкилотанд, ба қадри тоқати башарӣ ва имконот ба эшон кӯмаки моддию маънавӣ мерасонам.

Оё аз рӯи ин масъулият, ки бар ӯҳдаи Шумост, кадом маош ва ё кӯмаке бароятон тахсис дода шудааст?

Мутаасифона чунин ба назар мерасад, ки мақомоти маҳаллӣ дар ин росто камтаваҷӯҳӣ аз худ зоҳир мекунанд, чунки қонунан алъон фаъолияти мо мамнуъ аст. Пас аз сабукдӯш кардани Гул Шералиев аз вазифа касе моро дастгирӣ накардааст.

Бемории худро чигуна қабул мекунед?

Ин ваъдаи Худовандист, ки ҳар касе, ки дар ҳаёти ин дунёи маҳрум аз биноист, фардо дар рӯзи қиёмат аввалин чизеро, ки мушоҳида мекунад ин дидор ва ё ҷамоли Парвардигор аст, ки ҳеҷ неъмате дар дунё ва охират ба он баробар шуда наметавонад. Ва ин беҳтарин ваъдаи илоҳӣ барои бандагони оҷизаш мебошад. Инчунин дар ҳадиси муборак Расули акрам (с) фармудаанд, ки «Худованди мутаъол ба сабаби машаққат ва дард, мусибат ва андӯҳ, зарар ва ғам, ҳатто хоре, ки ба пои мусалмон мехалад, гуноҳон ва хатогиҳои ӯро мебахшад». Гарчанде аз биноии зоҳирӣ маҳрумам Худоро шукр биноии ботинӣ насибам гардидааст.

Чӣ орзуву таманиёте дар дил мепарваред?

Худованд дар каломи покаш хабар додааст, ки ҳар як соҳибрӯҳ, яъне соҳибҷонҳо чашандаи шарбати марганд, ҳоло, ки мо ҳаёт ба сар мебарем, вар рӯи хок то рӯзе, ки қадам мезанем, олитарин орзӯи ман пойдорӣ ва устувории адлу адолат, сулҳу субот дар ватани азизамон. Инчунин соҳиби иззату шараф будани уммати исломро дар саросари кураи замин таманно дорам.

Ташаккур барои сӯҳбат.

Сӯҳбаторо: М. Асозода

More From Author

You May Also Like