67 курсӣ аз 217 курсии парлумон ба Наҳзати Тунис расид

67 курсӣ аз 217 курсии парлумон ба Наҳзати Тунис расид

Тибқи гузориши сомонаи “Аларабия” Наҳзати Тунис дар интихоботи парлумонии ин кишвар аз 217 курсӣ 67 курсиро ба худ ихтисос додааст. Ин дар ҳолест, ки ҳизби дунявии “Нидои Тунис” беш аз 80 курсии парлумониро соҳиб шудааст.  

Вазорати дохилии Тунис гузориш додааст, ки интихобот дар фазои ором баргузор шуд ва мушкили амниятии ҷиддие дар ин рӯз ба вуҷуд наомад. Ба гуфтаи масъули камиссияи интихоботии ин кишвар 61% интихобкунандагон дар интихобот ширкат намудаанд. Натиҷаҳои ниҳоӣ ба зудӣ эълон хоҳад шуд. 

Дар интихоботи гузашта аксарияти курсиҳои парлумон дар ихтиёри наҳзати Тунис қарор дошт ва ин ҳизби исломӣ бо ҳамкории дигар аҳзоби дунявӣ ҳукумат ташкил намуда буд. Аммо бо оғози тазоҳурот алайҳи ҳукумат наҳзат то он ҳад гузашт намуд, ки ҳукумат ва парлумонро мунҳал кард ва барои баргузории як интихоботи озоди дубора ризоят дод.

Аммо ба гуфтаи шабакаи “Аларабия” бархе аз раҳбарони наҳзат ба натиҷаи интихобот эътироз доранд ва аз тақаллуб сухан гуфтаанд. Аммо Рошид Ғанушӣ таъкид кардааст, ки ҳануз ҳисоби раъйҳо идома дорад ва то охир бояд сабр кард. Ба назар мерасад, ки наҳзат ҳифзи арзишҳои муҳимме чун озодиро бар ҳифзи қудрат муқаддам мешуморад ва барои расидан ба як ҳукумати мардумсолори бо субот аз хеле ҳуқуқҳояш ҳозир аст даст бикашад.

More From Author

You May Also Like