Эдвардо Марио Гомез як кашиши испониёӣ баъди оне, ки аз сақфи калисояш афтод, муддати 17 моҳ дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон буд ва баъди 17 моҳ ба ҳуш омад ва ислом оварданашро эълон кард.
Кашиш Эдвардо 87 сол умр дорад ва 43 соли ҳаёташро дар ҷазираи Ҷофои Инданезия ба даъвати масеҳият гузаронидааст. Мардуми ин ҷазира ӯро хеле хуб мешиносанд.
Ӯ мегӯяд: “парвардигор ба ӯ илҳом кардааст, ки номам Аллоҳ аст, аз ман пайравӣ кун ва ислом биёвар”. Ба гуфтаи худи кашиш қаблан ӯ чизе аз Ислом намедонист ва ҳаргиз Қуръонро нахонда буд.
Баъд аз имон овардани ин кашиш аксарияти пайравонаш низ майл ба ислом кардаанд. Яке аз пайравонаш гӯфтааст, ки мо ба падари рӯҳонӣ Эдвардо бовар дорем, пас аллоҳ ҳамон маъбуди ҳақиқӣ аст ва намехоҳем рӯзи ҳисоб ҷузъи гуноҳкорон бошем.
Ин марди ҳидоятёфта вақте дар бемористон қарор дошт аз пайравонаш хост як масҷид бино кунанд. Тарафдоронаш ҳам бархостанду машғули ҷамъоварии сармоя шуданд. Ӯ калисояшро низ ба фуруш гузоштааст.
Ӯ мегӯяд бо яке аз донишмандони мусалмон суҳбат кардаму хостам калисоро ба масҷид табдил диҳам, аммо ӯ маро аз ин кор боздошт ва гӯфт ислом иҷоза намедиҳад ба ҳеҷ дин ва ибодатгоҳе беэҳтиромӣ карда шавад, бинобарин калисоро ба ҳолаш гузор ва ба фикри бинои масҷид бош. Чунин таълимоте имонамро ба ин дин устувортар гардонид.
Чӣ зебост агар воқеияти дини осмониамонро ба ҳамагон ба дурустӣ бифаҳмонем. Агар ҳамагон медонистанд, ки Ислом чи ҳуқуқҳоеро ба ҳамсояи ғайри мусалмони инсон додааст, чӣ эҳтиромеро ба ақидаву бовари инсонҳо қоил аст, чӣ сбару устувориеро дар баробари мушкилот таълим медиҳад ва чиқадар ба каромати инсонҳо арзиш қоил аст ҳаргиз мусалмонон касеро аз рафтани масҷид боз намедоштанд.
Агар инсонҳо медонистанд, ки дар ислом куштани як инсон баробари куштани ҳамаи башарият аст ҳаргиз даст ба хушунат намезаданд.
Кош мешуд, ки ба ҷои мубориза бо ислом ва дур кардани мардум аз дин, арзишҳои воқеии исломиро ба онҳо омузиш медоданд ва динро ҳамчун роҳнамои саодати дунё ва охират мепазируфтанд ва иншоаллоҳ чунин хоҳад шуду дин аз асоарти ифротгароҳои диниву дунявӣ раҳо хоҳад шуд.