Categories Ахбори рӯз

ЮНИСЕФ: 2/6 миллион кӯдаки дунё зери фақр қарор доранд

Гузориши нави созмони ЮНИСЕФ ҳокӣ аз он аст, ки буҳрони молӣ дар бисёре аз кишварҳои санъатӣ сабаби шиддати фақр дар миёни кӯдакон шуда. Ҳамзамон мизони сатҳи даромад кунунии хонаводаҳо дар бисёре аз кишварҳои санъатӣ ба сатҳи 10 сол пеш коҳиш ёфтааст.

Тибқи гузориши ин манбаъ, таҳқиқи нав, ки аз тарафи созмони мазкур анҷом шуда, баёни он мекунад, ки 2/6 миллион кӯдак аз соли 2008 то кунун дар пайи буҳрони молӣ ба зери хатти фақр рафтаанд.

Тибқи таҳқиқи муҳаққиқон дар робита ба вазъи кӯдакон, дар 14 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин узви СҲИ аксари кӯдакон бевосита бо сабаби буҳрони молӣ рӯ ба фақр овардаанд.

Ҳамзамон тайи чанд соли охир дар кишварҳои ҷангзада вазъи кӯдакон дар сатҳи паст қарор дорад, ки яке аз мушкилоти дигар ба шумор. Ин нооромиҳо дар кишварҳо сабаб шуда, ки чандсолаҳо ин кӯдакон аз ҳаёти осуда ва зиндагии ором маҳрум бошанд.

More From Author

You May Also Like