Categories Ахбори рӯз

Ӯзбактабори рус ҷоизаи “Нобел”-ро ба соҳибаш бармегардонад

РИА – новостӣ аз харидории ҷоизаи нобели Ҷеймз Вотсун донишманди маъруфи амрикоӣ тавассути Алишер Усмонов (миллиардери ӯзбактабори Русия) хабар дод.

Ба гузориши хабаргузориҳо, Алишер Усмонов ҷоизаи нобели донишманди амрикоиро ба маблағи 4/1 миллион доллар харидорӣ кардааст.

Дар гузориши расонаҳои русӣ ба нақл аз равобити умумии маҷмуаи “USM Holdings”, ки Ус монов саҳомдори умдаи он аст гуфта шудааст, Усмонов барои бозгардонидани ҷоизаи нобел ба Вотсун зистшиноси амрикоӣ онро харидорӣ кардааст.

Дар гузориш омадааст, ки ба ин васила Усмонов аз ин донишманд ва фаъолиятҳои вай ҳимоят кард.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷеймз Вотсун, ки бо ҳамроҳии ду донишманди маъруфи дигар дар кашфи сохтори молекулавии “ДИ ЭЙ ЭН” саҳми худро доранд, дар соли 1962 ҷоизаи нобели физикӣ ва пизишкиро касб карда буд.

More From Author

You May Also Like