Categories Ахбори рӯз

Кӯмаки БОР ба тарҳи роҳи оҳани Туркманистон – Тоҷикистон – Афғонистон

Намояндаи Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон эълом дошта, ки ин кишвар ҳанӯз дархости кӯмаки ин ниҳоди молиро барои тадвини тарҳи сохти роҳи оҳани Туркманистон – Тоҷикистон – Афғонистон ироа накардааст.

Хабаргузориҳо ҳокӣ аз онанд, ки намояндаи БОР тайи нишасти ахири худ дар Душанбе гуфтааст, ки БОР қарор буд бахши бузурги сармоягузорӣ дар ин масири муҳими минтақаӣ дар қаламрави Афғонистону Тоҷикистонро ба уҳда бигирад.

Бар асоси гузориши Бонки рушди Осиё, ин ниҳоди молӣ аз имкони ихтисоси 100 миллион доллар барои таъмини ҳазинаи сохти ин роҳ дар хоки Тоҷикистон эъломи омодагӣ карда буд. Аммо то ба ҳол масири дақиқ ин роҳ аз Афғонистон то ба Тоҷикистон мушаххас нашудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумотҳои қаблӣ аз соли 2015 сохти бахши тоҷикистонии ин роҳи онҳани нав оғоз шавад.

Ҳамзамон намояндаи бонки мазкур эълом карда, ки ин ниҳоди молӣ омодааст дар соли 2015 барои тадвини асноди фаннии ин роҳ ба Тоҷикистон 9 миллион доллар кӯмак кунад.

More From Author

You May Also Like