Categories Ахбори рӯз

Ш. Ҳакимов: “паёми раисҷумҳур нукоти наве надошт”

Муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон муътақид аст, ки дар паёми ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар ба парлумон, нукоти муҳиме, ки ҷомеаи мунтазири он буд мушоҳида намешавад.

Ба гузориши хабаргузории “TopTJ”, Шокирҷон Ҳакимов иброз дошта, ки паёми имсоли Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон монанди суханрониҳои солҳои қаблии вай буд.

Вай таъкид кардааст, ки бояд раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин паём дар бораи интихоботи соли ҷорӣ, идомаи сохти Неругоҳи Барқӣ – Обии Роғун, беҳбуди равобит бо бархе кишварҳои минтақа ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молии байналмилалӣ ба тави муфассал суханронӣ мекард.

Шокирҷон Ҳакимов таъкид карда, ки интизор мерафт Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мавзуи фасоди молӣ ва ришвахорӣ, ки мушкили асосии ҷомеа ба ҳисоб меояд, ҳамчунин мавзуи тамаркузи самтҳои муҳими давлатӣ дар дасти намояндагони як минтақа, ки сабаби коҳиши эътибори ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва беэътимодӣ ба амалкарди ҳукумат дар дохили ин ҷумҳурӣ мешавад, дидгоҳи худро иброз намояд.

More From Author

You May Also Like