Ҳамсари Мақсуд Ҷӯраев, ки дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Истаравшан табиб шуда кор мекунад, кормандони амнияти ноҳия ба ӯ гуфтаанд, ки “агар шавҳарат номзадиашро нагирад, ӯро «потставит» карда, ҳабс мекунем”-мегӯяд Қурбон Маҷидов, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Истаравшан.
Ҳамчунин ба гуфтаи Маҷидов “дигар номзадоҳои моро, ки дар бозор бо тиҷорат машғул ҳастанд, аз Кумитаи андози ноҳия фишор оварда ҷарима мекунанд, то ин ки аз номзадии худ ба вакилӣ аз Маҷлиси маҳаллӣ даст бикашанд”.
Чизи дигаре, ки моро нигарон кардааст, ин дар комиссияҳои ноҳиявӣ талаб кардани ҳаргуна ҳуҷҷатҳо, ҳатто аз номзадҳо талаби шаҳодатнома дар бораи хатми мактаби миёна дида мешавад – мегӯяд Маҷидов.