Categories Интихобот

Паёми муҳаббати наҳзат ба ҷомеа

Имрӯз ҳам дастиёрон ва гурӯҳҳои таблиғотии ҲНИТ бо паёми “муҳаббат, дӯстӣ, ёрӣ, мададкорӣ” ба кучаву хиёбонҳо ва боғҳои шаҳри Душанбе баромаданд. Ҳадаф аз таблиғоти имрӯз додани ин паём ба ҷомеаи кишварамон мебошад, ки мо ҳама ин Ватану миллатро дӯст медорем ва бо касе душманӣ надорем. Мо ҳам ҳаёти хубу осоиштаро хоҳонем ва оромишу осоиши ин сарзамин ва мардумонаш ҳадаф, орзӯ ва эътиқоди ҳамаи мост.

Чуноне, ки дар рӯзи пеш дастиёрони наҳзат ба қишрҳои гуногуни мардуми кишвар бо додани гули сияҳгуш паёми баҳорӣ ва дустии худро расониданд, имрӯз ҳам бо тақдими шохагул ва дигар маводҳо ба суи мардум шитофтанд. Ҳадаф аз таблиғоти имрӯз ин аст, ки ба мардуми азиз кишвар бигӯянд мо ба шумо бовар дорем ва овози шуморо амонат медонем.

Қобили зикр аст, ки субҳи имрӯз аз қароргоҳи марказии ҳизб 10 мошин ба нуқтаҳои мухталифи кишвар раҳсипор шуданд, то ин паёмро ба мардум бирасонанд.

Ҷузъиёти бештари ин барнома ба зуди нашр хоҳад шуд. 

More From Author

You May Also Like