Нозиров Имомиддин, нозири интихоботӣ аз тарафи ҲНИТ дар
участкаи интихоботии №53-и Хиштзори шаҳри Ваҳдат ба ситоди марказии интихоботии ҲНИТ хабар дод, ки то соати 15:50 ҳудуди 40 нафар интихобкунандагон ба участкаи
интихоботӣ омада, бидуни баргаи овоздиҳӣ махсус барои аҳзоби сиёсӣ раъйи
доданд.
Яъне, дар участкаи мазкур баргаи овоздиҳӣ тамом шудааст,
дар ҳоле ки ҳоло ҳудуди 98 нафар инитхобкунанда бояд дар ин участка ширкат кунанд.
Вале масъулин мегӯянд, қисме аз овоздиҳандаҳо дар Русия ва қисми дигарашон дар
хидматанд. Дар ҳоли ҳозир масъулини участкаи интихоботӣ
барои дастрас намудани баргаҳои
интихоботӣ тамос барқарор намуданд. Ва
худи ҳозир, ки ин хабар омода мешуд, нозири номбурда хабар дод, ки 20 дона баргаи овоздиҳӣ ба участкаи интихоботӣ оварданд.