Categories Интихобот

Истаравшан: Овозамонро надоданд, роҳамонро бастанд

Қурбон Обидов,
раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Истаравшан 2-уми март хабар дод: Ситоди интихоботии
ноҳияи Истаравшан чандин намудҳои тақаллубро шоҳид гардид, ки овоздиҳии як
нафар рӯирост ба ҷои чанд нафар мебошад, нозирони моро имкони мушоҳидаи
шуморидани овозҳои мардумро надоданд, аъзои комиссия дар овоздиҳии мардум
дахолат мекунанд, дар участкаҳои интихоботӣ акси президентро насб кардаанд,
нозирони моро дар баъзе участкаҳои интихоботӣ ҳангоми шуморидани овозҳо ҳатто
иҷозати вуруд надоданд,
танҳо баргаҳои ҳизби ҳокимро шумориданду аз они наҳзатро сарфи назар карданд,
мақомотҳои қудратӣ дар участкаҳои интихоботӣ дахолат ва бо нозирон дағалона муносибат
карданд, тақаллубкориҳои ба ҳаддест аз шумор берун, ҳатто дар баъзе участкаҳо
баргаҳои овоздиҳиро ҷамъбаст накарда бурдаанд. Хуллас, аз интихоботи шаффоф
асаре набуд.

More From Author

You May Also Like