Categories Интихобот

Устод М. Кабирӣ: Дар канори сабру таҳаммул талош барои адолат

(Матни суханронии устод Кабирӣ дар ҷаласаи пасазинтихоботии ҲНИТ) 

Бародарони азиз, хоҳарони муҳтарам Худовандро дар ҳама ҳол шукр мегӯем ва як бандаи муъмину мусалмон бояд, ки Худовандро шукр бигӯяд, барои ҳар дақиқа нафас кашидан, барои ҳар неъмату мусибате, ки болояш меояд. Ва хубии мо мусалмонҳо дар ҳамин аст, ки дар ҳама ҳолат бурд дорем. Агар ба неъматҳои Худо шукр кардем бурд дорем, агар ба рӯзҳои душвораш сабр кардем, бурд дорем. Мусалмон ва муъмин ҳеҷ гоҳ бохт надорад, дар ҳеч ҳолат. Дар чеҳраи шумо ҳамаи бародарону хоҳаронеро, ки дар ин роҳ заҳмат кашиданд, ба ин пирӯзӣ табрик мегӯям. Пирӯзӣ рафтани чанд нафар ба Парлумон ё рақами 5-10-70-80 нест, пирӯзӣ он аст, ки инсон пеш аз ҳама дар назди Ватану миллат ва виҷдони худ эҳсоси қаноатмандӣ ва ризоият кунад.

Ман мутмаинам, ки якояки шумо аз кори кардаи худатон ва ҳизбатон дар ин маъракаи интихоботӣ розӣ ҳастед. Ва нишон додед, исбот кардед, ки ҲНИТ ҳаст, мемонад ва месозад. Ин як воқеияти раднашаванда аст, шумо ин воқеиятро ба вуҷуд овардед, исбот кардед ва Худоро шукр мегӯем, ки миллат ҳам ба шумо ҷавоб дод.

Агар имрӯз эълон мекарданд, ки ҳатто ним дарсад райъ ба ҲНИТ доданд, мову шумо бояд, ки меъёр райъи вақеии мардумро қарор бигирем, на он чизе, ки эълон карда шуд ё мешавад. Яке аз вижагии ҲНИТ он аст, ки ҳеч гоҳ ва дар ягон ҳолат дар заминаи эҳсосот ва саросемагӣ тасмим нахоҳад гирифт ва баҳогузорӣ намекунад. Яке аз вижагиҳои сиёсати мо, ки аз замони устодону бузургоне, ки дар таъсис додану рушди ин ҳизб саҳм доштанд ин буд, ки ҳамеша тасмимҳои ҷиддиро дар ҳолати оромиву субот миегирифтанд, ки натиҷаи хуб медоданд. Ҳамеша меъёр барои мову шумо пеш аз ҳама ризогии Худованд, ризои миллат ва манфиатҳои кишвари азизамон бошад. Наҳзати исломии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ба хотири ин миллат, миллат барои ягон ҳизбу шахсият нест, балки ҳамаи мо барои миллату ин кишвар ҳастем. Беҳуда мо шиори пешазинтихоботии худро “Мо барои Тоҷикистон ва Тоҷикистон барои ҳама” интихоб накардем. Кишвари мо имрӯз аз ҳама вақти дигар дида, бештар ниёз ба суботи дохилӣ дорад, омилҳои зиёди таҳдидкунанда дар атроф ҳастанд, минтақа ноором аст, буҳронҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ домангири минтақа шуда истодааст. Шояд, ки дар оянда сафи бекорӣ меафзояд, қурби асъори миллӣ рӯз ба рӯз поён рафта истодааст, тамоми омилҳое, ки имрӯз дар кафи даст дорем, мутаасифона барои мо як ояндаи осонро нишон намедиҳанд, балки як ояндаи душворро нишон дода истодаанд. Барои он ки миллату кишвари мо аз ин буҳронҳо берун шавад, ниёз ба як суботи дохилӣ дорем. Суботи дохилӣ ҳамон вақт ба даст меояд, ки байни ҳукумат ва раъият, ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми тарафайн вуҷуд дошта бошад.

Имрӯз ба мову шумо 56 ё 58 ҳазор овоз эълон карданд, бигзор мо аз садҳо ҳазор суҳбат накунем, бигзор ҳамон 58-ро ҳам асос қарор бидиҳем, байни ҳукумат ва 58 ҳазор аъзои ҲНИТ бояд ҳамдигарфаҳмӣ бошад, агар мо субот мехоҳем. Мову шумо бояд, ки тамоми корҳое, ки лозим аст барои суботи дохилӣ анҷом бидиҳем, вале ин ба он маъно нест, ки мову шумо аз ҳаққи худ, аз манфиатҳои худ ҳимоят накунему дифоъ накунем. Сабр, таҳаммул ва талош бояд барои субот ин бояд бошад ва инчунин дар паҳлӯяш дифоъ аз ҳаққи худ ва талош кардан барои расидан ба адолат, қонун ин ҳамаро муайян кардааст, роҳро пешбинӣ кардааст ва иншоаллоҳ роҳбарияти ҳизб, масъулони ҳизб қадам ба қадам дар чорчӯби қонун талош мекунанд, ки ҳаққи ҳар як аъзои ҲНИТ ва тарафдори ҳизб риояву барқарор шавад.

More From Author

You May Also Like