Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ва номзади ноком ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Конибодом
Шокирҷони Ҳаким.Ин ном ба аксарияти мутлақи мардуми кишвар ошност. Ҳам ба унвони як тан сиёсатмадори дорои фикру ақидаи хос ва муғойир бо афкору ақидаи расмӣ ва ҳам ба ҳайси коршинос. Имсол низ ӯ номзадии худро барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ боз ҳам аз ҳавзаи шаҳри Конибодом пешбарӣ кард, аммо ин навбат ба таври худпешбарӣ ва мустақилона. Вале ба фарқ аз интихоботи соли 2010 ба маротиб камтар ба ӯ раъй қойил шуданд. Ин ҳам дар ҳолест ки дар интихоботи соли 2010 ҳавзаи мазкур ягона дар ҷумҳурӣ буд, ки интихобот барои муайян кардани нафари ғолиб такроран доир шуд. Зеро Шокирҷони Ҳаким муқобилати сахтеро ба намояндаи ҳизби ҳоким нишон дода буд ва нафари ғолиб ҳам бо фарқияти андак пирӯзии худро таъмин намуд, ки аммо ҳам коршинсони мустақил ва ҳам аксарияти интихобкунандаҳо ҳамон замон аз дасткорӣ ва тахаллуфи натоиҷи оро сӯҳбат мекарданд.
Соли ҷорӣ низ интихобот ба гунаи солҳои пешин, олуда бо тақаллуб ва ҷаълкорӣ сурат гирифт. Ҳамин буд, ки Шокирҷони Ҳаким боз ҳам бозандаи ин сабқат эълон шуд. Ҳоло аз забони худи эшон бишнавем, ки ин маърака дар ҳавзаи Конибодом чи тавр ҷараён гирифт.
Бори чандум ба ҳайси номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон дар интихобот иштирок мекунед? Аммо муваффақ намешавед, хаста нашудед?
Барои сиёсатмадори ҳақиқӣ хеле муҳим аст, ки дар интихоботи президентӣ ва мақомоти олии қонунгузору мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоати деҳот инчунин раъйпурсиҳо фаъолона иштирок намуда дар ташаккули афкори сиёсӣ ва тагйири зеҳни мардум саҳми худро бигузорад.
Дар бораи номукамалии низоми сиёсӣ набудани иродаи сиёсӣ ва дигар мушкилиҳои ҷомеа тариқи нашрияҳо ва воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ гуфтан кори хуб аст, аммо бевосита дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ иштирок карда омилу сабабҳои масъалаҳои давлатдорӣ ва ҳаёти чамъиятиро ба шаҳрвандон фаҳмонда роҳҳои ислоҳ ва ҳалли мушкилиҳо ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии онҳоро нишон додан мушкилтар мебошад.
Бинобар ин иштирок дар интихобот на танҳо масъулияти шаҳрвандӣ ва кӯшиши амали намудани ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, балки дар зеҳни мардум ҷо кардани зарурати парламент ҳамчун институти муҳими ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияти вакилӣ ҳамчун шакли махсуси амали намудани ҳаққи шаҳрвандон дар идораи давлат ва хаёти сиёсӣ бо мақсади татбиқи усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ низ будааст.
Бо вуҷуди он ки чанд маротиба дар интихобот ҳамчун номзад иштирок кардам, хаста нашудаам ва ба хубӣ дарк менамоям, ки рақибони ман ба таври сунъӣ ва бо истифода аз тарз ва усулҳои ғайриқонунӣ вакил интихоб шудаанд. Дар ин хусус агар касе шубҳа дорад бигузор дар шаҳри Конибодом тадқиқоти журналистӣ гузаронда хулосаҳои худро ба мардум пешниҳод кунад. Ҳар дафъа пеш аз розигии худро барои иштирок дар интихобот додан маслиҳату машварат бо фаъолону шахсиятҳои алоҳида мекунам, афкори ҷамъиятиро дар ҳавза таҳлил менамоям, имконияти номзадҳои эҳтимолиро меомӯзам ва баъд тасмими ниҳоӣ мегирам. Бидуни шак ҷихати ҳуқуқӣ ва ахлоқии масъаларо низ баррасӣ мекунам, аммо чун садоқатмандию муҳаббат ва самимияти интихобкунандагонро эҳсос менамоям вориди интихобот мешавам.
Бо он таҷриба ва мушоҳидаҳои мустақим, ки аз ҷараёни ин маъракаҳо ҳосил намудед, фарқи интихоботҳоро аз якдигар чи гуна арзёбӣ мекунед? Воқиан мо ба самти демократия ва ҳуқуқбунёдӣ ҳаракат мекунем ё баракс ?
Боиси таасуф аст, ки интихоботҳои мо сол ба сол бадтар мешавад. Аз номи президент сӯиистифода мекунанд, авантюраю шантаж ва таҳдиду фишор ба интихобкунанда воқеияти интихобот гардидаанд, ки дар натиҷа эътибори парламент дар низоми ҳокимият камтар шуда мақоми вакилӣ беқадр гардидааст. Дар натиҷа маҷлиси олӣ рисолату таъиноти иҷтимоии худро дар низоми ҳокимият ва ҳаёти ичтимоию сиёсӣ ба анҷом намерасонад.
Тарз ва усули баргузории интихобот аз он гувоҳӣ медиҳад, ки моҳияти давлатдорӣ ҳамчун демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ халалдор гардида бо қадамҳои устувор баҳри таҳкими низоми авторитарӣ пайгирона қадам мезанем. Натиҷаи чунин интихобот на боиси бомасъулият ҳисоботдиҳандаю шаффоф шудани ҳокимияти давлатӣ ва беҳтар гардидани сифати қонунҳо ва боадолату ҳуқуқӣ будани онҳо, балки риоя нагардидани парламентаризм ва конститусионализм низ гардида кафолати иҷро ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро низ заифтар менамояд ва ба хусус боиси боз ҳам бештар шудани падидаю зуҳуроти номатлуб мегардад.
Барои рӯшантар шудани вазъияти интихобот ин нкутаро мехоҳам махсус зикр намоям, ки эҳсос мешуд Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ таҳти назорати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ амал намекард, балки идораҳои умуман ба интихобот сару кор надошта ба кори Комиссияи ҳавзавии интихобот ва ҷараёни интихобтро дар Конибодом танзим менамуд. Ман дар аризаи шикоятии худ ба унвони раиси КМИРТ аз 5 марти соли ҷорӣ қонуншиканиҳои ошкорои интихобот дар ҳавзаро зикр намдуам. Тақвими баргузории мулоқоти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии «Конибодом -19» аз таърихи 12 феврал то 26 феврали соли 2015, ки онро раиси ҳавза 9 феврали соли 2015 тасдиқ карда буд, бекор карда шуд. Раисони маҳаллаҳо аз ҳама гуна ҳамкорӣ бо ман меҳаросиданд, аммо барои доир намудани вохӯриҳо бо номзади дигар мусоидат мекарданд. Раисони ҷамоати деҳот шахсан ва гурӯҳҳои махсус бо кандану даронидани маводҳои таблиғотӣ ва аксҳои ман машғул буданд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ронандагон ва соҳибмулкони мағозаю иншоотҳо таҳдид мекарданд, ки аксҳои маро кананд ё дар акси ҳол кору фаъолияти мӯътадили онҳо халалдор мешавад. Садҳо нафарро барои «маслиҳату сӯҳбати дӯстона» ба идораҳо даъват мекарданд, то ки аз ҳамкорӣ бо ман худдорӣ намоянд. Дар бораи чунин ҳолатҳо чанд маротиба ба раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ гуфтам ва хоҳиш намудам, ки дар доираи ваколатҳояш тадбирҳои зарурӣ андешад. Аммо эҳсос менамудам, ки Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ салоҳияти моҳиятан ҳаллу танзими чунин масъалаҳоро надорад.
Тибқи ведомости тақсимоти бюллетенҳои овоздиҳӣ ҳавзаи интихоботӣ ба 57 участкаҳои интихоботӣ 98980 (наваду ҳашт ҳазору нӯҳсаду ҳаштод) бюллетен додааст. Аммо дар протоколи № 15 аз 01 марти соли 2015 Комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии «Конибодом -19» сабт шудааст, ки участкаҳои интихоботӣ 129933 (яксаду бисту нуҳ ҳазору нуҳсаду сиву се) бюллетенҳо гирифтаанд, ки шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда (ботилшуда) 12625 (дувоздаҳ ҳазору шашсаду бисту панҷ) ва шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетени интихоботӣ гирифтаанд 117308 (як саду ҳабдаҳ ҳазору сесаду ҳашт) нафар будааст. Ҳамин тавр фарқияти ведомости тақсимотии бюллетенҳои овоздиҳӣ ба участкаҳои интихоботӣ аз рақами дар протоколи № 15 аз 01 марти соли 2015 нишон додашуда 30953 интихобкунанда мебошад, ки аз тақаллуби ошкоро гувоҳӣ медиҳад.
Маъракаи интихоботиатонро аз чӣ оғоз карда будед?Аз ташкили команда, аз омода кардани шиору плакатҳо, аз мулоқот бо интихобкунандаҳо?
Маъракаи интихоботиамро аз сӯҳбат бо раиси шаҳри Конибодом оғоз намудам. Зимни мулоқот ба раиси шаҳр ниятамро гуфтам ва таъкидҳои президентро дар мавриди кафили интихоботи ҳаққонӣ озод ва мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ доир шудани он хотиррасон намуда хоҳиш кардам ҳамчун раиси нав таъиншуда раванди интихоботро халалдор накунад. Ӯ низ иқрор кард, ки 6 раиси шаҳр маҳз вобаста ба натиҷаҳои интихобот ва дахолати ғайриқонуниашон аз мансаб барканор шуда буданд. Аммо ишора кард, ки ба вай ҳамчун раис хеле мушкил аст бо дар назардошти он ки 4 нафарро қаблан бо идораҳои болоӣ мувофиқа кардаанду 3 нафари онҳо намояндаҳои ҲХДТ ва 1 нафар бо тавсияи президент бояд аз ҷониби созмони маҳаллии ҲХДТ ҳамчун номзад пешниҳод шавад. Ман дар посух ба раиси шаҳр гуфтам, ки одатан бо риояи одоби сиёсӣ ва интизоми дохили ҳизбӣ аз як ҳизб 1нафарро пешниҳод ва дастгирӣ мекунанд. Аммо агар чунин шуда бошад, пас масъулини ҲХДТ дар бораи фаъолияти ҳизбӣ тасаввуроти камтар доштаанд ё оид ба назария ва амалияи фаъолияти сиёсӣ дониши кифоя надоранд. Бо вуҷуди он ки ҳусни тафоҳум эҳсос мешуд вале дертар мақомоти амниятӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ раванди мӯътадили интихоботро халалдор намуда қонунро дағалона вайрон карданд.
Раванди интихоботӣ барои Шумо бидуни монеа баргузор гардид ва ё бо монеа ва халалрасониҳо?
Аз лаҳзаи аввал бидуни санксияи прокурор шабонарӯз чанд мошин бо амниятиҳои маҳаллӣ ва шахсони бо ин идора робитаю муносибат дошта 24 соат маро таҳти назорат гирифта буданд. Бо мақсади таъсиси ситоди пешазинтихоботӣ бо соҳибмулкону соҳибкорони алоҳида ба мувофиқа мерасидем. Аммо рӯзи дигар таҳти таҳдиду фишори амниятиҳои маҳаллӣ онҳо аз додани биною иншоот ба ман худдорӣ мекарданд. Бо вуҷуди он ки ду телевизиони мустақил дар Конибодом фаъолият доранд дастуру супориш доштанд, ки аз пахши маводхҳои таблиғотии ман худдорӣ намуда ба ман иҷозат надиҳанд, ки ба воситаи ин ду телевизиони ғайридавлатӣ ба интихобкунандагон муроҷиат намоям. Ба чопхонаи шахсӣ низ борҳо таҳдид карданд, ки ҳамкориро бо ман қатъ кунад ва ғайра. Эҳсос мешуд, ки комиссияи ҳавзавӣ мустақил нест ва наметавонад, ки ба муроҷиату эродҳои ман вокуниш нишон диҳад. Бемасъулиятиро раисони ҷамоати деҳот низ дарк менамуданд ва шахсан худашон бо кандани варақаҳои таблиғотӣ ва аксҳоям машғул буданд. Раиси маҳаллаҳо ва гурӯҳи махсус таъсис дода буданд, ки мардуми ба вохӯрӣ бо ман ҷамъ шударо пароканда мекарданд ва ҳар хел овозаҳои беасосу бӯҳтонро паҳн мекарданд.
Дар декларасияи даромадҳо, ки комиссиюни ҳавза аз шумо мепурсад ба сифати дороӣ Шокирҷони Ҳаким, доктори улуми ҳуқуқ чиҳоро нишон додааст?
Дар декларатсияи даромадҳо ҳаҷми даромадҳоямро, ки ҳамчун мушовири раиси ҶДММ “Арбат” аз ин ширкат мегирам нишон додам. Мошин ҷавоҳирот, замин, бӯстонсаро ва дигар моликият надорам. Дар хонаи се ҳучрагӣ воқеъ дар бинои 4 ошёна зиндагӣ мекунам.
Ҳузури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният, ё саҳеҳтар мудохилаи онҳо дар рафти таблиғу ташвиқи корзори интихоботии шумо ба назар мерасид ё хайр?
Ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар боло ишора кардам кормандони амниятӣ ба таври ошкоро мулоқоту сӯҳбатҳоямро бо камераю авторучкаҳои махсус сабт ва ба навор мегирифтанд, фаъолони маҳаллиро ба идора даъват карда таҳдид менамуданд ,ки ба ситоди пешазинтихоботии ман омаду рафт накунанд ва дар ташкили вохӯриҳо ба ман мусоидат накунанд. Дар акси ҳол, баъди интихобот ҳамаи онҳо мавриди назорати махсуси амниятиҳо қарор мегиранду дар зиндагию фаъолият ва корашон монеъаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд.
Ба шумо пас гирифтани номзадӣ, даст кашидан аз мубориза бар ивази инъом ва ё маблағ пешниҳод шуда буд. Яъне дархости муомила аз ҷониби рақибатон буд?
Падидаи дигари нигаронкунанда он буд, ки баъзеҳо ба ман маблағи калон ва заминро бар ивази бозпас гирифтани номзадиям пешниҳод мекарданд, ишғоли мансаби муайянро низ ваъда медоданд, аммо нахостам, ки 4000 интихобкунандагоне, ки дар варақаи ҷамъоварии имзо гузошта буданд, ноумед кунам ва онҳо аз сиёсат ва сиёсатмадор дилсард шаванд. Маро ҷосус эълон мекарданд , аммо маблағгузории шаҳрвандони хориҷиро ба рақибам мушохида намекарданд ё тариқи телевизион имом хатиб даъват мекард , ки номзад аз ҲХДТ-ро дастгирӣ кунанд. Баъзе раисону аъзои участкаҳои интихоботӣ ҳамзамон номзад ба мақомоти намояндагӣ буданду аммо номзад аз ҲХДТ-ро дар вохӯриҳо ҳамроҳӣ менамуданду ба таври ошкоро бо корҳои таблиғотӣ ба фоидаи ӯ машғул мешуданд.
Соли 2010 ҳавзаи Конибодом бо ҳузури шумо доғтарин ҳавза дар кишвар буд, ба ҳадде ки танҳо дар он ҳавза дар саросари кишвар интихобот такроран доир шуд. Шумо он вақт ба маротиб бештар раъй ба даст оварда будед. Аммо чаро соли 2015 он тавр нашуд ва овозҳои шумо ҳам хело кам буд?
Бо вуҷуди дар интихоботи соли 2010 дар муқобили ман чанд нафарро тайёр карда буданд, имконияти дастрасиро ба телевизиони маҳаллӣ ва вилоятӣ доштам ва то ин андоза монеаҳо эҷод накарда буданд. Вале ин дафъа аз ҳадд гузарониданд ва баҳона номи президент буд. Замина ё пойгоҳи иҷтимоии ман (электорат) пеш аз интихобот бо назардошти натиҷаи интихоботи 2010 на кам аз 50 дар сад буд ва бовар дорам дар ин панҷ соли минбаъда ин нишондиҳанда ба маротиб зиёдтар шуд на камтар. Агарчанде маро дар рӯзи охирони бақайдгирӣ, баъди ду ҳафтаи ба қайд гирифтани рақиби асосиам ба қайд гирифтанд аммо дарҳол эҳсос намуданд, ки дар вохӯриҳои ман аз 80 то 2000 интихобкунанда ҷамъ мешаванду то 2-3 соат онҳо бо ман саволу ҷавоб мекунанд, аксуламал нишон доданд ва тавре, ки дар боло ишора намудам вохӯриҳои муштараки номзадҳоро бекор карданду дигар тадбирҳоеро андешиданд, ки ба ақли инсони солимақл рост намеояд. Агар шахс маҳорати суханварию нотиқӣ надошта бошад ва сифату хислати сиёсатмадорро низ надошта бошад ва аз технологияи сиёсӣ огоҳ набошад, чаро ба таври сунъӣ ва бар хилофи хоҳишашон онҳоро ба фаъолияти сиёсӣ тавсия медиҳем ва баръакс аз шахсиятҳои бофазилату бофитрати худогоҳ душман месозем?
Аз рӯи ҳисобу китоби худатон овози ба даст овардаи шумо чи қадар буд?
Руҳияи мардум ва истиқболи гарми онҳоро ба инобат гирифта агар бигӯям, ки натиҷаи интихобот тақаллуб аст ва дар он ман дар ҳақиқат на камтар аз 80 дар сад раъйи интихобкунандагонро гирифтаам ҳе ҷое шубҳа надорад аммо боиси таассуф аст, ки дар санадҳои ниҳоӣ дигар рақамҳо навишта шудаанд. Фарқияти бюлетенҳои аз ҳавзаи интихоботӣ ба 57 участкаи интихоботӣ тақсим карда шуда ва шумораи бюлетенҳои баъди кушодани қуттиҳо муайян гардида тақрибан 31 000 будааст. Маҳз барои ҳамин ҳам мувофиқи мақсад донистам, ки ба КМИРТ муроҷиат карда талаб намоям, ки натиҷаи интихоботро дар ин ҳавза бекор карда замони интихоботи такрориро эълон кунанд. Албатта дар аризаи шикоятӣ боз 17 ҳолати дигар низ ҳамчун далел ва исботи интихоботи ғайриқонунӣ оварда шудааст, ки машруъияти вакили интихоб шударо таъмин ва кафолат намедиҳад.
Чи қадар харҷ доштед ва киҳо кӯмк карданд. Аз ҳавза(бюҷаи ҷумҳурӣ) ҳам маблағ гирифтед?
Бидуни шакк интихобот бе харҷ намешавад. 3000 сомонӣ маблағ аз ҳисоби КМИРТ ва хароҷоти боқимонда аз ҳисоби худам ва бародарону ҷонибдоронам буданд. Вале бояд иқрор шавам, ки хароҷоти ман аз рақиби асосиам чанд маротиба камтар буд.
Чаро намехоҳанд нафароне мисли Шумо ба парлумон шомил шавед?
Онҳое, ки фаросати сиёсӣ ва хиради давлатдории камтар доранд намехоҳанд, ки ба мисли ман шахсиятҳои аз нозукиҳои фаъолияти парламент огоҳ ва сиёсатмадорону сиёсатшиносони ҳақиқӣ вориди мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ шаванд. Онҳое, ки моро дар парламент намехоҳанд бинанд одатан инсонҳои ҷаҳонбинии маҳдуд дошта, маҳалгаро, худхоҳу маддоҳ ва бахилу нотавонбинҳое мебошанд, ки манфиати худу гурӯҳҳои маҳдудро болотар аз манфиатҳои миллӣ мегузоранд. Дар радифи мо ин игуна инсонҳо дарҳол худро нотавону суст эҳсос мекунанд.
Ба унвони як сиёсатшинос ва сиёсатмадор роҳ надодани ҲНИТ ба парлумонро чи тавр арзёбӣ мекунед?
Мушоҳида ва таҳлили барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ маводҳои нашрияҳои расмии давлатӣ ва бархӯрдҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ислом, умуман ва Ҳизби наҳзат аз он гувоҳӣ медод, ки натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳамин тавр бояд ҷамъбаст мешуд. То имрӯз бо истифода аз номи ҲНИТ таҳаммулпазирӣ ва дастовардҳои демократиро ба ҷаҳониён нишон дода бартарияти низоми сиёсии Тоҷикистонро дар минтақа таъкид мекардем. Шояд имрӯз онҳое, ки муайянкунандаи сиёсати дохилӣ мебошанд, ба хулоса омаданд, ки марҳалаи минбаъдаи давлатдорӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ- сиёсӣ бидуни исломи сиёсӣ бошад. Аммо агар интихоботи одилона баргузор мегардид, пас натиҷаи он ҷойгиршавии нируҳои сиёсиро дар парламенти кишвар муқаррар менамуд. Аммо афсӯс, ки ин тавр нашуд ва ин дафъа низ кӯшиш карданд, ки ба таври сунъӣ парламентро ташаккул диҳанд. Бидуни шакк истифода аз чунин технологияи интихоботӣ ба манфиати кор набуда заминаҳои бисёрҳизбӣ ва равандҳои демократиро халалдор менамояд.
И. Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ҳамтои тоҷики худро дар ҷиҳати ғалабаи ҳизбаш дар интихобот табрик кард. Бархе бар ин ақидаанд, ки раиси ҷумҳури кишвари ҳамсояро ҷамъбасти интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, ки мухолифин, ба хусус ҲНИТ-ро ба Маҷлис роҳ надоданд, рӯҳбаланд кардааст?
Новобаста аз муносибати шахсӣ ва баъзе мушкилиҳои хусусияти субъективӣ дошта миёни аксарияти сарони давлатҳои минтақа дар тарз ва усули идораи давлат ҳамаи онҳо умумиятҳо ва ҳусни тафоҳум доранд. Масалан ахири моҳи ҷорӣ дар Ӯзбекистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад ва натиҷаи он маълум аст. Бинобар ин эътирофи интихобот аз ҷониби созмону давлатҳои алоҳида хеле муҳим аст.
Фазо ва муҳити сиёсии кишвар баъди ин интихобот чӣ гуна хоҳад шуд? Бахусус барои аҳзоби сиёсии мухолиф?
Ягон тағйироти ҷиддӣ дар муҳити сиёсии Тоҷикистон ба амал бароварда намешавад. Стратегия ва тактикаи идораи давлат ва танзими равандҳои сиёсӣ кайҳо муайян гардидааст. Агар иродаи такмили низом мебуд, онро интихобот муайян менамуд вале афсӯс, ки чунин нашуд. Усулҳои дугона ва падидаю зуҳуроти ташаккулёфта боз ҳам қавитар мешаванд.
Бархеҳо эҳтимоли бастани фаъолияти ҲНИТро истисно намекунанд. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?Бастани ин ҳизб дар дастури кори ҳукумат ҳаст ё не ва агар ин иттифоқ сурат гирифт ба вазъи сиёсӣ ва оромиву суботи кишвар таъсир нахоҳад дошт?
Эҳтимолияти бастани ҲНИТ камтар аст. Вале агар зарурат шавад, аввал ба конститутсия ислоҳот бояд ворид намуд ё чунин ташаббусро бо риояи тартиби муқарраргардида худи ҲНИТ бидуни дахолати омилҳои беруна бояд амалӣ кунад. Агар ба таври сунъӣ фаъолияти ҲНИТ-ро қатъ кунанд, албатта аъзо ва ҷонибдорони ҳизб роҳу воситаҳои амалӣ намудани ҳадафҳояшонро медонанд. Эҳтимолияти радикалтар шудани созмонҳои динӣ низ вуҷуд дорад.
Коршиносон баъид намедонад, ки фазои корӣ барои расонаҳо ва хабарнигорон ба шиддат тангтар ва аз болои кори онҳо назорат пурзӯр карда мешавад. Ҳатто имкон дорад бархе аз хабарнигорон ҳам таҳти таъқиб ва фишорҳое, ки имрӯз ташаккулҳои сиёсии мухолиф гирифторанд, қарор бигиранд?
Вақте ки ҳизбҳо маҳдуд мешаванд, муносибати давлат ба ҳамаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба хусус ба нашрия шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма низ тағйир меёбад. Сензураи ғайрирасмӣ бештар ва мавзӯъу шахсиятҳои алоҳида бидуни назорати журналистон ва мавриди назари онҳо мемонад, ки дастовардҳои минималиро дар фазои иттилоотӣ камтар менамояд ва дар натиҷа гуногунандешӣ ва инкишофи ҳаёти иҷтимоиро дар асоси равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ халалдор мекунад. Тавре, ки илм ва таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, агар воқеан чунин шуд, пас воситаҳои назорати мардумӣ сусттар шуда дарки масъулияти зимомдорони замон қобили таваҷҷӯҳ намешавад.