Нуриддин Қаюмов: яке аз сабабҳои ақибмонии мо ин интихоби модели нодурусти иқтисодӣ мебошад

Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Нуриддин Қаюмов, доктори улуми иқтисодӣ, пофессор, академики АУ Тоҷикистон

Вазъ ва ҳолати иқтисодии кишвар дар кадом поя ва сатҳ қарор дорад, онро чи тавр арзёбӣ мекунед?

Вазъи имрӯзаи иқтисодиёти кишвар он қадар бад нест. Назар ба солҳои гузашта дар соли 2014 якумин маротиба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумидохила аз сатҳи тавлидоти соли 1990 зиёд шуд. Мо аз бӯҳрони трансформатсионӣ раҳо гардидем.Ин яке аз муҳимтарин дастовардҳои иқтисодиёти кишвар дар соли гузашта буд. Сатҳи истеҳсоли маҳсулоти мо дар соли 1996 назар ба соли 1990 79 дар сад коҳиш ёфт. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 67%, кишоварзӣ 50%, тиҷорат ва дигар арсаҳои истеҳсолӣ аз ин рақамҳо ҳам бештар поин фаромад.То ҳамон давраи соли 1990 расиданро бӯҳрони трансформатсионӣ –дигаргунсозии сохтори иқтисодӣ меноманд.Давоми солҳои ахир дар баъзе аз соҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд. Бахусус дар соҳаи коммуникатсионӣ, дар соҳаҳои тиҷорат ва нақлиёт, дар бахши роҳсозӣ ва нақбҳо пешравиҳо ҳастанд. Аммо инҷо то андозае омили таърихӣ ҳам ҳаст, чунки мо асосан ҷумҳурии истеҳсолкунандаи ашёи хом будем. Аз рӯи тақсимоти меҳнатӣ Тоҷикистон амсоли ҷамоҳири дигари Осиёи Миёна- Ӯзбакистон, Туркманистон ва ғ ба бозори иқтисодии шӯравӣ ашёи хом мебаровард.Талаботи ҷумҳурӣ аз баъзе аз маҳсулотҳои хӯрокиву сару либос аз ҳисоби марказ таъмин мегардид.Аз ин рӯ вақте ки мо як мамлакати мустақил шудем, алоқаҳо гусаста шуд, дучори душвориҳо шудем. Яке аз сабабҳои иқтисоди на он қадар хуби мо ҳамин аст.Яъне таърихан мо ҳамин гуна иқтисодиёт доштем. Аммо дар давраи шӯравӣ мо инро эҳсос намекардем. Чунки он замон бар ивази ашёи хом маҳсулоти омода мегирифтем ва проблема ҳам набуд. Аммо ҳоло ки мустақилем, табиист, ки мушикилиҳо пайдо шуданд.Ин аз як ҷиҳат. Аз ҷиҳати дигар, ман фикр мекунам, ки яке аз камбудиҳое, ки мо роҳ додем, хусусисозии моликияти давлатӣ буд .Мо корхонаҳои кишварро хусусӣ сохтем вале аз ҷиҳати онки онҳо аз тарафи соҳибкорон ва соҳибони нави он корхонаҳо дастгирӣ наёфтанд, соҳаи саноат хеле коҳиш ёфт.Махсусан соҳаҳои мошинасозӣ, соҳаи саноати сабук ва сохтмон коҳиши ҷиддӣ диданд. Инҷо метавон мисол овард аз фабрикаи пойафзолдӯзӣ, ки онро хусусӣ карданд аммо дар ҷои он меҳмонхона бо номи “Сирена” қомат афрохтааст.Ё мисоли дигар. Солҳои пеш дар Душанбе заводи тавлиди яхдон-холодилник фаъолият мекард, ки иқтидори истеҳсолии он солона 167 ҳазор ададро ташкил мекард.Ҳазорон нафар коргар дошт.Онро низ хусусӣ карданд, аммо аз фаъолият бозмонд. Бо чунин шева садҳо корхонаи саноатии кишвар хароб шуд ва даҳҳо ҳазор нафар аз ҷойи кор маҳрум ва бюҷаи кишвар аз андоз ба садҳо миллион сомонӣ хисорот дид.Ва ин тарзи муносибат боис шуд, ки модели иқтисодии ҷумҳурӣ дигар шавад. Аз модели индустриалӣ-аграрӣ ба аграрӣ-индустриалӣ табдил ёфт. Ин як роҳи сардаргум, бунбаст аст. Чунки ҳамаи мамлакатҳое, ки аз рӯи ин модел кор мекунанд, ба сари аҳолӣ даромади зиёд надоранд.Ҳамин буд, ки ҳам дар паёми соли гузашта ва ҳам дар имсолаи раиси ҷумҳур ба Маҷлиси олӣ ин нукта таъкид шуд, ки бояд он модел барқарор карда шавад. Барои онки дар соҳаи саноат ҷойҳои кории иловагӣ сохтан мумкин аст. Дар арсаи кишоварзии мо нерӯи корӣ аз талабот ба маротиб зиёд аст. Танҳо дар соҳаи саноат метавон ҷойҳои нави корӣ эҷод кард, то ки мардум бо кор таъмин шавад. Ин корро бояд ва таври ҳатмӣ анҷом дод ва вазоратҳои иқтисоду саноат атрофи ин мушкилии муҳим, ки президент дар паёмашон таъкид карданд, тадбир ва чора андешанд.Албатта, барои иҷрои ин амр пули калон ва мутахассисони ҳирфаӣ лозим аст.Ин кори як солу ду сол нест вале бояд барномаҳои стратегие таҳия намоем, ки дар оянда аз модели имрӯза ба модели пешина яъне ба индустриалии аграрӣ гузаштан шароит фароҳам оварда шавад. Барои ҳалли масъалаи ташаккули модели индустриалӣ-аграрӣ лозим аст пеш аз ҳама коркарди алюминий ва нахи пахта ва дигар ашёҳои хом дар дохили мамлакат номгӯи маҳсулотҳои содиршаванда зиёд карда шавад.Чунин тадбир метавонад садҳо ҳазор қувваи кориро бо ҷои кор таъмин намояд. Ҳоло дар ҷаҳон талаботи алюминий барои тараққиёти соҳаҳои самолётсозӣ, кайҳоннавардӣ, истеҳсоли вагонҳои роҳи оҳан хеле зиёд шуда истодааст. Бояд якҷоя бо мамолики тараққикарда истеҳсоли маҳсулоти мураккабро ба роҳ монем. Ба тариқи мисол:-Арманистон корхонаи алюминбарорӣ надорад вале дар асоси воридоти он истеҳсоли маҳсулоти мураккабро ба роҳ мондааст.

Нисбати коркарди нахи пахта дар дохили мамлакат бо супориши ҳукумати Тоҷикистон як барномае таҳия ва қабул карда шуда буд. Чуноне ки Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд, ин барнома маблағгузорӣ карда нашуд ва иҷро ҳам нагардид. Истеҳсоли пахта нисбат ба солҳои гузашта қариб ду маротиба кам гаштааст. Вазъият дар арсаи пахтакорӣ ва коркарди он дар дохили мамлакат шаҳодати он аст, ки ғайридавлатисозии ин соҳаи хеле муҳимми иқтисодиёти Тоҷикистон беасос будааст.

Ба манфиати халқу давлат мебуд, ки агар соҳаи пахтакорӣ манфиати умумидавлатӣ эълон карда мешуд ва Тоҷикистон муносибатҳои худро ба он давлатҳое, ки ба нахи пахта ниёз доранд ҳамкориҳои иқтисодии худро мустаҳкам мекард. Ҳоло Русия алоқаҳои иқтисодии худро ба ғайр аз Ӯзбакистон, мехоҳад бо мамолики Африқо оиди пахтакорӣ ташкил диҳад. Ҷалб намудани инвеститсия аз Русия барои мардуми тоҷик манфиатовар аст.

Гуфтед, дар соли гузашта ба сатҳи соли 1990-и иқтисодиёт даст ёфтем. Чӣ омилҳо сабаб шуд, ки мо пешрафт кардаем?

Ҳар сол ҳаҷми умумии истеҳсоли дохилӣ дар мо 7 то 7, 5% ташкил медод. Соли гузашта 6, 5% афзоиш пайдо кард. Ин назар ба нишондиҳандаҳои мамлакатҳои дигар ба ҳисоби миёна хеле баланд аст. Аммо иқтисодиёти мо он қадар пешрафта нест, мо гуфта наметавонем, ки он қаноатбахш аст.Чунки ҳозир ба сари ҳар як аҳолӣ 1300-1400 доллар маҳсулоти умумии дохилӣ истеҳсол мекунем. Ин яке аз пасттарин нишондиҳандаҳо аст. Ин нишондиҳандаи сатҳи зисту зиндагонии мардум, рушди иқтисодиёти мамлакат аст.Аз ин ҷиҳат мо бояд ин корро анҷом диҳем. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ сатҳи маҳсулоти умумии дохилӣ:- саноатӣ ё кишоварзии соли 1990-ро бо соли 2014 муқоиса мекунем? Ин аз нуқтаи назарияи методологӣ дуруст аст. Мисол Русия ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилӣ ва ё суръати рушди иқтисодиёташро бо соли 1913 муқоиса мекунад.Барои чӣ? Барои онки дар соли 1913 рушди иқтисодиёти Русия дар сатҳи баландтарин қарор дошт.Чаро мо бо соли 90 муқоиса мекунем? Дар ин сол ҳам ҳаҷми мутлақи маҳсулоти дохила кам шуд ва ҳам рушди иқтисодиёт коҳиш ёфт.Барои ҳамин аз нуқтаи назарияи методологияи иқтисодӣ лозим аст, ки мо нишондиҳандаҳои соли охирро бо соли 90 муқоиса кунем.Дар натиҷаи ин қиёс маълум гардид, ки сатҳи ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилаи кишвар аз сатҳи соли 90 пеш рафтааст ва иқтисодиёти Тоҷикистон аз буҳрони трансформатсионӣ баромадааст.

Бубинед, устод ба оморе, ки ин арқомро пешкаш ва пешниҳод кардааст, қобили эътимод аст?

Дуруст, ки сари ин омор афкори ҷомеа яксон нест, балки гуногун аст.Бахусус баъзе аз идораҳои молиявию иқтисодии байналмилалӣ шубҳа доранд. Лекин аз рӯи қонун ва қоида мо бояд такя намоем ба ҳамин омори давлатӣ.Барои мо маълумоте, ки аз ин ё он вазорат мегирем асосӣ ба ҳисоб намеравад. Асосӣ ин омори статистики аст, ки оҷонсии омор дастрас менамояд.Таҳқиқот ва таҳлилҳои мо бар пояи ҳамин омор аст.Лекин бояд тазаккур додл ва ин далели пӯшида ҳам нест, аз ҷумла дар суханрониҳои раиси ҷумҳур, раиси Маҷлиси намояндагон ва дигар мақомоти расмӣ ҳам буд, ки бархе аз идораҳо даст ба изофанависӣ мезананд. Аз ҷумла мо ёд дорем маълумот дар бораи ҳаҷми истеҳсоли картошка аз тарафи вазорати кишоварзиро, ки баъдан ошкор гардид ба воқеият мутобиқат намекардааст. Як вақт ман дар коллегияи вазорати иқтисод зимни кадом суханроние гуфта будам, ки агарки изофанависӣ вуҷуд дорад, дар охир дарди сари ҳукумат мешавад. Зеро агар ин далоили ғайрисаҳеҳ боис бишавад, ки олимон дар асоси онҳо таҳлил ва таҳқиқт доир кунанд фардо боз проблема ба вуҷуд меоварад.

Барои онки сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад бояд истеҳсоли ватаниро ба роҳ монд ва тараққӣ дод.Зарур аст, ки сектори реалӣ рушд кунад. Ин душвор аст вале агарки комёб нашавем боз ҳам ҳамин тавр ақибуфтода боқӣ хоҳем монд.То андозае заҳмати муҳоҷирони корӣ дар рушду инкишоф таъсир мегузорад аммо ин як амри муваққтӣ аст ва то охир наметавон бо ин усул зиндагии арзанда кард. Роҳи ягона, агарки мушкил ва душвор ҳам бошад ба роҳ андохтани истеҳсол ва тавлиди маҳсулоти ватанӣ-дохилӣ ва таъмин кардани мардум бо ҷойҳои корӣ аст.Тибқи ҳисобу китоб ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти дохила наздики 46 миллиард сомониро ташкил дод.Ин маблағ дар соли 2014 ба сари ҳар як аҳолӣ ниҳоят кам аст- 1000 доллар.Масалан ин рақам дар Қазоқистон 14 ҳазор долларро ташкил медиҳад, дар Русия бештар. Дар Қирғизистон, ки бо мо шароити анздик дорад аз 2 ҳазор бештар аст.

Коҳиши ҳаҷми интиқоли пул аз тоҷикони муздури Русия ба зиндагӣ ва рӯзгори мардум, ба иқтисоди кишвар чи таъсир хоҳад дошт? Дар ин маврид чи назар доред?

Ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи таркибии иқтисодиёти ҷаҳонӣ, албатта вазъияти иқтисодиёти Русия ва Қазоқистон таъсир мерасонад. Ба хусус аз пулҳое, ки муҳоҷирони корӣ интиқол медиҳанд вобастагии зиёд дорад. Ба ҷуз аз ин нархи маҳсулоте, ки аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунем, ғалла, орд, маводди сӯхт, чун дар онҷо афзояд дар мо ҳам боло меравад. Мо ба нархгузории онҳо таъсир расонида наметавонем. Мо маҷбурем бо нархе, ки дар онҷо муқаррар шудааст, харид кунем. Чунин ҳолат ба сатҳи зиндагии мардуми мо таъсири манфӣ мерасонад.Соли 2013 чор миллиарду 200 миллион доллар муҳоҷирон ба ватан фиристоданд. Соли гузашта 300 миллион доллар ин рақам коҳиш ёфт.Соли ҷорӣ бар тибқи пешгӯиҳои Бонки ҷаҳонӣ ва СБП ин рақам боз ҳам коҳиш ёфта то ба 2.7 миллиард мерасад. Албатта дақиқ наметавон ҳаҷми ин маблағро пешгӯӣ кард, ки чи қадар мешавад.Вале мантиқан метавон гуфт, ки он кам мешавад.Таҳримҳое, ки Амрико ва мамоли урупоӣ алайҳи Русия ҷорӣ карданд, вазъи иқтисоди ин кишварро бад кард вале ин таҳримҳо на танҳо ба ин кишвар аз ҷумла ба Қазоқистон ва мо низ асар хоҳад кард.Он сесад миллион долларе, ки фарқияти интиқоли маблағҳои фиристодаи муҳоҷиронро назар ба соли 2013 ташкил медиҳад, қариб ду миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло ин ба он маъност, ки дар бозори дохила ҳаҷми гардиш ва мол ба ин миқдори маблағ камтар шуд, ки бешак ин барои иқтисоди кишварҳое чун Тоҷикистон зуд эҳсос мешавад ва асари номатлуб мегузорад.Зеро савдои дохилӣ ба ҳаҷми умуми маҳсулоти дохилӣ шомил мешавад Маблағи муҳоҷирон умдатан барои ғизо ва либос яъне истеъмоли ҷорӣ масраф мешавад.Аз ин ҷост ки СБП сатҳи рушди дохилиро дар соли равон чору аз даҳ чор пешбинӣ кардааст, ки дар муқоиса бо солҳои қаблӣ камтар аст. Аз тарафи дигар ҳоло Русия мисли солҳои пеш ниёзмандиҳои муҳоҷирини кориро бароварда наметавонад, чун қурби асъори миллии ин кишвар рубл ба шиддат поин рафт

Саволи навбатии ман ҳам ҳамин аст. Таҳримҳои ғарбӣ Русияро камаршикан карда ва пули ин кишвар рӯз то рӯз беқурб мешавад. Табиист, ки нархҳо дар ин сурат афзоиш пайдо мекунад ва аз онки иқтисоди Тоҷикистон бештар вобастаи иқтисоди ин кишвар аст вазъи пули миллии мо ва ҳолати бозорҳоямон, бахусус маводи мавриди ниёзи аввалия чи гуна мешавад?

Дуруст аст, ки пули русӣ, ки ҳоло муҳоҷирин мефиристанд қурб ва қобилияти харидории пешинаи худро аз даст дод, паст фаромад.Агар то ин таҳримҳо як муҳоҷир 1000 доллар маош дарёфт мекард, ҳоло он баробар ба камтар аз 500 доллар аст. Ду маротиба қурби худро пули русӣ аз даст дод ва ҳамин тавр маоши муҳоҷирон низ баробар ба он коҳиш пайдо кард.Ин аз як ҷиҳат. Ҷиҳати дуюм ин аст ки дар гардиши озоди бозор дар Русия доллари нақд хеле кам шудааст.Аз ин ҷост ки муҳоҷирон қариб 80% музди худро бо пули русӣ интиқол медиҳанд.Дар мо қурби рубл ду баробар паст шудааст, ки бешубҳа ба зиндагонии мардум таъсири манфӣ мерасонад. Вақте нархи маҳсулот боло рафт, пул беқурб гарид инфилятсия-таваррум ҳам баланд мешавад. Аз тарафи дигар ояндаи раванди муҳоҷирон ба Русия бо душвориҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ мешавад. Зеро минбаъд ҳар муҳоҷир чандин намуд санад бояд аз мақомоти гуногуни Русия бигирад, ки албатта, ҳар кадоме аз онҳо масраф ва харҷоти худро дорад. Муҳоҷират ба ин кишвар ҷиҳати ба даст овардани маблағ беш аз пеш аҳамияти худро гум мекунад ва ин боис шудааст, ки қисмате аз муҳоҷирон, ки маблағи кам мегирифтанд бозпас омадан доранд.Аз як тараф аз онҷо зиёд омада истодаанд аз ҷиҳати дигар аз Тоҷикистон раванди муҳоҷират коҳиш ёфта истодаст Чи кор бояд кард? Танҳо роҳ якест, ки он ҳам гардон кардани корхонаҳо, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва ҳамин тавр боло бурдани иқтисод-истеҳсолоти дохилӣ. Мо бояд барномаҳое мураттаб кунем, ки битавонад воридот ба кишварро коҳиш диҳанд. Ҳоло ҳудуди 70 дар сади талаботи бозори дохилӣ ё маводди аввалияи мавриди ниёз аз хориҷа таъмин карда мешавад.Хуб, мо мефаҳмем, ки имкон ва тавони тавлиди техника ва технологияро надорем, бигзор қанду чойро ҳам аз берун оваранд. Аммо сахт ҷавр аст ки мо барои картошка, помидору бодиринг, себу нок ва дигар амволи мавриди ниёз асъори хориҷӣ харҷ намоем. Бубинед, ки картошкаи Покистон дар бозор аз картошкаи дохилӣ як сомонӣ арзонтар аст. Чаро? Бояд иллати инро пайдо кард ва бояд шароит фароҳам кард барои кишоварз, то ки бо дили гарм пайи кор бишавад. Аммо мутаассифона ҳоло деҳқони тоҷикро занҳо ва мардони калонсол- аз 50 сола боло ташкил медиҳанд.Дар мағоза дидам, ки себи Аргентина ба фурӯш гузошта шудааст. Инҷо албатта таъсири узвият ё пайваст шудани мо ба ВТО-СҶТ(Созмони ҷаҳонии тиҷорат) ҳам ҳаст, ки бар пояи меъёрҳои он мо наметавонем ҷилави воридоти чунин маҳсулотро бигирем. Аммо мо бояд тавре кунем, ки рақобат ба вуҷуд ояд ва авлавиятро ба кишоварз,умуман истеҳсолоти ватанӣ бидиҳем. Барои ҳамин ногузир аст ки барномаҳои воридот ивазкунандаро таҳия ва ба иҷро гузорем, ки ҳадди ақал комилан пешгирӣ карда натавонем , ҳам зиён камтар расад. Вагарна авоқиби бадтаре моро интизор аст. Чунки дар оянда саршумори аҳолӣ ҳам афзуда истодааст.Дар давраи шӯравӣ ҷамоҳири таркиби он ба гурӯҳҳо тақисм мешуд:-кишварҳои назди Балтика, Русия, Белорус ва Украина ба гурӯҳе шомил мешуданд, ки дар онҳо қувваи корӣ дефитсит буд, намерасид, аммо ҷамоҳири Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон баракс, қувваи кории изофӣ доштанд. Марказ-Маскав барои истифодаи муфиди нерӯи изофии корӣ тадбирҳои аввалиндараҷа меандешид.

Дақиқ дар ёдам ҳаст, ки соли 1980 Госплани марказ ба ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумат ба Госплани ҷумҳурӣ ва Госплан ба институти мо супориш дод, ки бояд муайян карда шавад, то кадом дараҷа мо метавонем аз ҳисоби потенсилаи иқтисодии худамон талаботи аҳолиро қаноатбахш карда метавонем? Албатта аҳолӣ яку якбора зиёд намешавад ва он солҳо тибқи ҳисобҳои солона 3 ва 3.5% зиёд мешуд.Ҳозир афзоиш то 2.3%ро ташкил медиҳад. Он вақт мо ҳисобу китоб карда будем, ки иқтидори иқтисодии Тоҷикистон метавонад то 25-30 миллион аҳолиро нигоҳ дорад, хуронад ва пӯшонад. Ҳоло аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи иқтисодии СММ чунин андешаҳо баён мешавад, ки Тоҷикистон тавони таъмини 50 миллион нафарро дорад, албатта, ба ҷуз аз он маводдҳое, ки мо истеҳсол карда наметавонем. Аммо аз нон, гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар анвои ғизоӣ тавони таъмини ин шумораи аҳолиро Тоҷикистон дорост.Он ҳисобҳое, ки он солҳо мо анҷом додем бо истифодаи технология ва дастовардҳои илмиву техникии ҳамон замон буд. Дар давоми ин 25-30 сол илм ва технология хеле пеш рафт генеинжинерия пайдо шуд, ё ба истилоҳ”инқилоби сабз” ба вуҷуд омад, ки аксари мамолики олам роҷеъ ба он кор мекунанд.”Инқилоби сабз”-яъне истифода аз тухмиҳои баландсифат, ки ҳосили ба маротиб зиёд медиҳанд, то70-80 сентнер ва ҳамин тавр чорвое, ки ҳам гӯшту ҳам шири маротибаҳо бештар аз ончи ки мо ҳоло мегирем таъмин менмояд.Баъзе аз мамлакатҳо дар истеҳсолоти худ ин технологияи навро ҷорӣ кардаанд.Мисоли амалӣ кишвари Хитой аст ки солҳои пеш солона 20-30 ҳазор аҳолии он аз гуруснагӣ мемурд, ё Ҳиндустон ва ё Бангладеш. Имрӯз ин кишварҳо ҳам худро таъмин мекунанд ва ҳам ба кишварҳои бузурги содиркунандаи маҳсулот табдил ёфтанд. Ин натиҷаи татбиқи ҳамон “инқилоби сабз” аст.Иқлим ва табиати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ин навовариҳо бидуни монеа татбиқ шавад. Бубинед агар аҳолии мо ба ҳисоби миёна ҳар сол ду дар сад афзояд танҳо дар соли 2050 ду баробар афзоиш меёбад.Давоми 35 сол ду баробар зиёд шуда зери 17 миллион мерасад. Дар ин давра бисёр тадбирҳоро амалӣ намудан мумкин аст. Як чизи дигарро мешавад зикр кард аз нуқтаи назари илм рушди ҷамъияти ҷаҳонӣ се марҳиларо фаро мегирад:- рушди иқтисодиёти аграрӣ, рушди индустриалӣ ва савум постиндустриалӣ ва ё баъдииндустриалӣ.Айни замон 60-70 дар сади кишварҳои мутараққии олам дар марҳилаи постиндустриалӣ қарор доранд.Тамоми мамолки олам ба ин роҳ меравад.Ин маънои онро дорад, ки иқтисодиёт дар асоси дониш ва технологияи нав пеш меравад. Намунаи пешқадами ин навъи рушд ҳоло дар Ҷопон ба назар мерасад.Ин дар ҳолест ки мо ба ҷои индустриалӣ ба аграрӣ баргаштаем. Барои даст ёфтан ба марҳилаи постиндустриалӣ пеш аз ҳама низоми омӯзиш ва дониш, яъне маорифро бояд иваз кард ва инкишоф дод, то ки мутахассисҳое тарбият ёбанд, ки онҳо капитал, сармояи кишвар шаванд.Ҳамчунин зарур аст, ки улуми бунёдӣ, улуми дақиқ пешрафта бошад ва низ саломати аҳолӣ таъмин гардад.Маданияти мардум ба ҳадди олӣ баланд бошад ва ниҳоят истифода ва татбиқи технологияи нав дар тамоми арсаҳои истеҳсолот ва зиндагӣ. Ҷорӣ шавад.Ҳамаи ин дар маҷмӯъ марҳалаи иқтисодиёти инноватсиониро барпо месозад.

Гуфта мешавад тақрибан 400 ҳазор аз ҷамъияти муҳоҷир дар мавсими нав имкони Русия рафтанро аз даст хоҳад дод. Бо таваҷҷӯҳ ба чунин авзоъи иқтисодӣ вазъи иҷтимоиамон чи гуна хоҳад шуд?

Инҷо ягон шубҳа набояд бошад, ки бозгашти зиёди муҳоҷирон барои кишвар мушкил пеш меоварад,проблемаҳои зиёде ба вуҷуд меоянд.Ин як воқеият аст. Агар ҷойҳои корӣ набошанд, гурӯҳе даст ба ҷиноятҳои авбошиву қаллобиву дуздӣ мезананд. Бар асоси маълумоти вазорати умури дохила чунин ҳолатҳо афзудааст. Мо барномаи афзоиши аҳолӣ ва тавонмандии Тоҷикистонро ба хотири онки дар ҷамъият чунин ҳолатҳо рӯй надиҳад,нақшаи рушд ва ҷогирсозии қувваҳои истеҳсолкунанда барои 15-солаҳои оянда ташкил намудани ҷойҳои кории зиёдеро пешбинӣ карда будем. Мо дар соли 1985 барои соли 2010 чунин нақшаро тартиб дода будем.Онҷо нишон дода будем, ки аз чӣ роҳҳо ва усулҳое метавон ҷануби Тоҷикистонро тараққӣ дод.Ба ҷуз аз ончи ки дар ин қисмат фаъолият мекард, корхонаи алюминий, корхонаҳои кимиёвӣ, неругоҳи Норак ва Роғуну Даштиҷум, ки бояд бунёд мешуданд, корхоани дуввуми тавлиди арзиз,ҳамчунин чандин корхонаҷоти текстилӣ, бофандагиву ресандагӣ ва дар заминаи кони намаки Хоҷа Мӯмин бунёди чандин корхонаҳои кимиёвӣ, ки маҳсулоти он на танҳо дар паҳни шӯравӣ, балки берун аз он низ мебоист содир карда мешуд.Барои Бадахшон низ чандин тарҳу лоиҳаҳои рушд тартиб дода будем. Ё барои водии Зарафшон.Тарҳи рушди водии Зарафшон, ки дар ин кор идораи геология ҳам кӯмак карда буд, тарҳи рушди минтақаи саноатӣ унвон дошт ва мо бар пояи сарватҳои зеризаминӣ ва ашёи хоми ин минтақа чи тавр ба минтақаи санъатӣ мубаддал кардани ин водиро пешбинӣ карда будем.Тибқи ҳисобҳои мо дар солҳои 2021-22 тавлиди тилло дар ин водӣ ба 20 тонна бояд мерасид. Ё ки аз дарёи Масчо, қарор буд аз деҳаи Эсиси боло қисмате аз оби рӯд ба самти навоҳии гурӯҳи Истаравшан интиқол дода шавад.Навоҳии минтақаи мазкур аз ҷиҳати об, нерӯи барқ ва ҷойҳои корӣ танқисӣ мекашад.Дар баромадгоҳи нақби обгузар ду ГЭС-и миёнаро ба нақша гирифта будем, ки навоҳии атрофи Уротеппа яъне Шаҳристон,Ғончӣ ва қисман Зафаробод ва худи Уротеппаро бо барқ тамоми сол таъмин мекард ва ин мушкил барои ҳамеша бартараф мегардид. 76 ҳазор гектар заминобёрӣ ва боғу токпарварӣ роҳандозӣ мешуд ва ҳамчунин корхонаҷоти коркард ва истеҳсоли меваҷот, консерва низ бояд бунёд карда мешуданд. Ин як тарҳи ниҳоят муҳим барои ҷаҳиши иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳоло мегӯянд, ки Ӯзбакистон монеа мегузошт. Солҳои 93 ё 94 бо супориши Вазорати иқтисод чанде аз кормандони Пажӯҳишгоҳро мо ба Тошканд фиристодем, то фаҳмем, ки ҳоло назарашон ба ин масоил иваз нашудааст? Зеро ин лоиҳаҳо дар давраи шӯравӣ буд ва ӯзбакҳо ягон мухолифат надоштанд. Аз ҷумла ба Роғун низ.Ин ҳайат рафт баъди бозгашт гуфтанд, ки қатъи назар аз онки ба Самарқанду Бухоро шояд об камтар мерасад, аммо онҳо розианд, ба шарте ки қисме аз он обро ба онҳо бидиҳем. Байни Уротеппа ва Зафаробод як ҳудуди хеле калони заминҳои ташналаби Ӯзбакистон ҳаст ва онҳо обро барои он заминҳо мехостанд. Дуввумин шарте, ки онҳо гузоштанд ин буд, ки барои истеъмоли аҳолии Самарқанду Бухоро тавассути лӯлаҳо аз Панҷи поён оби соф бибаранд.Ин масъалаҳо ҳалшаванда буданд, чунки бе ин ҳам ҳамон об ба онҷо меравад.Мутаассифона ҷанги дохилаи мо садди роҳи иҷрои ин нақшаҳои хеле муфид барои ҷумҳурӣ ва аҳолии он гардид. Ё як иншооти дигар:-Кони Мансури калон, ки 57 ҳазор тоннаи нуқраи соф захира дорад. Дар назди он низ мо бар замми истеҳсоли он коркардашро дар худи ҷумҳурӣ ба нақша гирифта сохтмони чандин корхонаро пешбинӣ карда будем.Онҷо низ дар нақша буд як шаҳрчаи саноатӣ бунёд шавад. Татбиқи ин нақшаҳо ҳазорон нафарро бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин мекард.Сохтани инфрасохтори ин объект низ ба нақша гирифта шуда буд.

Ҳоло имкон ва иқтидори худи ҷумҳурӣ намерасад ва ногузир рӯ ба сармоягузорони берунӣ меоварем. Агар мо сармояи хориҷиро ҷалб кунем, онҳо бо технологияи худ меоянд.Онҳо технологияи навро ба мо намедиҳанд ва агар диҳанд ҳам истифодашударо медиҳанд.Аммо сармояи хориҷӣ ба он шарт бояд ҷалб шавад, ки сармоягузор ба истиснои мутахассис ва бахши мудирият дигар ҳақ надошта бошад, ки коргар оварад. Коргар бояд аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ бошад. Аммо чи хеле Президенти кишвар ҳам борҳо қайд карданд, дар мамлакате, ки коррупсия вуҷуд дорад, сармоягузор гумон аст, ки биояд ва инҷо маблағгузорӣ кунад.Агар муқобили коррупсия мубориза набарем он ба як аждаҳо мубаддал мешавад.Дар аввали пайдоиш он як мӯр аст вале агарки бо мансабдорон шарик шуд ба тадриҷ ба аждаҳо табдил ёфта ба гардан мепечад ва буғӣ мекунад.

Соли 94 ман ба ҳайси мушовири давлатӣ дар умури иқтисод ва иҷтимоиёт фаъолият мекардам. Моҳи феврали ҳамон сол дар кохи Борбад як ҷаласаи саросарии иқтисодӣ доир кардем, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, дар бораи проблемаҳои асосии рушди ояндаи Тоҷикистон мулоҳизаҳои худро баён доштанд.Тамоми ширкатдорон суханронии Сардори давлатро доир ба рушду инкишофи иқтисодӣ бо як хурсандӣ истиқбол карданд. Баъди он ман ду лоиҳаи қарор омода кардам.Яке дар бораи коррупсия ва дуввум дар бораи хидматчиёни давлатӣ. Сардори давлат ҳардуи ин лоиҳаро дар раёсати Шӯрои олӣ баррасӣ карда таъйид намуданд ва барои муҳокима ба мақомоти дахлдор фиристонида шуданд. Аммо бо сабабҳои номаълум фақат дар соли 2004 ба ин масъалаҳо рӯ оварда шуд. Дар миёнаи солҳои 80-ум дар Тоҷикистон низ суръати рушди иқтисодиёт қариб ду маротиба суст шуд. Ҳаҷми маҳсулоти умумиҷамъиятӣ аз 7 дар сад то 3 дар сад, даромади миллӣ аз 8 дар сад то 4 дар сад поин фаромад. Барои пешгирии ин ҳолат дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва усулҳои иқтисодӣ- математикӣ Госплан аз вазорати алоқаи кишвар телетайп оварда насб кард, ки ба воситаи он ҳамарӯза аз тамоми корхонаҷот ва муассисоти саноатӣ ва сохтумонии мамлакат маълумоти оиди иҷроиши нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва бештар ба сабабҳои иҷро нашудани ин ё он нишондиҳандаҳо ишора карда мешуд. Мисол барои як корхона крани борбардор, барои дигариаш семент ё хишт, барои саввуми ашёи хом ва ғайра намерасад. Мо ба таври оҷил ин камбудиҳоро ҷамъбаст намуда дар ихтиёри Кумитаи марказӣ, Шӯрои вазирон ва Госплан мегузоштем ва худи пагоҳ он мушкилиҳо бартараф карда мешуданд.

Сарнавишти пули миллии мо чи хоҳад шуд? Пешгӯии шумо чи тавр аст?

Вазъият дар бозори асъор пеш аз ҳама аз вазъияти иқтисодиёти мамлакат, сиёсати Бонки миллӣ ва воридшавии асъори хориҷӣ вобастагӣ дорад. Ман фикр намекунам, ки Бонки миллӣ дар сиёсати худ бар зидди манфиатҳои мардуми кишвар амал менамояд. Бонки миллӣ бояд чораҳое андешад, ки устувории асъори миллиро таъмин намояд.Ман фикр мекунам, ки ин пеш аз ҳама дар дасти Бонки миллӣ аст. Бонки миллӣ интервенсия мегузаронад: ё бо боло ё баракс поин мекунад.

Яъне ин уфтухезҳои сомонӣ маснӯӣ аст?

Дар бисёрии мавридҳо сунъӣ роҳандозӣ мешавад. Қурби пули миллӣ, чуноне, ки дар боло гуфтем, вобаста аст ба вазъи иқтисодиёти мамлакат. Суръати рушди иқтисодиёти мо ҳарсола 6 дар сад, 7 дарсад пешрафт карда истодааст. Аз ин сабаб намешавад, ки қурби асъори миллӣ якбора ба замин занад.Фикр мекунам Бонки миллӣ қурбро дар як ҳадд нигоҳ хоҳад дошт. То 7 сомонӣ боло рафтани қурби доллар имконпазир аст. Баланд рафтани қурби доллар дар баробари сомонӣ аз фоида дида зарари бештар ба бор меоварад.Чунки нархи бозор баланд меравад аммо ҳаҷму андозаи моҳона бидуни тағйир мемонад.Вазъи иҷтимоии мардум вазнин мешавад ва инро мақомот хуб мефаҳманд.Гумон намекунам, ки ба ин роҳ бидиҳанд. Барои таъмин намудани устувории сомонӣ мувофиқи мақсад аст ки мубодилаи асъор дар худи бонкҳо таашкил карда шаванд ва ба ҳаннотӣ роҳ дода нашавад.

Сарватҳои зеризаминӣ ба ихтиёри хориҷиҳо дода мешавад, ки онҳо бо қувваи кории худ меоянд. Заминҳои кишту корам ба хориҷиҳо дода мешавад. Оқибат ва паёмади ин чӣ хоҳад шуд?

Сарватҳо ва боигариҳои миллӣ чуноне, ки дар Конститусия гуфта шудааст сарвати халқи Тоҷикистон мебошад ва бояд таҳти мудирияти худи давлат бошад.Бояд, ки мардуми маҳаллӣ дар ин корхонаҳо бо кор фаро гирифта шаванд.Он корхонаҳо бояд ба давлат андоз бисупоранд. Мо бояд муваффақ ба овардани сармоягузороне шавем, ки ҳамроҳ бо маблаға қувваи корӣ наоварад.Зеро мардуми мо муҳтоҷи кор аст. Мисли Русия ва Олмон, ки қувваи кориашон намерасад.

Масъалаи замин. Тоҷикистон замини обии кофӣ надорад. Мо кишвари куҳистонием. Аммо ҳам мо нисбат ба замин беинсофона муносибат карда истодаем. Мутаассифона омори навро дар даст надорам вале аз соли 1991 то ба 2012 183,6 ҳазор гектар замини шудгоршаванда(мазраъ) кам шудааст. Заминҳо ба ботлоқ ва шӯразор табдил ёфтаанд ва ҷойи таассуфи амиқ аст ки дар он заминҳо мардум манзил ва биноҳои маъмурӣ бунёд кардаанд. Ёдам ҳаст бо супориши сардори давлат дар соли 94 Шаҳринав рафтам. Дар байни замини обӣ, раиси ноҳия бинои маъмурӣ бунёд карда истода буд. Хоку регу хишти зиёд овардааст. Гуфтам, ин кор номумкин аст, ҷиноят аст.Дар ҷойи дигар созед.Замини обӣ ба мардум намерасад. Ояндаро бояд андеша кард. Мо медонем, ки қарори ҳукумат дар бораи мамнӯъ будани бунёди манзил дар заминҳои обӣ иттихоз шудааст.Оилаҳои мо оилаҳои мураккаб ҳастанд. Яъне аз се-чаҳор оила таркиб ёфтааст, ки ҳар кадоме хоҳиш дорад барои худ манзил созад. Дар адирҳо бояд бинои истиқоматӣ сохт мисли Туркия, Шветсария ва дигарҳо. Боз ҳайратовар ин аст ки заминро ба хориҷиҳо ба иҷора медиҳем. Нисбат ба замин ин тавр муомила ва муносибат нодуруст аст. Наход мардуми Тоҷикистон ҳамон қадар танбал бошанд, ки дар замин кор накунанд.Дар замони шӯравӣ таҷрибаи деҳқонони мо оиди кишти чоркунҷаи (квадратно-гнездовой) пахта дар саросари дигар ҷумҳуриҳои пахтакор паҳн карда шуда буд.

Дар охир мехостам нисбати нархҳое, ки дар бозори дохилаи истеъмолӣ амал мекунанд, мулоҳизаҳои худро изҳор медоштед?

Яке аз олимони шӯравии пешин гуфта буд, ки дар иқтисодиёт проблемаҳо вуҷуд надоранд, ҳаст проблемаи ташаккули нарх ва нархгузории дуруст. Бо ҳамин ӯ мехост бифаҳмонад, ки нарх ва нархгузорӣ яке аз масъалаҳои муҳимми таъмини равнақи иқтисодиёт ва баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва таъмин намудани сифати зисту зиндагонии мардум мебошад.

Дар бозори дохилии Тоҷикистон нархҳо озодона амал менамоянд.Ва сабаб ин аст ки иқтисодиёти Тоҷикистон бо тавсияи баъзе аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ, мисли Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул модули рушди монетариро пазируфтааст.Мувофиқи ин ақида давлат набояд ба иқтисодиёт дахолат кунад.банда як чанд маротиба. Муносибати манфии худро нисбати сиёсати либералӣ-монетарӣ СБП ва БҶ дар шароити Тоҷикистон баён карда буд.Боиси хушнудист, ки раиси Маҷлиси намояндагонШ.Зуҳуров дар яке аз суханрониҳои худ қайд карданд, ки зарар аз фаъолияти ин созмонҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёдтар аст нисбат ба фоида. Ин ҳақ аст, чунки таҳлили фаъолияти ин созмонҳо нишон медиҳад, ки ягон мамлкати дунё, ки дар асоси барномаҳои онҳо ислоҳоти иқтисодӣ гузаронидаанд натиҷаҳои хуб ба даст наовардаанд. Аз ин лиҳоз ман фикр мекунам, ки аз рӯи адолат Ҳукумати Тоҷикистон ҳақ дорад аз ин созмонҳо талаб намояд, ки қарзҳои додаашонро аз ҳисоб хориҷ намоянд. Дар шароити Тоҷикистон бошад, нархҳо бояд аз тарафи давлат танзимкунанда бошанд.Зеро аксарияти мардуми Тоҷикистон камбизоат ҳастанд.Ва дигар инки дар Қонуни асосии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ барпо менамояд. Умуман иқтисодиёти мо ҳатман бояд танзимшаванда бошад.бубинед, ки дар бозорҳо ва мағозаҳо нархи баъзе намуди маҳсулотҳое, ки ба фурӯш гузошта мешаванд, аз нархҳое, ки дар Олмон, Амрико, русия ҳастанд, гаронтаранд. Баъзеҳо ақида доранд, ки нархи молҳои ба бозори доихилии мо воридшаванда берун аз Тоҷикистон муайян карда мешаванд ва бо ин сабаб онҳо танзимнашвандаанд. Ин дуруст аст. Вале сухан дар бораи нархҳои ҳаннотӣ меравад. Мутобиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ сатҳи даромаднокии савдо то 25-30 дар сад кифоя аст, ки соҳибкор самаранокона фаъолият намояд. Аммо дар мо дар натиҷаи беназоратӣдаромаднокӣ маротибаҳо зиёд аст.Барои мисол дорувориро мо аз хориҷа ворид менамоем.Онро асосан мардуми камбизоат, нафақахӯронва пиронсолон истеъмол менамоянд.Оё ин аз рӯи инсоф аст ки мисол як намуди доруро 15 сомонӣ харида дар аптекаҳо онро 60-70 ва аз ин ҳам зиёдтар фурӯшанд?!Дар бозори дохилаи мо нархҳои маҳсулоти ватании кишоварзӣ низ судхӯрона ва қаллобона муқаррар карда мешаванд. Барои чи онҳоро давлат танзим ва назорат накунад?Чунин сиёсат дар ҳамаи давлатҳои дунё амал мекунад.Масалан дар Фаронса ва Япония зиёда аз 20 дар сади маҳсулоти истеъмолӣ дар Швесия 30-35, Швейтсария 50 дар сади онҳо танзим карда мешаванд.Дар Америк, ки мамлакати монетарии ашаддӣ ба ҳисоб меравад 10 дар сади нархҳо танзим карда мешаванд.Дар аксарияти мамлакатҳои ҷҳон сохторҳои назораткунанда фаъолият мекунанд, ки роҳ намедиҳанд, ки нархҳо беназорат баланд шаванд.Дар Олмон истеҳсолкунандаи ватанӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешавад. Нархҳо ба сатҳи хароҷот мутобиқ карда мешавад. Ман аввалин маротиба ба Олмон сафар карда будам ва мушоҳида кардам, ки нархи 1 литр шири равғанокиаш 1,5 дарсада 59 сент, 30 дарсада 62 сент мебошад. Соли гузашта, баъди чандин сол, боз ба онҷо мусофират доштам, дидам, ки нархҳо иваз нашудаанд. Олмон низ мамлакати иҷтимоӣ мебошад. Умуман ба хулосае омадам, ки яке аз сабабҳои ақибмонии мо ин интихоби модели нодурусти иқтисодӣ мебоаш ва мо зудтар модели танзимшавандаро бояд интихоб ва дар амалия татбиқ намоем.

More From Author

You May Also Like