Categories Ахбори рӯз

Шабакаи якум аз боздошти хабарнигораш худдорӣ кард

Рӯзи панҷшанбе, 9 – уми апрели соли равон, Хайрулло Мадисоев корманд ва хабарнигори идораи барномаҳои сиёсии Шабакаи якум аз тарафи кормандони Агнетӣ бо гумони гирифтани пора боздошт гардид.

Тибқи хабаргузории “Тоҷниюз”, то кунун масъулини идора ва шабакаи мазкур дар робита ба қазияи Х. Мадисоев шарҳу тавзеҳе надодаанд. Ғайр аз ин, масъулини Шабакаи якум ва масъулини идораи барномаҳои сиёсии ин шабака дар баробари худдроӣ кардан аз боздошти Мадисоев, мегӯянд, ки аз худи боздоштшуда пурсон шавед.

Ин дар ҳолест, ки тибқи навиштаи хабаргузорӣ, имрӯз 10 – уми апрел директори Шабакаи якум дар ҷаласае мазуи боздошти Х. Мадисоевро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор додааст. Айни замон Агнетӣ низ дар робита ба шарҳи мазуи Х. Мадисоев худдорӣ намуда, иброз доштаанд, ки барои халал нарасонидан дар рафти тафтишот ҷузъиёти қазияро ошкор нахоҳанд кард.

Сабаби боздошти хабарнигори Шабакаи якумро хабаргузориҳо аз хабаре тасидиқношуда чунин шарҳ додаанд, ки гӯё Х. Мадисоев барои ба эфир роҳ надодани сабте 3 ҳазор доллар талаб карда, ки дар натиҷа аз тарафи Агентӣ боздошт шуда бошад. Аммо кормандони шабакаи мазкур, ин сабабро рад карда таъкид медоранд, ки Х. Мадисоев ҳангоми фаъолияташ чунин салоҳиятро надошт, ки ба эфир рафтан ва ё нарафтани навору гузорише тасмими бигирад.

Хабаргузории “Озодагон” бошад, дар бораи боздошти Х. Мадисоев хабарнигори идораи барномаҳои Шабакаи якум аз манобеи худ овардааст, ки боздошти Мадисоев “ба даст доштанаш дар харидуфурӯши замин марбут аст”.

More From Author

You May Also Like