Саидалӣ Тағоев,
котиби масъули бахши ҲНИТ дар ноҳияи Данғара, имрӯз 15 апрел ба маркази матбуотии
ҲНИТ аз он хабар дод, ки таи ду рӯз аст, ки аъзои ҲНИТ-ро дар ҷамоатҳои Исмат
Шариф ва ҷамоати Сангтуда масъулини ҷамоат ва кормандони КДАМ-и ноҳия даъват
карда аз онҳо иҷборан даъват ба амал оварданд то ки бо хоҳиши худ аз ҳизб хориҷ
шаванд. Онҳое ки соҳиби дуконанд дуконҳояшон баста заминҳояшон гирифта ва ба
фарзандонашон фишор оварда истодаанд, то ки аз ҳизб хориҷ шаванд. Ҳамин ҳолат
дар айни замон сурат гирифта истодааст.

Гузашта аз ин касоне ки дар сохтумони НОБ-Роғун
кор мекунанд, онҳоро низ мавриди фишор қарор дода барояшон гуфтанд, ки дар
сурати аз ҳизб хориҷ нашуданашон аз ҷои кор дар неругоҳи Роғун маҳрум мешаванд.
Инчунин иддае аз
аъзои ҳизбро водор ба ин карданд, то ки бигуянд, ки моро маҷбур аъзои ҳизб
карданд.
Саидалӣ Тағоев,
афзуд, ки илова бар ин масъулин мегуянд: фармон аз болост шумо бояд аз аъзогии
ҳизб даст кашед. Вақте аъзои ҳизб мехоҳанд вазъи ба амаломадаро айнан рӯи коғаз
оваранд, онҳоро чунин имкон намедаҳанд ва мегуянд шумо дар аризаҳоятон бояд бо
хоҳиши худ аз аъзогии ҳизб даст кашед.