Categories Ахбори рӯз

Аз ин ба баъд риши мардумро метарошанд?

Нисбати
2 корманди милиса, ки яке аз вилояти Суғд ва дигаре аз ноҳияи тобеи марказ
мебошанд ҷазо таъин шудааст. Дар ин бора Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии кишвар дар ҳамоиши “Ҳамкории милиса ва ҷомеа”,
ки субҳи имрӯз, дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид,
иброз дошт.

Ба гуфтаи
Умарзода то ҳол ба Вазорати умури дохилӣ се шикоят ворид шудааст, ки ду нафари
онҳо муҷозот шудаанд. Далели муҷозот
шудани ин нафарон маҷбуран ба роҳ мондани маъракаи риштарошӣ мебошад, ки
ғайриқонунӣ мардумро дошта, ришҳояшонро метарошанд.

Ҳамчунин дар
ҳамоиши мазкур Умарзода илова кард, ки расман ба ВКД ҳеҷ дастуре барои
риштарошӣ надодааст ва ҳолатҳои маҷбуран тарошидани риши сокинон ин кори
худсаронаи кормандони милиса мебошад.

Ба гуфтаи
номбурда кормандони милиса дар навбати аввал огоҳӣ гирифта, дар ҳоли такрор
ёфтани ин амал онҳо ҷазои сахтар хоҳанд гирифт. Муҷозоти кормандони милиса дар асоси шикояти сокинон
сурат гирифтааст, ки дигар ҷабрдидаҳо метавонанд ба онҳо шикоят баранд.

Умарзода илова
намуд, ки супориши онҳо дар он аст, ки рафтору ахлоқи мардум назорат шаваду
миёни онҳо фаҳмондадиҳӣ баранд, на ин ки болои мардум зӯрӣ карда, корҳои иҷборӣ
бошад. Ин гуфтаҳои муовини вазир дар ҳолест, ки чандин нафаронро тариқи иҷборӣ
ришҳояшонро тарошиданд. Ҳатто дар наворе дидем, ки ду корманди милиса як марди
ришдорро, ки зоҳиран тоҷир менамуд ӯро ба як дағалӣ бо худ мебурданд. Яъне дар
навор дида мешуд корманди милиса марди ришдорро таҳдид карда, мегӯяд, ки
ришҳояшро “қоқ” метарошанд, “ришта гир дигар набинам”-гуфта, аз гарданаш
гирифта мебаранд

Ҳамчунин чандин
нафаронро метавонем ба мисоли Рустам Гулов, ҳомии ҳуқуқ, корманди
ГИТ “Аксент”, Сино Ҳасанзода, масъули
бахши ҳизб дар шаҳри Панҷакент ва Лутфулло Бобобеков,сокини шаҳри Панҷакент низ аз иҷборан тарошидани ришҳояшон аз ҷониби
кормандони милиса шикоят карда буданд.

Бояд гуфт, ки ҳамоиши “Ҳамкории милиса ва ҷомеа” дар толори Китобхонаи миллии кишвар бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Бюрои САҲА дар Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати ИМА баргузор гардид.

More From Author

You May Also Like