Аз оғози “маъракаи антинаҳзатии” ҳукуматҳои маҳаллӣ чанд муддат гузашта бошад ҳам, то ҳол плани тарроҳони ин барнома комилан иҷро нашудааст. Талабот дар ин замина то андозае ҳаст, ки масъулон маҷбур шудаанд ба тақаллубу дурӯғ руй биёранд. Ин гуфтаҳоро масъули бахши ҲНИТ дар ноҳияи Панҷакент Сино Ҳасанзода пас аз он баён дошт, ки Шоҳида Худойбердиева мудири шӯъбаи робитаи иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеаи ноҳия ба дасташ аризаи 134 нафарро додааст, ки 90% аъзои ҳизб нестанд.
Сино Ҳасанзода мегӯяд, ки ин масъулин борҳо талош кардаанд, то аъзоёни ҳизбро хориҷ кунанду ба боло гузориш диҳанд. Аммо ман руйхати аъзоёни ҳизбро ба онҳо надодам. Бинобарин онҳо ба хотири гузориш додан ба боло афродеро даъват кардаанду аз онҳо ариза гирифтаанд, ки на аъзои ҳизбанду на робитае бо ҳизб доранд. Ҳатто аризаҳои онҳо низ аҷибу ғариб аст.
Ин “аризадиҳандаҳо” на ба раиси шӯъбаи ҲНИТ дар ноҳия, балкӣ ба раиси ҳизб ариза навишта изҳор доштаанд, ки ба шумо мерасонем, ки аъзои ҳизб набудем. Шояд таърих ёд надошта бошад, ки барои аъзои ҳизб набудан ба раиси як ҳизб ариза навишта шуда бошад.
Кор ба ҷое расидааст, ки масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ барои раиси бахши ҲНИТ ариза ҷамъоварӣ мекунанд. Шояд дар ҳукуматҳои маҳаллӣ бахши махсуси кор бо аъзоёни ҲНИТ боз шуда бошад, вагарна як масъул инқадар аризаҳои дурӯғ ва сохтаро ба чӣ хотир ҷамъоварӣ мекунад?