Осоишгоҳи ҳалол барои мусулмонон дар Қирғизистон

Осоишгоҳи ҳалол барои мусулмонон дар ҚирғизистонДар бузургтарин
кули Қирғизистон-Иссик-Кул, истроҳтгоҳи ҳалолба зудӣ мавриди истифодаи мизоҷон қарор хоҳад
гирифт.

Директори генералии
истироҳатгоҳи мазкур Дониёр Исҳоқов дар робита ба истифода додани чунин макони
махсус барои афроде, ки риоя аз арзишҳои исломӣ мекунанд, чунин изҳори андеша
намуд: “Дар кишвари мо туризми ҳалол (яъне бо риояи
меъёрҳои исломӣ) то кунун арзи вуҷуд надорад, бинобар ин чунин иқдом яке аз
самтҳои нави корӣ дар кишвари мо мебошад.

Дар ин осоишгоҳ
тамоми меъёрҳои хӯрока ва нӯшиданиҳо барои мусулмонон риоя мешавад. Гузашта аз
ин дар ҳар як ҳуҷра ҷойнамоз ва Қуръони карим барои анҷоми ибодат ҷой дода
мешавад. Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ низ
дар меҳмонхонаи ин осоишгоҳ мамнуъ элон мешавад.

Дониёр Исҳоқов инчунин хабар аз он дод, ки касонеро, ки мақсади истироҳат
доранд соҳилҳои ҷудогона барои мардон ва занон дар ин осоишгоҳ мунтазир аст.

Маркази истироҳатгоҳи
ҳалол дар деҳаи Кормуди ноҳияи Иссик-Кул ҷойгир хоҳад шуд. Манбаъ: Ислам.ру

More From Author

You May Also Like