донишмандон исбот кардаанд, ки ба ҳисоби миёна 45 дар сади афрод ҳангоми хоб гоҳҳо хуррок мекашанд. Аммо 25 дар сад
афрод ин корро ҳар шаб анҷом медиҳанд ва бештари онҳо аз хатароти сарзананда аз
хуррокашӣ бе иттилоъ ҳастанд.
Хуррок кашидан метавонад нишонаи бемориҳои
бисёр бошад, аз бемориҳои қалбӣ то гирифтагии мӯи рагҳо.
Нодида гирифтани
ин одат, рӯзона метавонад ба бадтар шудани
мушкилоти вобаста аз он бианҷомад. Хуррок кашидан дар ҳангоми хоб, гоҳҳо
метавонад боиси баста шудани роҳи нафаскашӣ барои беш аз 10 сония бошад.
Нафас накашидан
дар ҳангоми хоб мизони оксигени баданро поин меоварад ва ин метавонад мунҷар ба
номуратаб шудани заработи қалб, тунд шудани он ва дар ниҳоят афзоиши фишори хун
шавад. Касоне, ки хоби онҳо бо
хурроккашӣ ҳамроҳ аст, маъмулан дар рӯзи баъд қодир нестанд вазоифи одии рӯзмарраи худро ба хубӣ
анҷом диҳанд.
Таҳқиқоти аввалияи
илмӣ робитаи хуррок кашидан ва пайдоиши бемории қанд дар афродро собит
кардааст. Ба ҳамин далил табибон ба касоне ки дар ҳангоми хоб хуррок мекашанд тавсия
мекунанд ҳатман барои дармони ин норасоӣ ба пизишк муроҷиат кунанд.
Хуррок кашиданро
метавон бо тағйири вазъияти хобидан ва ё истифода аз васоили бознигаҳдорандаи
роҳи нафаскашӣ дармон кард. Аммо дар ҳолатҳои пешрафта мумкин аст ба амали
ҷарроҳӣ ниёз бошад.