Сифатҳои муҳаббатзо

Дар зиндагӣ сифатҳое вуҷуд доранд, ки ба василаи он дилҳо меҳрубон, айбҳо пӯшида мегарданд ва лағзишҳо аз байн мераванд. Ин сифатҳо таъсири назаррасе бар дилҳо дорад. Пас эй азизон, шитоб кунед ва бо истифода аз ин сифатҳо дилҳоро ба даст оваред ва барои расидан ба ин мақсад аз Аллоҳ кӯмак гиред.

1. Сифати аввал: Табассум. Гуфтаанд: Табассум монанди намак дар таом боарзиш аст ва беҳтарин роҳе барои ба даст овардани дилҳо маҳсуб мешавад. Илова бар табассум ибодат ва садақа низ ба шумор меравад. Табассум ба рӯйи бародарат садақа аст. Имом Тирмизӣ(р) аз Абдуллоҳ ибни Ҳориса(р) ривоят кардааст, ки мегӯяд: «Ҳеҷ касеро ба андозаи Расуллуллоҳ (с) табассумкунанда надидаам». Бинобарин мегӯянд: “табассум визаи ворид шудан ба кишвари дилҳост.”

2. Сифати дуввум: Дар салом гуфтан пешдастӣ кардан. Салом ҳамчун тирест, ки ба дилҳо мерасад ва онро шикор мекунад, аммо бо табассум, истиқболи гарм ва фишурдани даст бошад,боз беҳтараст. Ибни Умар(р) вақте ба кӯча мебаромад, бо ҳар хурду калон салом мекард. Ҳасани Басрӣ (р) мегӯяд: « Даст додан муҳаббатро зиёд мекунад». Паёмбар (с) мефармояд, ки ҳеҷ амали хубро беарзиш надонед, ҳатто агар он амал бархӯрд бо бародарат бо рӯйи кушода бошад. Расулуллоҳ (с) фармудааст: «Даст бидиҳед, то кина аз байн биравад ва ҳадия бидиҳед, то азиз шавед ва душманиро аз байн бибаред ва ҳамаи инҳо бо чеҳраи кушода вобаста аст».

3. Сифати саввум: Ҳадя. Таъсири хубе дорад ва гӯшу чашму қалбро дигаргун мекунад. Ҳадя додан муносибат ҷашнҳо ва рӯзҳои фаромӯшнашаванда, кори писандидае аст. Ба шарте ки ба андозаи тавон ва қудрати шахс бошад. Иброҳими Зуҳарӣ мегӯяд: «Ҳадяҳои падарамро берун овардам. Ба ман амр кард: Номҳои дӯстон ва хешовандонашро бинависам. Ман навиштам. Сипас гуфт: Оё касе мондааст, ки номашро фаромӯш карда бошем? Гуфтам: Не. Гуфт: Чаро бо марде вохӯрдам, ки бо гармӣ ба ман салом кард ва чунин ва чунон буд. Даҳ динорро барои ӯ бинавис». Таъсири саломи хубро бубин, ки бо додани ҳадия онро ҷуброн кардан ва подош додан хост.

4. Сифати чаҳорум: Хомӯшӣ ва ҳарфи хуб гуфтан. Аз баланд сӯҳбат кардан ва бисёр ҳарф задан бипарҳезед. Ба некӣ cухан бигӯед, чунки дар ҳадис омадааст: «Сухани некӯ садақа аст ва таъсири хубе дар ба даст овардани дилҳо дорад». Ин амал илова бар бародарони динии ту бар душманонат низ таъсири хубе дорад. Паёмбар (с) фармудаанд: «Хушрафтор ва камсухан бош. Зеро савганд ба Худо, ки ҳеҷ ахлоқе зеботар аз ин ду нест».

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

5. Сифати панҷум: Хуб гӯш кардани сухан. Ҳарфи касеро қатъ накунед. Ҳар кас ба ин кор амал кунад, мардум ӯро дӯст намедорад. Аз Ато бишнав, ки гуфт: «Марде дар бораи чизе сӯҳбат мекард. Ман низ сукут кардам, гӯё онро ҳаргиз нашунидаам, дар ҳоле, ки пеш аз он ки ӯ ба дунё биояд, онро шунида будам». Аз нигоҳи равоншиносон ҳам ҳунари гӯш додан барои таъсир бар дигарон ва эҷоди муҳаббат бисёр муҳим аст.

6. Сифати шашум: Риоят кардани зебоӣ дар сару либос. Зебоии бадан ва либос ва бӯйи хуш яке аз роҳҳои ба даст овардани дилҳост. Паёмбар (с) фармудааст: «Парвардигор зебост ва зебоиро дӯст медорад». Ҳазрати Умар (р) мефармояд: «Маро аз шахси хушбӯ ва хушлибос хуш меояд».

7. Сифати ҳафтум: Некӣ кардан ва кам кардани ниёзмандӣ. Ин иқдом таъсири хеле хубе дорад. Ҳатто бо ин амал банда муҳаббати Аллоҳро низ ба даст меорад, чунонки Паёмбар (с) фармудааст: «Маҳбубтарин мардум дар назди Аллоҳ бонафътарини онҳо барои мардум аст. Аллоҳ мефармояд: «Некӣ кунед, ки Аллоҳ накӯкоронро дӯст медорад. Ҳар вақт бо марде ҳамроҳӣ кардӣ, монанди ҷавони хидматгор дар хидмати ҳар рафиқ ва монанди маззаи оби гуворо ва сард (хунук) барои ҷигари ташнаи ҳар дӯст бош»».

8. Сифати ҳаштум: Бахшиши мол. Ҳар дил калид дорад ва мол калиди бисёре аз дилҳо, бахусус дар ин замон аст. Чаро ин қадар бахилӣ ва ҳирс? Чаро бархе аз мардум аз худ муқовимати аҷибе нишон медиҳанд. Ҳатто фақрро бо чашмонашон мебинанд, аммо аз бахшиш ва инфоқ сар мекашанд?

9. Сифати нуҳӯм: Гумони нек ба дигарон ва узрхоҳӣ кардан. Барои касби дилҳо ҳеҷ роҳе осонтар ва беҳтар аз гумони нек ва узрхоҳӣ вуҷуд надорад. Нисбат ба атрофиёни худ гумони нек дошта бош ва аз бадгумонӣ парҳез кун! Талош кун аз бародари диниат узрхоҳӣ кунӣ, ки Ибни Муборак(р) мегӯяд: «Мӯъмин аз бародарони худ дар пайи узрхоҳӣ ва мунофиқ хоҳони лағжиши онҳост».

10. Сифати даҳум: Ибрози муҳаббат ва дӯстӣ нисбат ба дигарон. Агар касеро дӯст доштӣ, барои ту муҳим аст, ки инро ба ӯ эълом кунӣ, ки ин иқдом барои ба даст овардани муҳаббати дили ӯ бисёр таъсир дорад. Паёмбар (с) фармудаанд: «Агар касе аз шумо касеро дӯст дорад, ба хотири Аллоҳ ба хонааш равад ва ба ӯ бигӯяд, ки дӯсташ медорад». Ба шарте ки ин муҳаббат фақат ба хотири ризогии Аллоҳ бошад, на ба хотири мақсадҳои дунявӣ ҳамчун мансаб, мол, шӯҳрат, ҷамол ва зебоӣ. Ҳар дӯстӣ ва муҳаббате, ки ба хотири ғайри Аллоҳ бошад, он беҳуда ва дар рӯзи қиёмат сабаби душманӣ аст.

11. Сифати ёздаҳум: Мадоро. Оё аз ҳунари мадоро чизе медонед? Оё фарқи байни мадоро ва риёро медонед? Имом Бухорӣ(р) дар «Саҳеҳ»-и худ аз ҳазрати Оиша (р) ривоят кардааст: «Марде аз Расули акрам (с) барои ба хона дохил шудан иҷоза хост. Ҳангоме ки ӯро дид, фармуд: Дар миёни хонаводаи худ бад марде аст ва пас аз ин он мард дохил шуд, Расули акрам (с) бо рӯйи кушода бо ӯ вохӯрд кард. Ҳангоме он мард аз хонаи паёмбар(с) рафт, ҳазрати Оиша (р) ба паёмбар(с) хитоб карду гуфт: Эй Расули Аллоҳ, он гоҳ ки он мардро дидӣ, чунин ва чунон гуфтӣ, сипас бо кушодарӯӣ бо ӯ бархӯрд кардӣ? Расули акрам (с) фармуд: Эй Оиша, кай аз ман рафтори носанҷидае дидаӣ? Бадтарин мардум дар рӯзи қиёмат аз рӯйи манзалат дар назди Аллоҳ касест, ки мардум аз тарси бадиаш аз ӯ дурӣ меҷуянд».

Ибни Ҳаҷар дар китоби «Фатҳу-л-борӣ» гуфтааст, ки ин ҳадис яке аз усули мадоро аст. Бинобар ин, мадоро ба он маъно аст, ки бо нармӣ ва кушодарӯӣ бо шахсони бад ва бадзабон бархӯрд кунед. Бо ин кор аввалан аз бадии забони онҳо дар амон мемонед ва низ бо модоро мумкин аст сабаби ҳидояти онҳо шавад. Мадоро танҳо дар корҳои дунявӣ ба кор гирифта мешавад. Дар ғайри ин сурат мадоро ба риёкорӣ табдил мешавад. Аз Паёмбар(с) ривоят аст: «Мадоро бо мардум садақа аст». Аллоҳ таъоло тавфиқи амал кардан ба ҳамаи сифоти исломиро ба ҳамаи мусалмонон насиб бифармояд. Омин!

More From Author

You May Also Like