Categories Ахбори рӯз

Агар шайтон медонист….

Худованди меҳрубон
дар Каломи покаш барои мо банадгонаш дар сураи “Аннос” хабар медиҳад, ки ба сӯи
зоти Ман паноҳ баред аз шайтоне, ки васваса меандозад дар дилҳои мардум. Ин шайтон
хоҳ аз ҷинси ҷин бошад, ё аз ҷинси одам. (Рост гуфт, Худованди бузург).

Оре, асре, ки мо
инсоҳои хоки дар зери ин гунбади сипеҳр ба сар мебарем ба қавли Алома Иқбол:

Ҷавононро бадомӯзаст
ин аср,

Шаби иблисро рӯз
аст ин аср.

Ба домонаш мисоли шӯъла печем,

Ки бенурасту
бесузаст ин аср.

Ба қавли баъзе
зарифтабъон, агар шайтон дар азал инро дарк мекард, ки замоне фаро мерасаду
мардуме бо чунин андешаву тафаккуру дуруягӣ, миёни ҳам чӣ фитнаҳое эҷод хоҳанд кард, шояд
аз Худованд он чиро дар мавриди гумроҳ сохтани инсон хост талаб намекард. Зеро
ҳадафҳои ӯ имрӯз гуйё комилан аз ҷониби иддае аз пайравонаш, ки худро ба ном
фарзанди одам мешуморанд, пиёда мешаванд.

Дурӯғу шайтанату
фиребу зулм, имрӯз танҳо ба хотири ризои нафс, барои аксари инсонҳо “касби пурифтихор”  шудааст. Ҳатто зумрае аз ин тоифа миёни ҳаммаслакони худ аз кардаи худ бо
камоли қаноат меболанду парда аз кардаҳои хеш берун меафкананд.

Оре, ҳар киро
имрӯз нафси саркаш амири ӯ шуда, мутмаин бошад, ки шайтон мағзи ӯро тасарруф
карда чун фармони худраваш идора мекунад.

Ҳар фарде, ки
забони худро аз суханҳои қабеҳу дашноми зишт боз дошта наметавонад, зери
сайтара ва султаи  шайтон қарор дорад.

Ҳар касе
дигаронро бо чашми зиллат ва ҳақорат менигарад, бар ин бовар бошад, ки ғуломи
шайтон аст.

Ҳар инсоне, ки бо
истифода аз қудрат ва тавонмандии хеш каждумвор неш бар пайкари дигарон мезанад,
навкари шайтон аст.

Ҳар қудратманде,
ки аз оҳи мазлумон боке надорад, бидонад, ки шайтон дар рагҳои хунгардаш ҷой кардааст.

Ҳар “тавонманде”,
ки осудагӣ ва оромиши дигаронро зери хатар қарор медиҳад, ба ин бовар бошад, ки
шайтон аъзои хонаводаи ӯст.

Ҳар фарде аз
афроди ҷомеъа бари боқи мондани худ, субот ва оромиши ҷомеъаро барҳаму дарҳам мезанад, ёвари шайтон аст.

Садҳо мисол аз ин қабил метавон овард, вале бо назардошти ин саҳифа танҳо ишораи дигар ҳамин аст,
ки зумраи мазкур агар тавфиқи ҳидоят
насибашон гардид, муборакашон бод, дар ғайри сурат ҳамҷивори шайтон даст ба
даст хоҳанд фардо бархост.

Илоҳо аз даргоҳи
бениёзат оҷизона барои золимону ғаддорону ситамгарони ҷаҳон тавфиқи ҳидоят таманно
дорам.

More From Author

You May Also Like