Categories Ахбори рӯз

Фархор: масъулин мардумро безобита мекунанд

Зайниддин Юсупов,
муовини раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархор имрӯз 19.05.2015 дар суҳбати хеш аз
вазъи ба амаломада дар минтақаи мазкур чунин иттилоъ дод: ҳамарӯза ҳудуди бист
аризаи хориҷшавӣ аз ҳизбро раиси ҷамоати деҳаи Фархор, аз ҷамоати деҳаи Гулшан масъули
танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, инчунин аз ҷамоати деҳаи Зафар низ масъули
танзими анъана ва ҷашну маросимҳо назди мо оварда талаб мекунанд, то ки онҳоро аз сафи ҳизб
хориҷ кунем. Аҷиб ин аст, ки нафаре аз ин афрод на дар гузашта ва на дар ҳоли
ҳозир аъзои ҳизб набуданд ва нестанд.

Иддае аз онҳо, ки ба номашон ариза омода кардаанд, изҳор медоранд, ки давоми як ҳафта наметавонем машғули корҳои
рӯзмарраи хеш бошем. Чун раиси идораи ҷамоати шаҳрак Валӣ Раҳимов, моро барои
навиштани аризаи аз ҳизб хориҷ шудан ҳамарӯза даъват мекунад.

Дар асоси ин
мушкили сохтаи масъулин, мо ба прокуратураи ноҳия муроҷиат кардем. Пас аз ин
вазъ каме рӯ ба беҳбудӣ овард. Вале дар ҳоли ҳозир ҳамон вазъияти қаблӣ, ки дар
боло зикр гардид, дубора такрор меёбад.

Чунин амалкарди масъулини мазкур суботу ормиро
дар минтақа дарҳаму барҳам задааст. Ҳатто ба муовини раиси ноҳия низ ба тариқи
шифоҳи оиди ин қонуншиканиҳо муроҷиат кардем, вале аз он тараф низ натиҷае
ҳосил нашуд.

Зайниддин Юсупов,
дар фарҷоми ин суҳбаташ илова кард, ки аз роҳбарияти кишвар хоҳиши онро дорам,
ки аз ҳизбе, ки дар асоси созишномаи сулҳи тоҷикон, ки беҳтарин дастоварди ин
миллат асту фаъолияти хешро пас аз нооромиҳои кишвар роҳандозӣ кардааст, дар
чаҳорчубаи қонун бо он имконияти фаъолият диҳанд. Фаромуш набояд кард, ки дар
пеш ҷашни созишномаи ба имзорасонии сулҳи тоҷиконро бояд ҷашн гирем.

Ин ҳама дар ҳолест, ки дар аксар шаҳру навоҳӣ, масъулини ҳукуматӣ бо истифода аз имконоти дар ихтиёр дошта чунин фазои ғайри солимро ба вуҷуд овардаанду барои раисони шуъбаҳои ва бахшҳои ҲНИТ ҷиҳати  баррасии қазия ба кадом ниҳод муроҷиат кардан, муаммо боқӣ мондааст. 

More From Author

You May Also Like