Данғара: КДАМ дунболи хориҷ кардани аъзои ҲНИТ мегардад

Данғара: КДАМ дунболи хориҷ кардани аъзои ҲНИТ мегардадДар ин авохир аз
беэҳтиромӣ ва коҳиш ёфтани боварӣ ба қонун дар байни мардум хеле зиёд ба гуш
мерасад. Аммо аз мақомот касе ё ниҳоде омодаи ҷавоб гуфтан нест, ба хотири “хок
пошидан” ба чашми шаҳрвандон ҳақоиқро пинҳон медоранд. Басо дардовару
шигифтовар аст, вақте “ҳомиён”-и қонун ва суботу оромӣ худ даст ба ҷиноятҳое мезананд,
ки ҳатто шаҳрвандони оддӣ моҳият ва асли ин гуна қонуншиканиҳоро сарфаҳм
мераванд. Албатта, ин гуна муносибат дар ҷомеа бетаъсир нест, вақте мардум дар
симои масъулине, ки вазифаву рисолаташон танҳо пуштибонӣ аз ҳуқуқҳои онҳост,
афродеро мебинанд, ки ваҳшатафканӣ, нобоварӣ ва беэътимодиро барои худ вазифа
ихтиёр кардаанд.

Субҳи 21 май Саидалӣ
Тағоев, котиби бахши ҲНИТ дар ноҳияи
Данғара ба маркази матбуотии ҳизб иттилоъ дод, ки шуъбаи КДАМ дар ноҳияи мазкур
чаҳор нафар аъзои ҳизб Султонов Ғаюршоҳ, Султонов Ғайратшоҳ, Султонов
Ғиёсиддин, Султонов Ҷурахонро даъват намуда, дар ҳоли ҳозир ашхоси  номбурда дар идораи шуъбаи кумитаи
мазкур қарор доранд. Афроди зикргардида тавре котиби бахш дар суҳбаташ изҳор
дошт, шахсони оддӣ буда, ба корҳои деҳқонӣ машғуланд.

Ба гуфтаи Саидалӣ Тағоев, масъулини
кумитаи мазкур чанде қабл бо падарони ин аъзои ҳизб вохӯрӣ доир намуда, аз онҳо
хоҳиш карданд, то фарзандонашон аз саффи узвият дар ҲНИТ даст кашанд, вале дар
посух ҷавоби рад гирифтанд.

Ба ин савол, ки даъвати
имрӯзаи кумита дар кадом асос ва ба кадом далел сурат гирифтааст, котиби бахш мегӯяд,
ғолибан гумон меравад, мақсад аз ин даъват мутақоид кардани аъзои ҳизб барои
хориҷ шудан аз сафи ҳизб мебошад.

Пас саволе ба миён меояд,
ки чаро ниҳоди амниятии кишвар, ки усулҳои асосии фаъолияташро зери по
мегузорад. Оё дунболи аз узвият хориҷ кардани аъзои ҳизбҳои сиёсӣ гаштан, вазифаи
ин ниҳод шудааст? Оё фаромӯш кардаанд, ки усули фаъолияти ин мақом бояд дар
асоси эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, башардӯстӣ ва
баробарӣ дар назди қонун сурат бигирад? Оё намедонанд, ки ин амали онҳо хилофи
моддаи 3-и Қонуни ҶТ “Дар бораи амният” ва моддаҳои 1 ва 8-и Қонуни ҶТ “Дар
бораи мақомоти амнияти ҶТ” ҳасту бо моддаҳои 5, 8, 14, 17 ва 28 Сарқонуни ҶТ ва
меъёрҳои пешбиникардаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” низ мухолифат дорад?

Пас агар медонанд, бояд
дар назди миллату давлат масъулият дошта бошанд, на…

More From Author

You May Also Like