Categories Ахбори рӯз

Обама: “Амрико ҷангро ба “Давлати Исломӣ” набохтааст…”

Ба гуфтаи раисҷумҳури Амрико, тасарруфи Рамодӣ тавассути “Давлати Исломӣ” ба маънои шикаст дар ҷанг алайҳи гурӯҳи ҷиҳодгароён нест.

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико тасарруфи шаҳри Рамодии Ироқ тавассути Давлати Исломиро ақибгардии тактикӣ унвон карда гуфт, ки ҷанг алайҳи ин гурӯҳ шикаст нахӯрдааст.

Обама дар мусоҳиба бо нашрияи хабарии “Атлантик”, ки рӯзи панҷшанбе мунташир гардид иброз дошт: “Ман фикр намекунам, ки мо дар ин ҷанг ноком шудаем”.

Раисҷумҳури Амрико байн дошт, ки тардиде нест, ки ин ақибгардии тактикӣ буд, агар чи Рамодӣ муддатҳо пеш осебпазир будааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Обама пас аз ҷанги тӯлонӣ ва бераҳмонаи Ироқ, ки бо сарнагунии Садом Ҳусейн ҳамроҳ буд, бо бозгардонидани неруҳои ҷангандаи амрикоӣ ба Ироқ мухолифат кард.

Аммо ҷанг бар сари шаҳри Рамодӣ, суқути шаҳру афтодани он ба дасти неруҳои ДОИШ стратегияи давлати Амрико ва эътибори давлати марказии Ироқро зери суол бурдааст.

More From Author

You May Also Like