Аслан ман худ тарафдор ва алоқаманди бозии футбол нестам
, зеро на рағбат ба он дараму на завқ. Бо вуҷуди ин , иттифоқан боре оинаи
нилгунро тамошо мекардам ва бо тафаккур ва аҳаммият дар ин бозӣ нукоти
тарбиявии муҳиммеро дарк намудам , ки барои шахси мусалмон огаҳ будан нисбати
он зарур ба ҳисоб меравад. Ба ин сабаб мехоҳам он нуктаҳоро инҷо барои
бародарон ва дустони хеш мухтасаран баён намоям:
1 Ҳадаф: бозингаронро дидам , ки ҳама барои расидан ба як
ҳадаф талош ва кушиш мекунанд , ки он ҳам бошад дохил намудани туб ба дарвозаи
ҳариф аст. Агар ин ҳадаф, яъне гол задан , ки намебуд , пас ин бозӣ ҳеҷ арзише
намедошт ва бозингарон бошанд, ҳеҷ ангезае барои идомаи бозӣ намедоштанд. Ба
ҳамин асос , бояд ҳар инсон дар ҳаёташ ҳадаф дошта бошад ва барои расидан ба он ҳадафи хеш талош намояд.
Чуноне , ки Брайан Треси мегуяд: ” Зиндагии бе ҳадаф мисли ронандаги дар торикист” . Аммо таъйин
ва муайян намудани ҳадаф низ хеле муҳим мебошад. Зеро баъзе ҳадафҳо оливу пурарзишанд
ва баъзеи дигар аҳдофи нолоиқ ва шуманд. Масалан , роҳнамоии мардум ба ростиву
некӣ , нашри илми боманфиат , ислоҳ байни мардум яке аз ҳадафҳои арзишманд ба
ҳисоб рафта, аммо даъват ба сӯи илмҳои зараровар ва фисқу фасоду фитнагарӣ аз зумраи
ҳадафҳои шум ва беарзиш ҳисобида мешаванд.
Дар ҳақиқат , инсон дар ин дунё ба хотири амали кардани
ҳадафҳои олӣ ва бузург халқ шудааст. Худванд мефармояд: ” Мо ҷинҳову инсонҳоро
дар ин дунё ба хотири ибодат офаридем” .
Албатта , бандагие, ки дар он ба даст овардани ризои Худо
ва озод гаштан аз банду асорати ғайри Ӯ бошад. Инсони мусалмон тамоми ҳадафҳои
фаръии худро дар зери ҳамин ҳадафи аслӣ , яъне бандагии Худованд поягозорӣ
мекунад. Пас, ҳар фарди мусалмонро зарур аст , ки фикр карда ба ин саволҳо
ҷавоб гардонад.
Оё ҳадафро муаян кардааст?
Агар ҳадафашро муайян
карда бошад, пас барои расидан ба он талош кардааст?
Бе шакку шубҳа , яке аз сабабҳои асосӣ ва муҳимтарини
номуваффақии баъзе мардуми мо дар ҳаёт ин бе ҳадаф зиндгӣ кардан аст.
2. Таъовун: (ба якдигар кумак кардан) Дубора бо тафаккур
ба бозии эшон ба ин натиҷа расидам , ки кумаки якдигар кардан яке аз сабабҳои
асосии ин бозӣ ба ҳисоб мерафтааст.
Дар ҳақиқат , ба якдигар дасти ёрӣ дароз кардан аз
бузургтарин сабабҳои пирӯзӣ дар байни инсонҳо ба шумор меравад. Зеро ҳар кори
душвор бо сабаби ҷамъи зиётд саҳлу осон мегардад, аммо агар дар он руҳи таъовун ва ҳамкорӣ вуҷуд надоша бошад,
пас он кор ноқису нотамом хоҳад монд.
Худованд мефармояд: “Дар роҳи некӣ ва парҳезкорӣ
ҳамдигарро ёрӣ пуштибонӣ намоед, аммо дар роҳи гуноҳу маъсияту ситамгорӣ кӯмак
накунед”. (Моида, 2)
Ин ояти муборака
ошкоро инсонҳоро ба кӯмак кардани байни якдигар ва паҳн кардани ин сифат дар
байни мадум роҳнамоӣ мекунад. Зеро таовун сабаби пирӯзиву муваффақият, паҳн
шудани муҳаббат байни инсонҳо ва эътимоди нафси инсон ба кумаккунандагон
мегардад.
3. Шарик шудан барои ба ҳадаф расидан: Ҳангоми нигоҳ
кардан ба ин бозӣ пай бурдам , ки дари ин мусобиқа занандаи гол як кас нест,
балки тамоми гурӯҳ аст, ки тули он ҳама мусобиқа бо якдигар барои ба самар
расонидани гол саҳмгузор мебошанд. Баъзеҳо мумкин гумон кунанд, он кас, ки гол
мезанад як нафар аст ва он худ касе аст , ки тубро ба дарвозаи ҳариф ворид
мекунад. Аммо дар ҳақиқат , касоне, ки барои ба самар расонидани ин гол таъсир
доштанд , тамоми гуруҳ буданад , ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо якдигар ба ин ҳадаф
расиданд .
Воқеан , барои
анҷом додану барпо кардани корҳои хайру бузург ва конфронсҳо инсон эҳтиёҷ ба
гуруҳи мухлису фаъол дорад, то дасти якдигарро гирифта барои гузаронидани ин ё
он чорабинӣ дар сатҳи баланд саҳим бошанд.
Пас чизи муҳим барпо кардани хайр ва расидан ба ҳадафҳои
пок аст , на зоҳиру ошкор шудан дар байни мардум.
4. Аҳаммияти ташвиқ : гумон мекунам , ки агар дар майдон
гуруҳи ташвиқгарону ҳаводорон вуҷуд надошта бошанд , бозӣ на он қадар бозии хуб
хоҳад буд ва бисёрии тарафдорони ин ё он гуруҳ сабаби пирузӣ байни яке аз он ду
гуруҳ хоҳанд гашт. Бисёр мебинем ва шоҳиди он мешавем, ки бародарон ва хоҳарони
динии мову шумо ба пирузиҳо ва комёбиҳо дар ҳаёташон ноил мегарданд, аммо мо
бошем, онҳоро ташвиқу тарғиб намекунем, то сабаби дилгармӣ ва қувватбахшӣ ба онҳо шавад . Баъзе ҳолатҳо мешавад ,
ки барои таърифу тавсифи онҳо ҳатто як
калимаро дареғ медорем. Ҳол он , ки дилбардориву таърифу тавсифи мо сабаби рӯз
то рӯз ба қуллаҳои баланд рафта расидани бародарону дӯстони мо мешавад.
Оре, ин дуруст
аст, ки фарди мусалмон барои таърифу тавсифи дигарон кор намекунад. Аммо, аз
сӯи дигар, ин таърифу тавсиф сабаби дилгармии ҳаммаслакони мо мегардад.
5. Таасуб ва тавонбахшӣ: Аз ҷумла чизҳое, ки ба
ҳаводорони бозингарон эрод гирифта мешавад, ин таассуби онҳо нисбати ҳарифонашон
мебошад. Гоҳҳо ба назар мерасад, ки тамошогарон гурӯҳи хешро ташвиқу тарғиб
мекунанд. Ҳатто ба тарфдорони тими муқобил даргир мешаванд ва ин даргириҳо
гоҳҳо ба зарари физикӣ, истеҳзову фаҳш ва носазогӯӣ оварда мерасонад. Ба ҳамин
асос, фарди мусалмон вазифадор аст, ки набояд ба шахси муайяну назари мушаххас
ва ё ба ҳизби хоссе таассуб дошта бошад. Балки чизеро ҳақ мепиндорад, бе
таассуб бипазирад. Ҳатто дар чунин ҳолат назару раъйи шахсӣ мухолифро низ қабул
кунад. Бояд бо шунидани назари дигарон ва дар натиҷаи баҳсу кофтукоб, бе
таассуб таҳқир накардани назари дигарон ба дунболи ҳақиқат рафта, ҳар ҷо ки ҳақиқатро
ёфтем, онро бипазирем.
Мутаассифона,баъзҳо фикрҳову андешҳои ҳақро дар натиҷаи каҷфаҳмӣ
ва таассуб қабул надоранд.