Categories Интихобот

Варзоб: Бехабарии раиси ҷамоат, ҷустуҷӯи масъули амният ва тамос бо подабон

Шояд бисёриҳо ҳайратзада шуда бошанд, наход дар як кишваре,
ки даъвои демокративу ҳуқуқбунёдӣ ва озодиҳо дорад, гуши фарёдшунаве набошад,
ки ба мушкили беқонунӣ расидагӣ кунад. Наход бо ин қадар сарусадоҳо дар мавриди
поймолкунии меъёру талаботҳои конститутсионӣ ниҳоде набошад, ки аз
қонуншиканиҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо вуҷуде, ки қонуншиканҳо худ медонанд, ки
муртакиб гуноҳ шудаву Сарқонуни кишварро, ки бахтномаи миллат ҳам меномандаш ошкоро
поймол кардаанд. Бар илова ин, поймолкунандагон қонун бархе раисони ҷамоатҳо,
ҳукуматҳо, маориф ва ҳатто баъзе ниҳодҳои амниятиву умури дохила ва додситонӣ хуб
медонанд, ки агар рафту тағийроте дар муносибат ба аъзои ҲНИТ рӯ бизанад, дар
мадди аввал онҳо ҳастанд, ки барои ин қонуншиканиҳо посухгӯ мешаванд. Касе ба
ҷой онҳо ҳозир нест, ки масъулият бар дӯш дошта бошад: – сарпарастии умурро дар
ихтиёр дорӣ, пас барои ин қонуншиканӣ ҳам бояд ҷавоб бигӯӣ…

Зуҳри 26 майи соли равон гурӯҳе аз аъзои ҲНИТ, сокинони
ҷамоати Лучоб ва Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба қароргоҳи марказии ҲНИТ ташриф
оварда, шикоят аз он доштанд, ки аз тарафи Фарҳод Ҳафизов, раиси ҷамоати Лучоб мавриди фишор қарор гирифтанд. Ба гуфтаи ин афрод, бо
баҳонаи баргузории ҷаласаи “сохта” раиси ҷамоат ба онҳо даъватнома фиристода,
бо ширкати намояндаи амният бо номи Муҳаммадюнус онҳоро барои хориҷ шудан аз узвияти
ҲНИТ маҷбур мекардааст. Дар тамоси телефонӣ худи Фарҳод Ҳафизов тасдиқ кард, ки
худи ҳамин рӯз ҷаласаеро бо аъзои ҳизб дар назар доштанд: “Имрӯз онҳоро (аъзои
ҳизбро) барои пурсуҷӯ ба ҷаласа даъват кардем, вале аз кормандони ҳукумат дер
омаданду аъзои ҳизб рафтанд”- гуфт ӯ. Шояд Ф. Ҳафизов инро ҳам медонад, ки дар
ин айёме, ки мардум ба кори саҳро машғуланд ё дунболи ризқу рузии фарзандон
мегарданд, онҳоро ба ҷаласаҳои “сохта”-е, ки аслан манфиате надоранд, даъват
кардану талаботи ғайриқонунӣ пеш гузоштанд, ин ҳам қонуншиканӣ ва ҳам поймол
кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аст. Раиси ҷамоат боз ҳам медонад, ки фишор
овардан, касеро маҷбуран аз ҳизби сиёсӣ хориҷ кардан ғайриқонунӣ ва мухолиф ба
тамоми арзишҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ аст, аммо аз ифшои сарчашмаи ин дастури
ғайриқонунӣ ҷуръати лаб боз карданро надорад. Ӯ мегӯяд: – Ман чӣ кора ҳастам,
ки онҳоро маҷбур мекунам, ки аз ҳизб хориҷ шаванд. Ман ҳаққи маҷбур кардан
надорам, ки як нафарро маҷбур кунам ба ҳизб даро ё баро. Ба ҳизб дохил шудану хориҷ
шудан ин ихтиёри худи шаҳрванд аст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи яке аз аъзои ҳизб, маҳз раиси
ҷамоат бо як корманди амният бо номи Муҳамадюнус бо суханони тунду таҳдидомез ба
онҳо фишор меоранд, то аз аъзогии ҲНИТ даст бикашанд. Садои пушти рақами телефоние,
ки гуфта мешуд, мансуб ба Муҳаммадюнус, корманди амният ҳаст, дар ибтидо таъийд
кард, ки Муҳаммадюнус бародараш аст ва ӯ Хуршед мебошад. Аммо баъди қатъу дубора
барқарор шудани тамоси телефонӣ ва рӯшан шудани матлаб Хуршед буданашро ҳам рад
кард ва гуфт: “Ман итари ҳизба намедонум ва дар Балҷувон подабонӣ дорум”.

Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки чунин ҳолат танҳо хосси
ҷамоати Лучоб нест, балки ҷамоатҳои дигари ин ноҳия, Чорбоғ, Зиддиву Варзобро
низ фаро гирифтааст. Бархе масъулин дониста ва бархе надониста дар ба дари
мардум мегарданд ва талаби ғайриқонунии худ, хориҷ шудан аз ҲНИТ-ро ба сокинони
ин ноҳия дар миён мегузоранд, ки дар матолиби баъдӣ бо хости Худованд рӯй
саҳифа хоҳем овард…

Дар фарҷом бояд таъкид кард, ки ин воқеъиятҳоест, ки
ҳайрати мардумро зиёд мекунад ва ҷалби таваҷҷӯҳи масъулини болотарро тақозо
дорад. Бори ин масъулиятро бар дӯши онҳое мегузорем, ки вазифаву
рисолати пуштибонӣ аз волоият ва эҳтироми қонунро бар дӯш доранд ва итминон
комил аст, ки талаботи фармони таҳти рақами “622”-и Сарвари давлатро масъулин,
махсусан мақомоти иҷроияи маҳалли ноҳияи Варзоб пеш назар меоваранд ва пеши
роҳи қонуншиканиҳоро мегиранду ҷомеаро аз ин амали ватандӯстона огоҳ мекунанд.

More From Author

You May Also Like